Толеъномаи 14 май 2018

                                       Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Давоми  рӯз худро хеле бад ҳис мекунед. Бояд вақтатонро беҳуда нагузаронида аз пайи мустаҳкамсозии саломатӣ шавед. Дар коргоҳ ҳама чиз типқи нақша  пеш меравад.  Нимаи дуюми рӯз чандон бобарор нест. Ҳамалҳои оиладорро ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмиҳо бо ҳамсар  мунтазиранд. Ҳатто барои ҳаллу фасли нофаҳмиҳо бо дӯстдошта ё маъшуқаатон фурсати муносиб нест. Охири рӯз пешниҳоди сафар мегиред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ин рӯз ошиқони қаҳришуда бо ҳам оштӣ мешаванду аз муноқиша дарси ибрат мегиранд. Сарвҳои муҷаррад бошад эҳтимол дар сомонаҳои иҷтимоӣ ишқи нави худро пайдо мекунанд.  Рӯз барои баланд бардоштани савияи дониш  мувофиқ аст. Ба рафти хониши фарзандон ва ҳамчунин саломатии онҳо диққати бештар диҳед. Эҳтимоли бемории яке аз онҳо зиёд аст.  Кор муҳим аст, аммо оила дар ҷойи аввал.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Давоми рӯз волидайн ва ё яке аз аҳли оила ба кумаки шумо ниёз пайдо мекунанд. Барои наздикони хеш вақтатонро дареғ надоред. Нимаи дувуми рӯз ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавед, вале аз як манбаи ғайричашмдошт даромад ба даст меоваред. Дар харҷи он саросема нашавед фикри ояндаи кӯдаконатонро кунед.  Охири рӯз  барои муносибати маҳрамона ва мулоқотҳои ошиқона мусоид аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нимаи аввали рӯз дар ҷодаи касбӣ ва масъалаҳои молиявӣ муваффақ мегардед. Вале зиёд ба кор дода шуда, дилхушӣ карданро фаромӯш насозед. Фарзандонатонро аз ҳайвонотҳои хонагӣ дур нигоҳ доред. Нимаи дувуми рӯз дар робита бо наздикон дучори мушкилӣ мешавед. Бо баъзе аз онҳо муросо карданатон душвор мегардад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёткориро фаромӯш насозед. Аз хурокҳои серравған парҳез кунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи бобарор аст. Барои сафарҳои корӣ ва ё шахсӣ фурсати муносиб аст.  Дар маҳфили дӯстатон бо шахсе шинос мешавед, ки писанди дилатон аст, аммо муносибатҳоятон дер давом намекунанд. Аз ҳамсояи наватон дурӣ ҷӯед умуман бо шахсони ношинос робитаи наздик барқарор накунед беҳтар аст.  Охири рӯз ҳамсар ё дӯстдоштаатон ба шумо пешниҳоди ҷолибе мекунад. Вазъи саломатиатон бад нест.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар хоҳед, ки дӯсти ранҷидаатон шуморо бахшад, қабл аз ҳама рафтори худро зери танқид гирифта, ғалатҳои содиркардаатонро ислоҳ кунеду кӯшиш намоед дар оянда такрор нашаванд. Нимаи дувуми руз бо худ гирифта гаштани маблағи калон хатарнок аст. Эҳтимол ба дасти дуздон меафтед. Барои аз дарди меъда азият накашидан хӯрохҳои парҳезӣ истеъмол намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ин рӯз ҳолати асабҳоятон бениҳоят хароб буда шумо ба танҳоӣ ва оромӣ ниёз доред. Ба ягон кори ҷиддӣ ва серталабот даст назанед.  Бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Фикрҳои худро батартиб дароред ва нақшаҳои ояндатонро тарҳрезӣ намоед. Охири рӯз барои рафтан ба саунаву ҳаммом мусоид аст. Бо ҳамсари худ бештар муошират намоед, гапҳои дилашро шунавед. Дар анҷом расонидани корҳои хона ба вай кумак расонед. Нагузоред худро танҳо ҳис кунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ахлоқи ҳамида ва хушмуомилагиатон шуморо азизи дилу дидаҳо кардааст. Дар ҷойи кор ва дар байни дустону наздикон чун дурдонае медурахшед. Нимаи дувуми рӯз ба маъракаҳои дилхушӣ даъват мешавед ҳатман равед, вале аз нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.  Фаромӯш накунед, ки дар атрофатон душманон камин гирифтаанду чашмнигарони кӯчактарин иштибоҳи шумоанд. Ба овозаҳои бадхоҳон аҳамият надиҳед ва зиндагиатонро пеш баред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯз барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ  мусоид аст. Агар каме аз зиракиву чолокиатон истифода баред соҳиби ҳам нон ва ҳам ном хоҳед гашт. Эҳтимоли гирифтани мукофотпулӣ вуҷуд дорад. Аз рафтан ба ташкиливу зиёфати дӯстон беҳтараш даст кашед, зеро бо ҷанҷол ва дилхунукӣ ба анҷом мерасад. Охири рӯз дарди дандон азият медиҳадатон. Бояд мушкилотро сари вақт пешгирӣ намоед то зиёд нашавад. Шом ба мулоқоти ошиқона даъват мешавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар роҳи расидан ба мақсад дучори монеаҳо гардидаед ва қариб аст, ки аз он даст кашед, аммо ин корро накунед. Тавасути сомонаи иҷтимои бо нафаре дӯст мешавед, ки бо маслиҳат ва роҳнамоииҳои хеш мушкилоти шуморо осон менамояд. Дар робита бо намояндагони мақомот хунсард бошед вагарна ба худ дарди сар мехаред. Барои рафтан ё даъват кардан ба мулоқоти ошиқона фурсати муносиб нест.  Саломатиатон ҳарчанд хуб аст, вале боз ҳам аз пурхӯрӣ парҳез кунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нисбати ҳодисаҳои пурасрору пурмуаммо мароқ зоҳир менамоед. Агар мушкилие азобатон медода бошад, дар ин рӯзҳ бисёр чизҳое, ки қаблан дастнорас буданд, ба осонӣ роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд. Нимаи дуюм рӯз дар ҳаётатон монеаҳои нав пайдо мешаванд. Ба коре, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад, даст назанед, қонунро риоя кунед, ба ягон ғалат роҳ надиҳед. Агар ба ин маслиҳат гӯш надиҳед, нофаҳмиҳо пайдо мешаванд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз барои мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ  мусоид аст. Шахси дӯстдоштаатон рафтори худро ислоҳ карда, меҳрубонтар мегардад. Барои вохӯриву нишастҳои дӯстона созгор аст. Эҳтимол шуморо ба маъракаи тантанавие даъват мекунанд. Аз вақти сарф кардаатон пушаймон намегардед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногаҳоние рух медиҳанд, ки фавран нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд. Аз машқҳои вазнини варзишӣ худдорӣ намоед. Дар акси ҳол ҷароҳат бардоштани пой, кашишхӯрии мушакҳо, зарбу лат хӯрданатон имкон дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *