Толеъномаи 14 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Бо вуҷуди он ки рӯзи ошиқон аст, аз субҳ то шом серкор мешавед. Бо ҳамкорон дар ин рӯз забон ёфтанатон душвор гашта, табъатон хира мегардад. Агар барои дӯстдоштаи худ туҳфае омода накарда бошед, бо паёмаки ошиқона хотирашро шод гардонед. Бо худ гирифта гаштани маблағи калонро тавсия намедиҳем.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои нафароне, ки дар соҳаи савдо кор мекунанд, рӯзи бобарору сердаромад аст. Баъзеҳо аз ҷойи кор мукофотпулӣ мегиранд. Барои ба хостгорӣ рафтан рӯзи бобарор аст. Ошиқоне, ки дар ин рӯз туҳфа намегиранд, бояд вазъи молиявии дӯстдоштаи худро дарк намоянд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Хеле серкор мешаведу дар муносибатҳои ошиқонаатон низ нофаҳмӣ сар мезанад. Бонуи воломақоме сабабгори рафъи мушкилиҳоятон мегардад. Кӯмаку дастгирии дӯстону наздиконро низ эҳсос мекунед. Дар ин рӯз аз нафаре туҳфа мегиред, ки аз ошиқ буданаш хабар надоштед. Саломатии худро дар мадди аввал гузоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи бобаракат аст, пулу даромади калон меёбед. Барои муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон мадор намёбед ва ин ба фоидаи кор аст. Хафагиву ранҷиш ва танқиди беасос боиси бемор шудани саратонҳои зудранҷ мегардад. Барои ба ҷойи кори нав гузаштан рӯзи мусоид аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз якрангӣ дилгир шуда дилхушӣ кардан мехоҳед. Азбаски вазъи молиявиатон хуб аст, нағзакак истироҳат кунед.  Дар робита бо наздикон ба асабоният дода нашавед, вагарна  ғазаби нафарони бароятон наздикро меоред. Хислати рӯирост гап заданатон дар ин рӯз бар зарари шумо мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Бо дасту дили гарм ба кор часпида мукофотпулии хуб мегиред. Агар муносибатҳои ошиқонаатон нав оғоз шуда бошанд, дӯст доштан ё надоштани худро муайян намуда, баъдан ба мулоқот равед. Бемориҳои куҳнаатон аз нав рӯ мезананд. Дар ҳалли мушкилиҳо ба кӯмаки дӯстону наздикон умед баста метавонед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи ошиқонро чунон бо беқарорӣ интизор будед, ки туҳфаи худро ба дӯстдоштатон дода хушҳол мегардед. Маблағи хуб ба даст меоред, кори савдогарон барор меёбад. Аз ашёҳои нӯгтезу асбобҳои барқӣ худро дур гиред. Дар ин рӯз қарз гирифтану қарз додан мумкин аст. Муносибати маҳрамона боиси ранҷиш ва дилсиёҳӣ мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯзи идона дилкаштарину зеботарин будан мехоҳед. Агар тасодуфан собиқ дӯстдоштаи худро вохӯред, инро нишонаи тақдир нашуморед. Худхоҳӣ ва нисбати атрофиён дағалӣ кардантон боиси ранҷиши нафарони зиёд мегардад. Сабаби нобарориҳоро дар худ ҷӯё шавед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои ошиқон рӯзи беҳтарин аст. Муҳаббат ба дили нафароне роҳ меёбад, ки дар фикраш набуданд. Аз туҳфаи тақдир шукрона кунеду дар ҷустуҷӯи олиҳа нагардед. Кори савдогарон дар ин рӯз барор мегирад. Барои он ки бемориҳои куҳнаатон хурӯҷ накунанд, аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бо нерӯи дучанду табъи болида тамоми корҳоятон барор ёфта, маблағи хуб ҳам ба даст меоред. Кӯмаку дастгириятон ба ҳама мерасад, сафарҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Бегоҳирӯзӣ аз дӯстдоштаи худ туҳфаи олиҷаноб мегиред. Пасту баландшавии фишори хунро бе назорат нагузоред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бо ҳаёти шахсии худ машғул шуданатон хуб аст, вале касбу кори худро фармӯш кунед. Дар ин рӯз қарзҳои худро бояд баргардонед. Оқибати хатогиву ғалатҳои пешинаи худро мебинед. Агар худро нотоб ҳис мекарда бошед, бо корҳои вазнин ҷисмонӣ машғул нагардед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар рӯзи ошиқон хоҳиши ягонаатон бо шахси бароятон азиз будану лаҳзаҳои хотирмон гузаронидан аст. Ҳангоми сафар дар роҳ бодиққат бошед, агар мошин меронда бошед, суръатро баланд накунед. Вазъи саломатиятон хубу қоблияти кориятон баланд мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *