Толеъномаи 14-уми октябри соли 2023
Ҳамал
Дар ин рӯз аз ҳад зиёд ҳасосу нозук мегардед. Ҳангоми шиносоӣ бо шиносҳои нав сахт боэҳтиёт бошед. Хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, дар роҳ боэҳтиёт шавед. Қувваву асаби худро эҳтиёт кунед, саломатиро дар мадди аввал гузоред.
Савр
Мушкилиҳои оилавӣ табъатонро хира мегардонанд. Камбудиҳои ҳалталабро ҳатман бояд рафъ намоед. Уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед, аз ҳолатҳои моҷароангез худро канор гиред, вагарна дар ҳоли ногувор меафтед. Ба нафароне, ки аз ҳад зиёд ба шумо ваъда мекунанд, бовар накунед.
Ҷавзо
Дар ҳама кор тавакал карданро маслиҳат намедиҳем. Подоши сабру таҳаммули худ ва тамоми некиҳоеро, ки қаблан барои дигарон карда будед, ҳатман мебинед. Барои нафароне, ки сару либоси нав харидану ба кошонаи ҳусн рафтан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст.
Саратон
Дар ҷойи коратон байни ҳамкорон рақобату зиддият сар мезанад. Хабару ҳодисаҳои имрӯз шуморо ба корчаллониву чаққон будан водор месозанд. Сараввал аз пайи корҳои муҳимтарини худ шавед. Мушкилоти баногаҳ сарзадаи молиявӣ боиси муноқиша бо наздиконатон мегардад.
Асад
Дар ин рӯз набояд ба роҳи ғалат қадам гузоред. Тамоми рафтору гуфторатон ҳатман бояд таҳти назорат қарор дошта бошад. Бо нафароне, ки шинос мешавад, эҳтиёткорона рафтор кунед. Кори вазнинро ба дӯш нагиред, хӯроки шумо бояд безарар бошад.
Сунбула
Дар муносибатҳои оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳимро мебозад. Корҳои ба таъхирмонда ё уҳдадориҳои пешина ҳалли ҳатмиро талаб мекунанд. Дар сурати аз кор гурехтан дучори муноқиша мегардед. Ба саломатӣ диққат диҳед, асабатонро эҳтиёт намоед. Фаромӯш насозед, ки барои муваффақ шудан истироҳат карданатон лозим аст.
Мизон
Кушиш намоед, ки ҳама чизро ба дил наздик қабул накунед. Мутаасифона, ба ҳодисаҳои рухдода оромона назар карданатон душвор мегардад. Вақти холии худро дар танҳоӣ нагузаронед, вақтатонро хуш гардонед. Наздиконатон ба меҳрубониву ғамхории шумо ниёз доранд.
Ақраб
Заковату ҳушёриятон атрофиёнро ба ҳайрат меорад. Дар ҷои кор тағйиротҳои мусбӣ имкон доранд. Ба маблағи калони пулӣ ниёз пайдо мекунед. Барои вохӯрӣ бо дӯстон аввалин шуда ташаббус нишон диҳед ва аз ҳолу аҳволи хешу табор бохабар шуданатон лозим аст.
Қавс
Бо кор машғул шуданатон хуб аст, вале барои истироҳат низ вақти кофӣ ҷудо намоед. Аз рафтори беандешаи ҳамкорон ба ғазаб меоед. Кӯшиши исбот намудани чизеро накунед. Мулоқоти ошиқона боиси руҳафтодагӣ ё аз ёратон ҷудо шудан мегардад. Эҳтимол боз дар ҳамин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки орому қароратонро мерабояд.
Ҷаддӣ
Имрӯзро ба корҳои дилгиркунанда набахшед, беҳтараш бо корҳои оилавӣ машғул шавед. Агар шумо алҳол ҳамсафари ҳаётиятонро вонахӯрда бошед, эҳтимол маҳз дар ҳамин рӯз бахти худро пайдо месозед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд танқидро раво набинед.
Далв
Корҳои душворҳали худро ба нақша гирифта метавонед. Ҳама гуна гуфтушунидҳои корӣ дар сатҳи баланд мегузаранд. Ба пешниҳодҳои нави корӣ бодиққат назар намоед. Метавонед ҷасурона ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андозед. Барои бастани акди никоҳ рӯзи мусоид аст.
Ҳут
Ҷашну маъракаҳо табъатонро болида мегардонанду ташвишатонро зиёд. Барои нафароне, ки изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор фаро мерасад. Мунтазам тамоми мушкилиҳои оилавии худро рафъ намуда, табъатон болида мегардонад. Хобҳои дар ин рӯз дидаатон амалӣ мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ