Толеъномаи 14 март 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Кӯшиш намоед корҳои бештареро им рӯз  ба нақша гиред. Бо нафароне дидорбинӣ намоед, ки бароятон қадрдонанд, вале бо сабабҳои гуногун кайҳо боз якдигарро надидаед.Барои солимии тан оромии асаб бештар саёҳат кунед ва зиёдтар хоб равед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба фикр фурӯ нарафта, дар ҳар маврид зуд амал намоед.Ҳар қадаре бисёр фикру таҳлили зиёд намоед, ҳамон андоза коратон дулоб гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Аз фикри худ кор баред ба гапи дигарон амал нанамоед. Аз рафтан ба мулоқоти ошиқона худдорӣ намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аз маъракаҳои дилхушкунанда  дурӣ наҷуед. Ба корҳои эҷодӣ машғул шавед самари хуб медиҳад. Дар масалаҳои иҷтисодӣ сарфакориро пеша кунед. Ҳар қадаре заҳмат кашидед, ҳамон андоза фоидаашро ба даст меоред. Дар истгоҳ бо шахсе шинос мешавед, ки дар оянда дӯсти наздикатон мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи бобарор аст. Аз дӯстон кумаки худро дареғ надоред.  Дар коргоҳ ҳама чиз муқаррарӣ буда ягон навгоние дар назар нест.  Бештар ба кор дода шуда, фикри саломатиатонро намекунед. Бояд барои худ низ вақт ҷудо кунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ба корҳои беҳуда машғул нашавед. Асабҳоятон ба истироҳат ниёз дорад. Ба осоишгоҳ равед, бо дӯстон вақт гузаронед. Дар зиндагиятон нафаре пайдо мешавад, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Даромади хурди пулӣ дар назар аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз баҳсу мунозира дур бошед. Яке аз ҳамкасбон аз шумо ба роҳбарият шикоят мекунад. Мушкилоти шахсиро шитобкорона рафъ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Ба аёдати волидайн равед аз панди онҳо роҳи ҳалли мушкилотро пайдо хохед кард.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нисбат ба ҳеҷ касе дағалӣ ва бадрафторӣ накунед. Вохӯриҳои аҷиб ва гуфтушунидҳои ҷолиб дар назар аст. Дӯстдоштаатон аз шумо амали шудани ваъдаҳои додаатонро интизор аст. Ба рашки беҳуда дода шуда, ҳаёти ширинатонро талх накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Шумо бо табъи болида ва хушсуханиатон намояндагони ҷинси муҷобилро ба худ ҷалб месозед. Ҳамкорон низ аз рафторатон қаноатманданд. Дар ҷодаи муҳаббат лаҳзаҳои хотирмони ошиқона ва шиносоиҳои судманд имкон дорад. Аз хароҷотҳои беҳуда худдорӣ намоед. Бо наздикони худ меҳрубон бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар коргоҳ имрӯз дар ҳама ҷода мувафақ мешавед. Роҳбарият масалаи боло бурдани вазифаатонро дида мебарояд. Дар муносибат бо шахси наздик душворӣ сар мезанад. Аз муноқишаву ҷанҷол дурӣ ҷуста, нисбат ба ҳамсаратон меҳрубон бошед. Пиёдагардӣ барои ормии асаб машғулияти хуб ҳисобида мешавад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз серташвиш ва пурҳаяҷон мешавед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Қарзатонро имрӯз баргардонед.  Бо аҳли оилаатон бештар вақт гузаронед. Пеш аз хоб каме дар ҳавои тоза сайру гашт кунед бехобиро рафъ мекунад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи аҷиб буда, ҳодисаҳои хушу ногаҳонӣ шуморо интизор аст. Некии кардаатон имрӯз ба шумо бармегардад. Баръакс гардишҳои аҷибу ногаҳонии қисмат ояндаи шуморо беҳтар месозанд. Нисбат ба калонсолон боэҳтиромона рафтор кунед. Дари мувафақият ба рӯи шумо боз мешавад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз корҳое, ки меҳнати зиёдро талаб мекунад имрӯз дур бошед. Вохӯрии корӣ  метавонед бе ягон ҳарос равед, зеро натиҷаҳояш қонеъкунанда мешавад. Аз мулоқоти ошиқона бошад имрӯз худдорӣ намоед беҳтар аст. Аз ҷойҳои серодам дур бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *