Толеъномаи 15-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаётатон дигаргуниҳо дар назар аст, аз ин рў, ҳадафи асосӣ бояд ҳаёти шахсиятон бошад. Рафтор ва гуфторатонро дар коргоҳатон назорат кунед, вагарна аз ҷои гарматон мемонед. Қадаматонро дониста гузоред. Ба садои дилатон гўш андозед. Нимаи дуюми рӯз лоиҳаҳоятонро бо дили пур ба роҳбаратон пешниҳод кунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз корҳои навро оғоз накунед, вагарна бо нокомӣ рў ба рў гашта, дилшикаста мешавед. Дар коргоҳатон аз одамони ғайбатчӣ худро дур бигиред, то балоеро ба саратон наоранд. Ба ҳаёти дигарон биниатонро нахалонед. Нимаи дуюми рӯз чеҳраи аслии шахси дўстдоштаатонро мебинед. Байнатон сахт моҷаро мехезад. Кўшед, ки ба гуноҳу хатои ёратон чашм пўшед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Аллакай мушкилиҳоро паси сар кардаеду муаммоҳои сарбастаро ҳал намудаед, акнун метавонед бо дили пур истироҳат кунеду рўзҳои хушро интизор бошед. Нимаи дуюми рӯз омадани меҳмонҳои олиқадр дар назар аст. Дар ин рўз шиносоии тақдирсозеро ситораҳо пешгўӣ намудаанд, ки зиндагиатонро якбора пурра дигаргун карда метавонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ин рӯз феълу атворатонро дигар кунед, вагарна бо рафтори мағруронаю забони тезатон тамоми дўстонатонро аз худ дур месозед. Агар ҳаракат кунед, ин рӯз даромади калонеро ба даст хоҳед овард. Маблағро барои бартараф намудани камбудиҳои рўзгоратон сарф кунед. Нимаи дуюми рӯз хабари хуше ба гўшатон мерасад.
Асад (23 июл-23 август)
Ин рӯз асадҳо бояд фақат ба қудрату тавоноии худ такя кунанд, зеро тамоми орзую нақшаҳоятон метавонанд дар охирин лаҳза самташонро иваз кунанд. Ором бошеду ақлатонро кор фармоед, риштаи тақдиратон танҳо дар дасти шумост. Аз ғайбати дигарон натарсед ва тамоми шонсҳоятонро истифода баред. Ғолибонро муҳокима намекунанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз каме пуртоқат бошеду дар коргоҳатон тамоми қувваи худро ба харҷ диҳед, то нақшаҳоятонро дар амал тадбиқ намоед. Нимаи дуюми рӯз қарзҳоятонро бармегардонанд. Дар сарфи маблағ саросема нашавед, вагарна мушкилоти бепулӣ саратонро гаранг мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ҷодаи ишқ зодагони бурҷи мизонро нокомӣ интизор аст. Ба ҷанҷол бо дўстдоштаатон омода бошед. Дилозурда нашавед, агар моҷаро бо ҷудоӣ анҷомад. Зиндагӣ пур аз муаммоҳост. Агар худро гунаҳкор ҳис кунед, зуд аз пайи ислоҳи хатоятон шаведу дили ёри ранҷидаатонро бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатман ёбед. Бахт ёратон бод!
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ин рӯз вохўрии корӣ ба вохўрии ошиқона мубаддал мегардад. Агар аз гапу гапчаҳои иғвонангезон меҳаросида бошед, кўшед ин сирро пинҳон доред, вале риштаи ошноиро наканед. Агар бахтатон омад кунад, дар тўйи арўсиатон дўсту душманонатонро даъват мекунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар қувваи корӣ ва ё маблағ лозим бошад, аз роҳбаратон кумак пурсед, вагарна тамоми меҳнату кўшишҳои чандинвақтаатон барбод хоҳад рафт. Нимаи дуюми рӯз ёри ранҷидаатон боз наздатон меояду кўшиши бахшиш пурсиданро мекунад, зеро бе ягон сабаб худро аз шумо дур карда буду акнун ангушти пушаймонӣ мегазад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз корҳоятон чунон бисёр мешаванд, ки намедонед аз кадомаш шуруъ кунед. Холаи ҳамакора нашавед, ҳар корро босифат анҷом диҳед. Нимаи дуюми рӯз макру ҳилла ва дуруғгўии ошиқатон фош гашта, нағмаҳояш чунон ба дилатон мезанад, ки намедонед чӣ гуна аз ў худро дур созед. Худфиребӣ накунед. Беҳтараш ошкоро бигўед, ки ҳаётатонро бо каси дигар пайвастаниед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Нақшаҳое, ки кайҳо тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Озурда нашаведу худро азоб надиҳед. Минбаъд ҳар кореро, ки карданӣ мешавед, бе маслиҳат оғоз накунед, то дучори нокомӣ нагардед. Нимаи дуюми рӯз барои вохўриҳои корӣ хеле бобарор аст. Фурсатро аз даст надиҳед. Аммо дар имзо намудани ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор буданро ситораҳо ба зодагони бурҷи далв маслиҳат додаанд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Мушкилии ҷиддие пеш меояд, ки сабру таҳаммулро талаб мекунад. Агар ҳис кунед, ки дилатон тобу тавони бардоштани ғамро надорад, ба дўсти наздикатон буғзи дилатонро кушоед, то ба дарде гирифтор нашавед. Нимаи дуюми рӯз шиносоии аҷибе дар назар аст, ки зиндагии ҳутҳои муҷаррадро рангинтар мекунад. Кўшиш намоед, ки ба боварии ёри наватон дароед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ