Толеъномаи 15 феврал
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ба умеди кӯмаки дигарон нашавед, барои комёб шудану маблағи хуб ба даст овардан бояд заҳмат кашед. Дӯстиятон бо нафаре, ки чандин сол мешинохтед, ба муҳаббат мубаддал мегардад. Дар ҳаёти бонувоне, ки ошиқ мешаванд, тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Баъди нисфирӯзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед, вале ин мувақаттӣ аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан барои моли босифату муфид пулро дареғ надоред. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисае рух медиҳад, ки симои аслии ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон аён мегардад. Ба гуноҳи ёратон чашм напӯшида, ҳақиқатро муайян намоед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Барои он ки тиҷорат барор оварда, аз коратон фоида бинед, нисбати шарикони корӣ бодиққат бошед. Пайдо намудани даромади пулӣ аз пухтакории шумо вобаста аст. Дар доираи нафароне, ки нисбати шумо талаботи зиёд доранд, худро нороҳат ҳис мекунед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида мегардонад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо вуҷуди душвор будани рӯз, асабӣ шуданро маслиҳат намедиҳем. Худро ба даст гиред, вагарна имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед. Камқувватӣ ва дарди меъда имкон намедиҳад, ки табъи дил истироҳат кунед. Вақт ёфта, ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаред. Барои оштӣ шудан бо дӯстдоштаатон ҳам пули зиёд сарф мекунеду ҳам ташвиши зиёд мекашед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз аз сиру асрори дӯсти наздикатон огаҳ гашта, дилмонда мегардед. Суҳбати рӯ ба рӯ ба вазъият равшанӣ андохта муноқишаро пешгирӣ менамояд. Дар бораи пул доштанатон дар назди атрофиён лоф назанед, вагарна нафаре, ки ба пул сахт ниёз дорад, аз шумо меранҷад. Агар дар ин рӯз қарз диҳед, баргардониданаш душвор мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи душвор аст, гардиши ногаҳонии қисмат шуморо водор месозад, ки дар робита бо атрофиён боэҳтиёт бошед. Бегонаҳоро ба масъалаҳои пулии худ ҷалб насозед. Барои бастани ақди никоҳ ва сафар кардан чандон рӯзи бобарор нест. Сунбулаҳои оиладор уҳдадориҳои худро фаромӯш насозед. Ошиқатон аз беилтифотии шумо сахт ранҷидааст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи нобарор аст. Нохушиҳо пайваста думболагиратон мегарданд. Ҳангоми аз роҳи мошин гузаштан эҳтиёт шуда, аз ҷароҳат бардоштану заҳролудшавӣ ҳушёр бошед. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл кашида шифо ёфтанатон душвор мешгардад. Эҳтимоли фиреб хӯрдану хиёнат диданатон зиёд аст. Дар ин рӯз нохун гирифтану мӯйро қайчӣ задан хуб нест. Ба саломатии фарзандон бепарвоӣ зоҳир накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз ҳангоми маблағгузаронӣ тавассути терминалҳо бодиққат бошед. Нафароне, ки бо кори савдо сару кор доранд, фиреб хӯрданашон имкон дорад. Дар ин рӯз бо худтабобаткунӣ машғул шудану ба худ диагноз монданро тавсия намедиҳем. Хотиррасон мекунем, ки худтабобаткунӣ оқибати нохуш ба бор меорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Агар ҷойи коратонро аз даст додан нахоҳед, дар ин рӯз аз уҳдадориҳои зиёд доштан шиква накунед. Саросема нашавед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Қавсҳое, ки хабари фарзанддор шуданашонро мешунаванд, хушбахтии комилро эҳсос мекунанд. Агар бемории фишорбаландӣ дошта бошед, фориғболӣ накарда, аз пайи табобат шавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ба ҳар нафар бовар кардану дарди дил карданро маслиҳат намедиҳем. Дар лаҳзаҳои душвор аз наздикони худ маслиҳат пурсидан кифоя аст. Имкони гум кардани ҳуҷҷатҳои лозима, чизҳои қиматбаҳо ва ҳамёнатон имкон дорад. Дар роҳ хеле бодиққат бошед, хатари ба садама гирифтор шудану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Бонувон ошиқ мешаванд, вале одати ҳукмфаромӣ карданашон боиси ранҷиши ёр мегардад. Мардҳо бошанд аз якравӣ ёри мувофиқ намеёбанд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз мисоли давраи ҷавонӣ сидқан ва бо тамоми ҳастӣ ошиқ мешавед. Муҳаббати худро ба ҳама овоза накунед. Мушкилоти пулӣ табъатонро хира месозад, зеро шумо ба маблағи калон умед доштеду ду маротиба камтар маблағ ба даст меоред. Каме нотоб шудану асабхаробӣ ё ҷароҳати сабук имкон дорад. Баъзеҳоро хастагӣ ва дарди сар азият медиҳад. Аз оташ ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки ба дилатон ба зудӣ роҳ меёбад. Аз хешовандони раҳдуратон хабари хуш мешунавед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед. Маблағи дар даст доштаи худро ба зудӣ сарф накунед, вагарна чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед. Бо сабаби хӯроки дуруст нахӯрданатон худро нотоб ҳис мекунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ