Толеъномаи 14-уми декабри соли 2023
Ҳамал
Рӯзи ором аст. Агар то ба ин рӯз пайваста аз сахтиҳои ҳаёт нолида, воҳима мекардеду қалбатон нисбати баъзеҳо пур аз нафрат буд, акнун зиндагиро дигаргуна оғоз менамоед. Рӯзатон сермаҳсул ва корҳоятон бобарор мешавад. Аз сардор таъриф мешунаведу ҳамкорон аз пешравиҳоятон ҳавас мехӯранд.
Савр
Дар ин рӯз ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед. Агар нишонаҳои шамолхӯриро эҳсос намоед, дарҳол чора андешед. Бо нафарони бароятон ношинос робита накарда, дар бораи ҳаёти шахсӣ ба касе чизе нақл накунед. Чанд пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале шитоб накунед.
Ҷавзо
Субҳи имрӯз нофаҳмову саргум меояд. Корҳои хонаро бо вуҷуди муҳим буданашон ба таъхир гузоштан лозим меояд. Дар ҷойи кор виҷдон ва масъулиятнокӣ имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро ба ҳамкорони бетаҷриба бовар кунед.
Саратон
Дар ин рӯз пайваста асабонӣ шуда, оташи қаҳру ғазаби худро ба сари ҳар нафари пешомада фурӯ мерезед. Чунин амалатон боиси мушкиливу муноқишаи зиёд мегардад. Ҳалиму боилтифот бошед, он гоҳ пеши роҳатон кушодаву барор ҳамсафар мегардад. Ба инҷиқиҳои дӯстдоштаатон чашм пӯшед.
Асад
Ҳар қадаре ин субҳ барвақт аз хоб бархезед, ҳамон андоза корҳои бештарро ба сомон мерасонед. Дар ин рӯз ба ҷое кӯчидан, харид ва вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом мебанд. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди издивоҷ мекунад. Мушкилии молиявиатонро дар танҳоӣ бартараф карда наметавонед.
Сунбула
Дар ин рӯз хоҳиши ягонаи шумо аз одаму олам гурехтану дар ҷое истироҳат карда, ҳамаро фаромӯш сохтан аст. Бо чунин табъи гирифта босифат кор намекунед. Дар ҷой кор бояд руҳафтодагиро аз худ дур намоед, вагарна аз мукофотпулӣ бенасиб мемонед.
Мизон
Муҳаббати афсонавӣ баногаҳ дар қалбатон лона мегузорад. Агар шумо муҷаррад бошед, ошиқ шуданатон хуб аст. Дар акси ҳол, боэҳтиёт бошед ва бо ҳар нафари пешомада ишқбозӣ накунед. Ҷаласаву вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Зуком шуда бошед, беҳтараш чанд рӯз аз хона набароед.
Ақраб
Дар ин рӯз ба ҷое дер накунед, вагарна нақшаву ниятҳоятон амалӣ намегарданд. Барои омӯзиш ва табобат рӯзи мусоид аст, имкониятро аз даст надиҳед. Барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб нест. Аз нафаре, ки гирифтори зуком гаштааст, сироят ёфтанатон эҳтимол дорад.
Қавс
Ҳангоми тахт намудани ҳуҷҷатҳо хеле бодиққат бошед. Модоме имзои шумо муҳим аст, ба ғалат роҳ надиҳед. Аз даст додани маблағ ва ба доми ҳаннотону иғвогарон афтиданатон имкон дорад. Агар оқилу корчаллон бошед, нобарориҳоро паси сар мекунед Дар акси ҳол, коратон ба судбозӣ мерасад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз нерӯи ҷӯшзанандаи худро ба ҳар кори ночиз сарф накунед. Қувваи шумо барои корҳои неку тақдирсоз лозим меояд, аз ин лиҳоз ҳушёриро аз даст надиҳед. Баъди ҳодисае, ки боиси сардшавии робита бо наздиконатон гаштааст, бояд мустақилона роҳи созиш пайдо намоед.
Далв
Агар шумо муҷарраду дӯстдошта дошта бошед, вақте расидааст, ки оила бунёд намоед. Дар бораи як хеши раҳдуратон хабари нохуш мешунавед. Мушкилиҳои зиёди вобаста ба пулро рафъ сохтанатон лозим меояд.
Ҳут
Дар ин рӯз дар олами орзуҳои ширин парвоз карда, тамоми рӯз ханда аз лабатон дур намегардад. Тамоми ғалату камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳои корӣ пайдошударо мустақилона рафъ месозед. Агар муҷарраду ҷавон бошед, барои издивоҷ карданатон саросема нашавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ