Толеъномаи 15 декабр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз натиҷаи меҳнати худ шод мегардед. На танҳо табъатон болида мегардад, балки даромади хуб ҳам ба даст меоред. Бо ҳаёти шахсии  худ машғул шавед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон меҳрубонӣ зоҳир намуда, бо ягон рафтори ғайриодӣ хотирашро шод гардонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳим ҳушёр бошед. Хусусан дар масъалаи хариди хона ё сафаи роҳи дур фориғболӣ накунед. Рӯзи хубест барои рафтан ба сартарошхона, сауна ва оббозӣ. Бояд масунияти худро мустаҳкам карда, ғами саломатии кӯдакони оилаатонро хӯред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар мавзеи корӣ тағйироти куллӣ дида намешавад, вале дар ҳаёти шахсиятон дигаргунӣ рух медиҳад. Вохӯрии тақдирсоз бо нафаре имкон дорад, ки дар оянда ҳамсафари ҳаётиятон мегардад. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявиятон бояд дар фикри пайдо намудани боз як ҷойи корӣ шавед. Ба макру фиреб роҳ надиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Шумо аз худ, аз зиндагӣ ва аз туҳфаҳои тақдир қаноатманд мегардед. Аз кору ташвишҳои зиёд истироҳат карда, дар иҳотаи дӯстон дилхушӣ мекунед. Аз дӯстдоштаатон хабари хуше шунида, нақшаҳоятонро тағйир медиҳед. Аз нафаре, ки ба наздикӣ дасти кӯмакатон расида буд, туҳфа мегиред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз сафари хидматӣ ва хотирмон имкон дорад. Ҳангоми робита бо нафарони ношинос баҳсу муноқиша рух медиҳад. Барои аз даст надодани обрӯ ва шаъну шарафи худ ҳушёриро пеша намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи олиҷаноб аст, тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал  мепӯшад. Ғалатҳо мешаванд, вале хурду назарногир. Масъалаҳои тақсими мерос ва баргардонидани қарзҳо хуб анҷом меёбанд. Самимият  ва саховатмандиятонро дӯстдоштаатон қадр мекунад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар бо ҳар сабаб асабӣ шудан гиред, қариби бегоҳ фишори руҳӣ мегиред. Ба корҳое, ки ба шумо дахл надоранд, бинӣ нахалонед. Дар ин рӯз бо мушкилоти рӯзгор машғул шавед, фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯстон дилхушӣ кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳо кори табъи дилашонро пайдо месозанд. Саросема шуда, барои  аз ҷои кори пештара рафтан ариза нанависед. Бегоҳирӯзӣ бо наздикони худ суҳбати ҷиддӣ мекунед, барои наранҷонидани онҳо сабру таҳаммулро пеша намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз тасодуфан ба маҳфили нафарони бароятон ношинос афтида, бо шахсе шинос мешавед, ки сабру қароратонро мебарад. Мушкилиҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба хубӣ рафъ мегардад. Бо мошини шахсӣ ба сафар набароед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ҷойи кор ва дар ҷодаи муҳаббат номуайянӣ имкон дорад. Барои пайдо намудани роҳи дуруст аз дӯсти ботаҷрибаатон мадад пурсед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ метавонед қарз гиред. Танҳо бо ҳамин роҳ тиҷорати худро ба роҳ мемонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи бобарорест барои онҳое, ки бо кори ҷамъиятӣ ва бастани шартномаҳо бо ширкатҳои хориҷӣ машғул ҳастанд. Дар ин рӯз аз нобарориҳои иқтисодӣ ва рақобат эмин мемонед. Муҳим он аст, ки бо тамоми мушкилиҳо субҳ машғул шавед, на бегоҳ. Барои изҳори муҳаббат кардан рӯзи номусоид аст.

hutҲут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз рафти корҳоятонро тағйир надиҳед. Омадани меҳмонро аз роҳи дур интизор шавед. Агар каме сару либоси худро тағйир диҳед, дилкаштар мегардед. Бегоҳирӯзӣ аз муносибати пурмуҳаббати дӯстдоштаатон болу пар мебароред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *