Толеъномаи 14-уми августи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз дар бораи нафароне, ки дер боз мешинохтед, бисёр чизҳоро мефаҳмед. Агар боақлона рафтор намоед, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед. Айёми тағйироти судманд фаро мерасад, бо нафарони аҷибе шинос мешавед, ки таъсири худро ба зиндагии минбаъдаи шумо мерасонанд.
Савр (21 апрел—22 май)
Аввали рӯз барои истироҳат бо аҳли оила мусоид меояд. Дар давоми рӯз аз нафарони дилтангу руҳафтода дурӣ ҷӯед, вагарна таъсири манфияшон ба шумо асар намуда, табъатон хира мегардад. Кунҷи танҳоӣ наҷӯед, танбалиро аз худ дур кунед, ҳоло вақти холабеғамии шумо нест. Саврҳои коргар дар ҷойи кор бо нафаре муноқиша карданашон имкон дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Аввали рӯз танҳо ақлро кор фармоед, ба хотири он ки чизе ба шумо писанд асту чизе писанд нест, сари ягон қарор наоед. Тамоми ҳодисаҳои рухдодаро оромона қабул намоед, беҳуда ба ҳар кор бинӣ нахалонед. Ба мақсад расидан хоҳед, дасту остин барзада, аз пайи кор шавед, танбалӣ кардаву рӯзро беҳуда нагузаронед. Ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, як ҳарфи ноҷои гуфтаатон наздиконатонро меранҷонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ мусоид меояд. Дар ҳама кор хеле боэҳтиёту ҳушёр бошед. Бо вуҷуди бобарор омадани рӯз бо сабаби гуногунфикрӣ имкони бо баъзеҳо муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Вазъият охири рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад, баъдан хабарҳои хушро интизор бошед. Паёмҳои хуш аз ҷое меоянд, ки тамоман интизор набудед. Аз ҳолатҳое, ки боиси фишори руҳӣ ва хавотирии шумо гашта метавонанд, худро канор бигиред.
Асад (23 июл—23 август)
Дар ин рӯз дар муносибат бо шахси бароятон бениҳоят азиз мушкилиҳо пеш меоянд, бо ҳар сабаби ночиз муноқиша мекунед. Кӯшиш намоед, ки кор бо ҷангу ҷанҷол анҷом наёбад. Нимаи дувуми рӯз туҳфаи хурд, вале дилписанд мегиред. Имкони пулкоркунӣ пайдо мешаваду барои хона хариди калон мекунед. Асадҳои ошиқ бо сабаби серкориву дурӣ аз ёрашон худро танҳо эҳсос мекунанд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Аввали рӯз сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Муҳимаш чунин имкониятро аз даст надиҳед. Фарзандон аз пештара бештар аз шумо нигоҳубину ғамхорӣ талаб мекунанд. Шуморо лозим меояд, ки дар ҳалли мушкилиҳояшон ба онҳо кумак расонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, имкони хурӯҷ кардани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Хатари гум кардани як чизи зебову даркорӣ, вале начандон қимматбаҳоятон имкон дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯз барои намояндагони бурҷи мизон чандон бобарор нест, корҳоятон дӯлобу муносибат бо ҳамкоронатон вайрон мегардад. Асабонияти шумо ба вазъи оилавиятон низ таъсир расонида, атрофиён аз шумо мегурехтагӣ мешаванд. Дар ҳаёти мизонҳои ошиқ тағйироти хотирмон рух медиҳад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кӯшиш намоед бо нафароне, ки бароятон бетафовут нестанд, аз рӯйи виҷдон ва ошкоро амал намоед. Ягон фиребу дурӯғ пинҳон намемонад ва ҳақиқат хеле зуд рӯйи об мебарояд. Дар ин рӯз корҳоеро, ки аз шумо қувваи ҷисмониву равонӣ металабанд, ба дӯш нагиред. Охири рӯз ҳангоми ба сари ягон қарор омадан ба асабоният дода нашавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи серташвиш меояд. Хеле хаста мешавед, вале ба хотири пешравии кор заҳмати зиёд мекашед. Бемалол барои хона чизҳои даркориро харидан гиред, айни замон корди шумо болои равған аст. Шуморо лозим аст, ки барои хушҳолӣ ва баланд бардоштани табъи худ либосу хӯрданиҳои табъи дилатонро харидорӣ намоед. Қисмати зиёди рӯзро дар танҳоӣ паси сар кардан мехоҳед. Қавсҳои ошиқ бо сабаби ночизе аз ёрашон меранҷанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар ба таваккал кардан омода бошед, дар корҳои пулӣ муваффақ мегардед. Рӯзи хубест барои хариду фурӯш ва дигар муомилоти пулӣ. Дар муноқишае, ки дар ҷойи коратон ба вуқуъ мепазирад, касеро ҷонибдорӣ накунед, вагарна шуморо низ ба қатори гунаҳкорон дароварда, ба саратон борони маломат мерезанд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи нав барои нафароне, ки дар моҳи далв ба дунё омадаанд, хеле бобарор меояд. Аввали рӯз ба гапу андешаи дигарон гӯш дода, барои худ хулосаи даркориро пайдо намоед. Агар ба дастгирии атрофиёнатон такя намуда, аз пайи кор шавед, корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Сари қаҳр ошиқатонро наранҷонед, дар ин рӯз имкони муболиға карданатон вуҷуд дорад, беҳтараш бо нафаре, ки ба ӯ боварӣ доред, дарди дил намуда, маслиҳат пурсед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар рӯзи нав дар тамоми кору иқдом пеши роҳатон кушода мешавад, аз шумо танҳо кӯшиш кардан лозим меояду халос. Орзуи шумо хеле бо оҳистагӣ бошад ҳам, дар ояндаи наздик ҷомаи амал мепӯшад. Аз танқид натарсида, боҷуръат ба пеш ҳаракат намоед. Ҳутҳое, ки бо кори савдо машғуланд, даромади хуб ба даст меоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ