Толеъномаи 15 январи 2020, чоршанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз уҳдаи ҳамаи корҳо ба хубӣ баромада метавонед. Корҳои муҳими худро ба фарзанд ё шахси дӯстдошта бовар накунед, аз бадхоҳон эҳтиёт шавед. Ба маслиҳатҳо гӯш андозед, баъзан он фоиданок буда метавонад. Муносибатҳои шахсӣ хеле хуб ҷараён мегиранд, зеро шумо ба нафароне, ки бароятон азиз ҳастанд, таваҷуҳи хоса медиҳед. Нафароне, ки қаблан шуморо қадр намекарданд, назари худро нисбати шумо тағйир медиҳанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба ҳаяҷон ва асабоният роҳ надиҳед. Барои он ки рӯзатон бобарор бошад, оромиро риоя намуда, қарорҳои дуруст бароред. Эҳсосоти манфиро лаҷом заданатон лозим аст, дар акси ҳол ба сари худ бало мехаред. Хусусан ҷавонон дар сари қаҳру ғазаб коре мекунанд, ки оқибаташ танҳо пушаймонӣ аст. Барои бартараф намудани фикрҳои мағшуш диққати худро бо машғулияти аҷиб банд созед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи ором ва хеле бобарор аст. Субҳгоҳон ягон кори муҳим ва вохӯриҳои масъулиятнокро ба нақша нагиред. Дар ин муддат нағзакак истироҳат кардану амалиётҳои табобатиро гузаронидан мумкин аст. Чанд туҳфаву армуғони гуворо табъатонро болида месозад. Кореро, ки пештар оғоз намуда будед, ба анҷом расонида метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Азбаски шахси эҳсосӣ ҳастеду қалби нозук доред, ба зудӣ зери таъсири дигарон мемонед. Нуқтаи назари худро пайгирӣ карда наметавонед ва ба ақидаи дигарон диққати бештар медиҳед. Истироҳату дилхушӣ карда наметавонед. Вохӯриҳои ошиқона ва вохӯрӣ бо дӯстон хуб сипарӣ мегарданд. Дар ҳама кор андозаро риоя намоед, он гоҳ пушаймон намешавед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи ором аст ва ягон ҳодисаи муҳиме рух намедиҳад. Барои вохӯрӣ бо дӯстон ва аз ҳоли якдигар бохабар шудан рӯзи мусоид аст. Маслиҳату дастгирӣ эътимодатонро бештар месозад. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд, даромади пулӣ эҳтимол дорад, ки дар ин рӯз айни муддао мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар бо кори муҳиме машғул шудан хоҳед, ҷиддан муносибат намоед. Дар ин рӯз ба сабукфикрӣ роҳ доданатон имконпазир аст. Ба умеди бахту барор нашавед, вагарна мушкили калоне ба саратон меояд. Ҳама корро тафтиш кунед, то ки камбудие сар назанад. Аз хароҷоти калон худдорӣ намоед, пулро беҳуда сарф накунед. Дар корҳои шубҳанок ширкат наварзед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи оливу пурмаҳсул аст. Ба ҳама кор бо дасту дили гарм машғул шуда, атрофиёнро ба ваҷд меоред. Ба осонӣ ёрдамчӣ пайдо мекунед. Бо одамоне, ки сару кор мегиред, ба зудӣ ба дилатон роҳ меёбанд. Ҳамкории судманд оғози саргузашти ошиқонаи шумо мегардад. Аксари зодагони мучали мизон ба садои қалб гӯш андохта, муваффақ мегарданд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Ба муваффақиятҳои беназир ноил нагардед ҳам, рӯзатон хуш мегузарад. Агар на танҳо табъи хуш, балки даромади пулӣ мехоста бошед, ба соҳаи хизматрасонӣ диққат диҳед. Ҳамкорӣ бо бонувон ва дастгирии онҳо мушкилоти зиёдатонро рафъ месозад. Рӯзи хубест барои вақтгузаронӣ бо наздикон. Вохӯриҳои ошиқона ва дӯстона, маъракаҳои оилавӣ хотиратонро шод месозанд.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи сермаҳсул аст. Мақсади асосиятон дар ин рӯз ба ҳадаф расидан аст. Беҳтараш дар танҳоӣ амал кунед, дигарон ба шумо халал мерасонанд. Кору ташвишатон аз пештара бештар мегардад, вале ин шуморо ба ҳарос намеорад. Ҳар як дақиқаи худро дуруст истифода бурда, аз уҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед. Дар масъалаҳои пулӣ ғалат намекунед. Эҳтимол сарчашмаи нави даромади пулиро пайдо мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Корҳоятон зиёд мешавад, вале вақту соатро дуруст истифода бурда, аз уҳдаи ҳама кор мебароеду хастагиро эҳсос намекунед. Бо одамон забон ёфтанатон осон мешавад. Ҳатто нафароне, ки пештар забон ёфта наметавонистед, дар ин рӯз созиш карда метавонед. Рӯзи хубест барои харидкунӣ. Даромади пулӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо имкон доранд.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Диққати худро ба корҳои муҳим равона созед. Маҳз ҳамин корҳо диққати хосаро талаб мекунанд, бо корҳои ночиз диққат надиҳеду ташвиш накашед. Шумо ҳама гуна ҳодисаҳои сарзадаро ба дил беҳад наздик қабул мекунед. Барои он ки аз мушкилиҳои касбӣ дур бошед, аз усулҳои беадолатона истифода набаред. Баъзе зодагони мучали далв аз наздикони худ меранҷанд. Ғазаби худро нигоҳ доред.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Мушкилиҳои зиёдеро, ки пештар рафъ сохта наметавонистед, дар ин рӯз ба осонӣ бартараф месозед.  Усулҳои наву ғайриоддиро истифода бурда, аз таваккал кардан наметарсед. Боҷуръатӣ ба шумо ҳусн мебахшад ва нафарони зиёде нисбататон таваҷҷуҳ мекунанд. Дар касбу кор ва муносибатҳои шахсӣ ташаббус нишон дода, нақшаву ниятҳои худро амалӣ месозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *