Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Сарвҳое, ки дар курсии мансаб нишастаед, эҳтиёт шавед, душманонатон дар сари роҳатон чоҳ канда, мехоҳанд шуморо ба он тела диҳанд. Ба рафтору кирдори зердастонатон аҳамият диҳед ва ягон ҳуҷҷатро нахонда имзо накунед. Дар масъалаҳои оилавӣ низ ситораҳо эҳтиёткориро ба зодагони бурҷи сарв тавсия додаанд. Сирру асроратонро ба ҳар кас нагӯед, вагарна хонаатонро бо дасти худ оташ мезанед. Сарвҳои ошиқро ситораҳо бо як хушхабар хурсанд кардаанд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Саратонҳои корчаллон бо баъзе мушкилиҳои корӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд гуфтани халқ беҳуда нест, бо кӯмаки дӯстон шумо метавонед мушкили худро осон намоед. Нимаи дуюми рӯз рашки бемавриди ҳамсар ё ошиқатон ва ҷангу ҷанљоли беохираш ба дилатон зада, фикри ҷудо шудан ба саратон меояд. Саросемагӣ накунед, ки оқибат пушаймон мешавед.
Имрӯз дар ҷойи коратон ба шумо фишор меоранд. Ҷанҷолҳои корӣ фишори хунатонро баланд карда ба саломатии шумо зарар расонида метавонанд, бинобар ин, ҳар гапу ҳар чизро ба дил нагиред. Кор бе мушкилӣ намешавад, худро ба даст гирифта, аз пайи иҷрои вазифаҳои бар дӯш доштаатон шавед. Фаромӯш накунед, ки сардор ҳамеша ҳақ аст. Роҳбаратон «сангпушт мепарад» гӯяд, бо аломати ризо сар ҷумбонда бигӯед: «Дар ҳақиқат мепарад, вале каме пасттар».
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз ҳама мушкилиҳоро бар дӯши худ гирифта, бори бе ин ҳам гарони дӯшатонро боз ҳам гаронтар насозед. Даромади пулӣ нимаи дуюми рӯз ба даст меояд, вале беҳуда сарф кардани пулро ситораҳо тавсия намедиҳанд, зеро баъдтар барои ҳалли як мушкилӣ ба шумо маблағи калон лозим шуда метавонад. Кӯшиш намоед, ки таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб созед, танҳо бо ҳамин роҳ шумо метавонед бахтатонро ёбед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯз барои намояндагони бурҷи мизон бо хабарҳои хуш оғоз меёбад. Ба ҳар коре, ки даст занед, барор мегирад, гӯё кадом қувваи ноаёни сеҳрнок ёру ёваратон бошад. Танҳо дар ҷодаи меҳру муҳаббат ва ҳаёти оилавӣ мизонҳо бо баъзе нофаҳмӣ ва моҷароҳои хурд рӯ ба рӯ мешаванд, вале бо ақлу заковати хеш ба зудӣ онҳоро бартараф менамоянд. Нимаи дуюми рӯз дӯсти наздикатон як сирри махфиро, ки чанде пеш шумо ба ӯ бовар карда будед, ба ҳама ифшо месозад. Озурда нашавед, ҷангу ҷанҷол накунед, ин ба шумо дарси ибрат мешавад ва минбаъд дӯстро аз душман фарқ мекардагӣ мешавед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз ҳисси танбалӣ намегузорад, ки қавсҳо ба ягон кор даст зананд. Мехоҳед рӯз то бегоҳ дар болои диван дароз кашида телевизор тамошо кунед, вале ситораҳо бекорхӯҷагиро ба шумо тавсия намедиҳанд. Кӯшиш намоед, ки нимаи якуми рӯз бо дӯстонатон ба сайру тамошо баромада асабҳоятонро ором созеду нимаи дуюми рӯз пурра ба кор часпед, зеро ин давра барои бастани шартномаҳои нави сердаромад айёми муносиб аст. Даромади пулӣ охири рӯз дар назар аст, вале хариди калон кардан ба манфиати шумо нест.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз барои ҷаддиҳо бисёр бобарор мешавад. Агар поятонро болои по монда, рӯзи дароз дар назди экран нашинед, шумо ба муваффақиятҳои бузург ноил мегардед. Комёбиҳои назарраси шумо метавонад боиси рашку ҳасади атрофиёнатон гардад, бинобар ин, эҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз барои дӯстатон каме маблағ лозим мешавад, агар дошта бошед, хасисӣ накарда диҳед, зеро кори неке, ки онҳо оғоз кардан мехоҳанд, ба шумо ҳам фоида оварда метавонад. Ошиқатон аз серкории шумо хаста шудааст ё дар сар ҳавои ёри дигар дорад, беаҳамиятӣ накунед, вагарна танҳо мемонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ин рӯз як қадами ноустуворе, ки бо дили нохоҳам мемонед, метавонад ба шумо зарари калон расонад. Оғоз намудани тиҷорати навро ситораҳо ба зодагони бурҷи далв маслиҳат намедиҳанд. Беҳтараш муносибатҳоятонро бо шарикони куҳна мустаҳкамтар намуда, аз пайи ривоҷу равнақ додани коратон шавед. Ҳафта барои далвҳои ошиқ бобарор ва тақдирсоз аст. Ошиқатон бо пешниҳоди издивоҷ ба наздатон меояд. Беҳуда корро кашол надиҳед, бахт мурғест баландпарвоз, агар дарҳол аз пояш маҳкам надоред, парида мераваду ду даст дар бинӣ мемонед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ин рӯз ҳутҳои оиладор бо нофаҳмӣ ва моҷароҳои оилавӣ дучор шуда, хеле асабонӣ мегарданд. Дар коргоҳ ҳам сар задани баъзе мушкилиҳо дар назар аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар ҳама ҳолат худро ба даст бигиред, қаҳру ғазаб бар зарари худи шумост. Кисаатон имрӯз бо пул пур намешавад, вале холӣ ҳам намемонад. Нимаи дуюми рӯз фикри иваз намудани манзили зист ба саратон меояд, саросема нашавед, хона ва зангирӣ масъалаҳое ҳастанд, ки одам бояд сад бор андеша карда, баъд хулоса барорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ