Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонад. Хеле хуб мебуд, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз вохӯрӣ бо сардор худдорӣ намоед. Нимаи дувуми рӯз хабари хуше шунида, болу пар мебароред. Беҳтараш бо шаҳрвандони хориҷӣ муноқиша накунед, вагарна кор ба суду милисабозӣ мерасад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Обрӯву нуфузи саратонҳо дар ин рӯз миёни атрофиёнашон зиёдтар мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин ҳафта аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред. Миёнаи рӯз нафаре аз шумо пул мепурсад ё баръакс қарзашро суроғ мекунад, агар имкон дошта бошед, маблағро баргардонед.
Асадҳо имрӯз дар ҳама ҷода мавқеашонро баланд бардошта, донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонанд, то ки атрофиён қадру қиматашонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар шумо танҳо бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Миёнаи рӯз байни ҳамкорон муноқишаву нофаҳмӣ рух медиҳад, мушкили ҷиддӣ набошад ҳам, табъатон хира мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аз уҳдаи тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Нимаи дувуми рӯз пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз дӯстон бояд кӯмак пурсед. Сунбулаҳои оиладор ба сари ҳамсари худ ҳукмфармоӣ кардан мехоҳанд. Лаҳзаҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ сунбулаҳои ошиқро ба олами ишқу муҳаббат мебарад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, имрӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед. Аввал ва миёнаи рӯз барои бастани никоҳ, фотиҳа, шинос кардани шахси дӯстдошта бо наздиконатон мусоид аст. Аз сафару саёҳат худдорӣ намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
имрӯз шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед, дар баробари ин онро партофта ҳам наметавонед. Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона дар пеш аст, ба шарте ки дар байни чор девор нанишаста бештар ба ҷашну консертҳо равед. Қавсҳои оиладорро дастовардҳои фарзандонашон шод гардонида сарашонро ба осмон мерасонанд. Дар ҷойи кор сабру тамкинро пеша намоед, вагарна гапатон бо ҳамкоронатон мегурезад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Тамоми корҳоятон бобарор анҷом ёфта, атрофиён ба шумо ҳасад мебаранд. Диққати худро ба аҳли оилаи худ равона созед. Хусусан агар ба наздикӣ дар оилаатон нофаҳмие рух дода бошад, замони оштишавӣ ва рафъи нофаҳмиҳо фаро мерасад. Нимаи дувуми рӯз дар ҷойи кор нофаҳмии хурдакаке рух дода, табъатонро хира мегардонад. Идеяи худро ба касе нагӯед, вагарна дигарон аз худ мекунанд. Эҳтимол дар роҳ ба нафаре дил баста, аҳди муҳаббат мебандед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Нафарони наву аҷибе дар ҳаётатон пайдо мешаванд. Нимаи дувуми рӯз барои харид кардани ҷиҳози хона мусоид аст. Агар нақшаи таъмир кардани хонаро дошта бошед, вақти харидани масолеҳи даркорӣ расидааст. Дар ҷойи кор ба кӯмаки нафаре умед бастанатон маънӣ надорад, ҳама чиз аз кӯшишу талошҳои худатон вобастагӣ дорад. Нафаре, ки пештар шуморо ранҷонида буд, узр мепурсад, вале ба гапаш бовар накунед. Ин дӯсти душманнамо аз таги поятон чоҳ кандан мехоҳад. Нафарони ношиносро ба хонаатон роҳ надиҳед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз ҳутҳо хеле мехоҳанд дар муҳити таскинбахш қарор дошта бошанд. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед. Дар ин давраи умр дар баробари кор кардан истироҳатро низ фаромӯш накунед. Айёми хубест барои муошират бо нафарони мансабдор, бо кӯмаки дӯстони курсинишин мушкилоти молиятонро рафъ месозед. Ба хабари тасодуфан шунидаатон диққат диҳед, онро бар нафъи худ истифода баред. Шом бо ҳар баҳона аз вохӯрӣ бо дӯстон худдорӣ намоед, вагарна аз муноқиша раҳоӣ намеёбед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ