Толеъномаи 14 ноябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Нафарони дар мучали ҳамал тавлидёфта  уҳдадориҳоеро пайдо мекунанд, ки комилан барояш омода набуданд. Рӯзи мазкур дар масъалаҳои молиявӣ мушкилӣ сар мезанад, эҳтимол маошатонро сари вақт гирифта наметавонед. Дар оилаатон баъзе нофаҳмиҳо сар мезанад, вале шумо сари вақт вазъияти номусоидро рафъ мегардонед. Дӯстдоштаатон бо ҳар қароре, ки шумо мебароред, созиш мекунад. Шомгоҳон хабари хуш шунида, хеле хуш вақт мегузаронед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нафарони дар мучали савр тавлидёфта дар муносибатҳои ошиқонаву оилавии худ ба якравӣ роҳ дода, бо ин амали худ муносибатҳояшонро вайрон месозанд. Мушкилоти рӯзгор асабатонро хароб месозад, аз шумо талаби бисёр мекунанд, вале вақтатон ба ҳама кор намерасад. Дар ин рӯз хароҷоти худро бояд кам кунед ё як қисми маблағро барои оянда гузоред. Рӯз барои мулоқоти ошиқона созгор аст, вале қабл аз он ки ба вохӯрӣ меравед, шахсияти нафареро, ки интихоб кардаед, нағзакак омӯзед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Нафарони дар мучали ҷавзо тавлидёфта эҳсос мекунанд, ки мисли пешина корҳояшон пешрав нестанд. Нимаи аввали рӯз ҳама гуна вохӯриҳоро ба таъхир гузоред, натиҷа намедиҳанд. Ба бозору мағоза рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли харидорӣ намудани моли бесифат дар назар аст. Ҳарчанд аз муносибатҳои ошиқонаатон қаноатманд набошед ҳам, алҳол дар он чизеро тағйир доданро тавсия намедиҳем, вагарна аз оқибати кори худ сахт пушаймон мегардед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҳаёти нафарони дар мучали саратон тавлидёфта тағйироту навгониҳое рух медиҳанд, ки боиси сахт хаста гаштанашон мегардад. Рафту ба тағйиротҳои корӣ омода бошед, душвориҳои зиёде пеши роҳатон меояд, ки комилан умедвор набудед. Саросема хулосабарорӣ накунед, каме истиҳола намоед. Нафаре аз шумо қарз мепурсад ва бояд хоҳишашро рад кунед, вагарна пулро дигар баргардонида наметавонед. Нафарони муҷаррад дар симои шахсе, ки шинос мешаванд, сифатҳои беҳтаринро пайдо намуда, хушбахтиро эҳсос мекунанд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нафарони дар мучали асад тавлидёфта бояд ба хости дили худ амал кунанд на бо талабу дархости дигарон. Эҳтимол қарору интихоби шуморо дигарон қабул намекунанд, вале аз ин заррае ғамгин нагардед. Аз доираи дӯстони худ нафареро, ки пайваста ба асабатон мерасад, дур созед.  Тамоми рӯз муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд. Баъзе сиру асрори ниҳонро фош месозед. Эҳтимоли пайдо намудани сарчашмаи нави даромад ва тағйир ёфтани маошатон дар назар аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз хароҷоти худро ба нақша гиред, вагарна дар бозору мағозаҳо кисаатон тамоман холӣ мегардад. Агар шумо муҷаррад бошед, як вохӯрӣ тамоми зиндагиятонро тағйир медиҳад. Нимаи аввали рӯз хеле бобарор аст, маблағеро, ки бароятон муҳим аст, ба даст меоред. Нофаҳмиҳои дар ҷои кор сарзада асабатонро хароб месозад, вале шумо дар бисёр масъалаҳо ҳақ нестед. Нимаи дувуми рӯз чизеро ба нақша нагиред, нақшаҳоятон барбод мераванд. Ба саломатии гурдаву меъда диққати хоса диҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нафароне, ки дар мучали мизон ба дунё омадаанд, қабл аз суханеро ба забон овардан бояд андеша намоянд, вагарна як шӯхии бемаврид ба касбу коратон зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар оилаатон нофаҳмӣ сар мезанад, ҳамсафари ҳаётӣ шуморо дарк кардан намехоҳад. Нафарони ошиқ бо ҳам созиш карда наметавонанд. Нобарориҳо нақшаҳоятонро тағйир медиҳанд. Барои он ки аз бемориҳо эмин монед, ба гармохунукшавӣ роҳ надиҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ҳар мушкиле, ки дар ин рӯз сади роҳи зодагони бурҷи ақраб мегардад, ба зудӣ рафъ мегардад. Мушкилоти молиявӣ хеле зуд роҳи ҳали худро меёбанд, аз ин рӯ, пулро сарфа карданатон шарт нест. Нимаи дуюми рӯз муносибататон бо нафаре аз шиносҳоятон вайрон мегардад. Ҳамзамон хатари ҷароҳати сабук бардоштанатон эҳтимол дорад. Барои он ки вазъи молиявӣ бад нагардад, шитобкорона  сарчашмаҳои даромади пулиро тағйир надиҳед. Нисбати дӯстдоштаатон рашку нобоварӣ накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз азми қавӣ ва иродаи мустаҳкам дар ҳалли мушкилиҳои зиёд кӯмакатон мерасонад. Зиракиро аз даст надиҳед ва дӯстро аз душман фарқ кунед. Нафаре аз шумо пул қарз мепурсад. Бодиққат ва эҳтиёткор бошед, то ки баъдан дар ҳоли ногувор наафтед. Нафароне, ки аз дарди миён азият мекашанд, ҳатман аз пайи табобат шуданашон лозим аст. Вазъи молиявиатон хуб набошад ҳам, ислоҳшаванда аст. Эҳтимоли ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Имкони ба даст овардани даромади ногаҳонии пулӣ дар назар аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз тамоми диққати худро барои рафъ намудани мушкилоти наздикон равона созед. Рӯз барои рафъ намудани муноқишаву ба созиш омадан мусоид аст. Дар ҷои кор ягон тағйирот дида намешавад, вале роҳбарият кӯшишҳоятонро ба инобат намегирад. Хароҷотҳои ногаҳонӣ ба вазъи молиявиатон таъсири сахт мерасонад. Оббозӣ ҳангоми субҳ боиси мустаҳкам гаштани масунияти баданатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад. Охири рӯз хабари хуш мешунавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нафарони дар мучали далв тавлидёфта танбалиро аз худ дур сохта, вазъи молиявиашонро беҳтар месозанд. Сафар ба хориҷа бобарор анҷом меёбад, шуморо лозим меояд, ки муваққатан аз оилаву наздикон дур бошед. Бонувон ба атрофиён кӯмак мерасонанд, мардҳо бошанд аз пешравиҳои фарзандон шод мегарданд. Охири рӯз шуморо сюрпризи гуворо интизор аст. Нафарони ошиқ бо ёри худ созиш карда наметавонанд. Барои он ки рӯзро хуб паси сар намоед, сабру таҳаммулро шиори худ гардонед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Тамоми рӯз табъатон хира мегардед, беҳтараш бо касе муноқиша накунед, вагарна бештар ғамгин мегардед. Аз баъзе ҳодисаҳои ногаҳонӣ дар ҳоли ногувор меафтед, вале худро ба даст гирифтанатон лоим аст. Аз коре, ки кайҳо боз машғул ҳастед, маблағи хуб ба даст меоред. Парешонхотирӣ ва ваъдахилофӣ  боиси аз даст додани ҷои кор мегардад. Эҳтимоли харидорӣ намудани маҳсулоти бесифат дар назар аст. Хусусан ҳангоми харидани таҷҳизоти барқии рӯзгор ва телефони дастӣ ҳушёриро аз даст надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *