толеънома

Толеъномаи 15-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз субҳи содиқ серкору серташвиш мешавед. Нерӯятон зиёд аст, вале онро ба фоидаи худ истифода бурда наметавонед. Ба рафтори нафаре, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, диққат диҳед. Дар муносибатҳои ошиқона ва заношавҳарӣ уҳдадориҳоятонро дуруст тақсим карда, аз муноқишаву моҷаро эмин мемонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Нимаи аввали рӯз аз робита бо дӯстон худдорӣ намуда, ба касе пул қарз надиҳед. Мушкилиҳои рӯзгорро ҳал кардан дар ин рӯз осонтар аст. Ба хабаргирии хешовандон рафтанро фаромӯш накунед. Аз касбу кори худ қаноатманд мегардед. Хастагии ҷисмониву равонӣ сабабгори бемор шуданатон мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз фаъолу серҳаракат мешавед. Нерӯи худро ба муносибатҳои ошиқона ва эҷодиёт равона месозед. Рӯзи бобарорест барои омӯзгорон ва толибилмон. Аз роҳи дур хабарҳои хуш мешунавед. Кинагир нашавед, вагарна хафагиву ранҷиши ҷамъшуда ба зиндагиву коратон таъсири худро мегузорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо сабаби сар задани вазъиятҳои ногаҳонӣ нақшаву ниятҳоятон зуд-зуд тағйир ёфта, муносибатҳоятон бо атрофиён вайрон мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд бо одамон забон ёфтанро омӯзанду ба баъзе камбудиҳои атрофиён чашм пӯшанд. Танҳо дар ҳамин сурат даромади пулӣ ба даст оварда метавонед.

Асад (23 июл-23 август)

Ҳамсафари ҳаётӣ ё нафаре, ки дӯсташ медоред, чун пештара ба дили шумо роҳ пайдо намудан мехоҳад. Баъзе ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҷуръат ва эътимоди шуморо кам намесозад. Бо дӯстон ва ҳамфикрон машғулиятҳои умумӣ мутаҳҳид месозад. Аз дидори хешовандон ё дӯстони дерин шод мегардед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз фаъолиятатон зиёд мегардад, дар хона ё ҷои кор ором нишаста наметавонед. Хеле муҳим аст, ки атрофиён кӯшишу ғайрати шуморо қадрдонӣ намоянд. Нафароне, ки ба сафар мебароянд, дучори ташвишу изтироб мегарданд. Барои саломатии наздикон тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисаҳои имрӯз аз шумо қувваву саломатӣ талаб мекунанд. Ба худхоҳӣ роҳ надиҳед. Нисбати аломатҳои беморие, ки ташвишатон медиҳаду шумо кайҳо боз бепарвоӣ мекунед, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоед. Нафарони муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки ниятҳои ҷиддӣ дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Беҳтар аст, ки имрӯзро дар хона сипарӣ намоед. Аслан дилатон ба ҷое рафтан ҳам намехоҳад. Метавонед бо рӯбучини хона машғул шавед. Дар ин рӯз ҳама корро дар танҳоӣ анҷом додан мехоҳед. Атрофиён шуморо хаста месозанд. Оромиву субот ва муҳити осуда мехоҳед. Хароҷоти ногаҳонӣ ба буҷаи оилавиятон таъсир мерасонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз яке аз дӯстон ё нафаре аз аҳли оила шуморо сахт меранҷонаду дар дилатон нақшаи қасос гирифтан пайдо мешавад. Эҳтиёт шавед, сари эҳсос амал накунед. Беҳтараш роҳҳои дигари қасосгириро интихоб намоед. Масалан хомӯшӣ ва беилтифотӣ бадтарин ҷазо ба шумор меравад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар муноқишаву моҷарое, ки дар ин рӯз сар мезанад, ширкат наварзед, зеро он арзиши асабу вақти зоеъ рафтаи шуморо надорад. Бо табассум ва чеҳраи кушода қаҳру ғазаби бадхоҳонро ба зудӣ рафъ месозед. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб мегардед, эҳтимол ин осори хастагии чандрӯза бошад, вале аломатҳои бемориҳои ҷиддиро сарфи назар насозед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Сирру асрореро, ки кайҳо боз дар дилатон нигоҳ медоред, ҳарчи зудтар фош намудан мехоҳед. Беҳтараш аз шахси наздики худ маслиҳат пурсида амал намоед. Дар ин рӯз ҳамёни худро эҳтиёт намоед, хароҷоти зиёд накунед. Эҳтимол мол ё ашёеро харидорӣ мекунед, ки бароятон комилан нодаркор аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Барои ба даст овардани маблағи пулӣ тамоми нерӯву ҳастии худро сарф намуда, наздикони худро фаромӯш месозед. Вақти бештари худро дар хона гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйирот эҳтимол дорад. Ба хонаатон меҳмон меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *