Толеъномаи 15 май 2018

                              Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аввали рӯз бо касе баҳс накунед, зеро хавфи ранҷонидани дӯсти наздик, ширики корӣ ё ҳамсаратон вуҷуд дорад. Барои ҳалли мушкилот шарм надошта аз дўстатон қарз бигиреду коратонро ҳал кунед.  Охири рӯз дар ҳаётатон як рӯйдоди нав ба вуқӯъ омада зиндагии шуморо дигаргун месозад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Вохӯрие, ки имрӯз сурат мегирад, дари имкониятҳои навро ба рӯятон боз мекунад. Шояд дар зинаи мансаб болотар баромада, соҳиби вазифаи равғанин хоҳед гашт. Гирду атрофатонро аз душманон тоза намоед, вагарна бадхоҳонатон шуморо ба гирдоби ғам гирифтор мекунанд. Нимаи дуюми рӯз гапатон бо ҳамсаратон мегурезад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ин рӯз дар ҳолати ногуворе афтида, дар ҳалли мушкили ба саратон омада ҷигархун мешавед. Барои ба даст овардани даромади калони пулӣ ҷонатонро дар хатар намонед. «Ними нони роҳати ҷон» гуфтаанд, бигзор кам бошаду ризқи ҳалол бошад. Охири рӯз пешниҳоди нави корӣ мешавад, агар онро қабул кунед, имкониятҳои нав ба нав ба рӯятон боз мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки дар муносибат бо одамони ношинос бисёр эҳтиёткор бошед. Ба касе дарди дил накунед, фаромӯш насозед, ки рақибон барои бадном кардани шумо пайти муносиб меҷӯянд. Саратонҳои корчаллон имрӯз шартномаҳои нав баста метавонанд. Ҳангоми имзо намудани ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз Қарз гирифтан худдорӣ намуда, маблағи дар ҷайб доштаатонро истифода баред. Дар бобати саломатӣ эҳтиёт шавед, хавфи хурӯҷ намудани баъзе бемориҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Асадҳои ошиқ бояд нисбати маҳбуби худ бепарво набошанд. Кибру ғурурро як сӯ гузошта, барои ба даст овардани дили ошиқи ранҷидаатон дубора камари ҳиммат бандед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Шахсе, ки дӯст мешуморидед ё ба ӯ изҳори муҳаббат карда будед, шуморо бо як рафтори ноҷояш дар ҳолати ногувор мемонад. Агар тавонед, гуноҳи ӯро бубахшед, зеро Худованд бахшандагонро дӯст медорад. Даромади калони пулиро нимаи дуюми рӯз интизор шавед. Маблағе, ки ба даст меоред, метавонад орзуҳои шуморо ҷомаи амал пӯшонад, ба шарте, ки пулро беақлона ба ҳар майда-чӯйдаи нолозим сарф накунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Намояндагони бурҷи мизон бояд тамоми рафтору кирдорашонро дар тарозуи ақл баркашида, аз дилозориву бадзабонӣ худдорӣ намоянд. Вақтҳои охир аз нобарории корҳоятон шумо сахт асабӣ шуда, атрофиёнро беҳуда меранљҷонед. Худро ба даст бигиред, вагарна ягон рӯз аз рӯйи забони дарозатон сахт шатта мехӯред ё кафшҳоятонро пеши поятон монда, шуморо аз кор меронанд. Нимаи дуюми рӯз қарзи кайҳо додаатонро бармегардонанд ё  соҳиби пули муфт мешавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Бояд тарзи зиндагиятонро тағйир диҳед. Сар то ба по ба кор фурӯ нарафта, барои истироҳат кардан низ вақт ҷудо кунед, вагарна аз хастагии зиёд ба бистари беморӣ меафтед. Фурсати он расидааст, ки ақрабҳои муҷаррад аз пайи ҷустуҷӯйи бахт шаванд. Барои ёфтани ҷуфти муносиб айёми беҳтарин фаро мерасад, шанси худро аз даст надиҳед! Нимаи дуюми рӯз корҳои нотамоматонро ба сомон расонида, баъд ба кори дигар оғоз намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Нахӯди пеши қошуқ шуда, бидиросзанон гапгардонӣ накунед, беҳтараш баҳсро бо хушӣ анҷом диҳед. Нимаи дуюми рӯз бо имзо шудани шартномаи нав зиндагии шумо кулан тағйир меёбад. Тиҷорате, ки оғоз менамоед, даромади калон меорад, агар танбалӣ накарда бо тамоми қувват ба кор часпед. Охири рӯз вазъи саломатиятон каме бад мешавад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз  агар зӯратон ба мустақилона ҳал кардани мушкилот нарасад, аз дӯстонатон мадад пурсед, онҳо шуморо танҳо намегузоранд. Нимаи дуюми рӯз  дар дилатон хоҳиши дигаргун намудани сару либос пайдо мешавад. Фурсатро аз даст надиҳед, барои бозоргардӣ рӯзи мусоид аст. Шуморо як вохӯрии тақдирсоз дар пеш аст ва дилҷӯву дилписанд намуданатон метавонад дили шиноси наватонро ба шумо гарм карда, зиндагиатонро дигаргун созад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Инрӯз тамоми диққататонро ба саломатиатон равона намуда, бемориҳои мавсимиатонро табобат намоед, вагарна ҳолатон бад  мешавад. Нимаи дуюми рӯз дар ҳаётатон як мушкилии ночиз сар зада, шуморо каме асабонӣ месозад. Беҳуда худро дарун ба дарун нахӯрда, оромона аз пайи рафъи камбудиҳо шавед. Охири рӯз давлҳои соҳибмансабро сафари корӣ дар назар аст. Хавфи сар задани моҷарои оилавӣ дар пояи рашк вуҷуд дорад

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Бояд дар бораи муносибати ошиқонаатон фикр кунед, зеро серкориатон боиси норозигии ҳамсар ё дӯстдоштаатон мегардад. Эҳтимол байнатон ҷангу ҷанҷол бархезад. Нофаҳмиҳоро оромона бартараф намуда дили маҳбубатонро бо меҳрубонию туҳфаҳои хуб ба даст биёред, то қаҳр карда наравад. Даромади пулие, ки нимаи дуюми рӯз ба даст меояд, имкон медиҳад, ки шумо як орзуи бузургатонро амалӣ намоед. Фақат ҳангоми харид кардан эҳтиёт бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *