Толеъномаи 16 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Ҳама гуна кору амалатон кӯшишу талоши зиёдро талаб мекунад. Дар муносибатҳои шахсӣ шубҳаву гумонро аз худ дур намуда, боҷуръат амал намоед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна тамоми пасандози худро дар як рӯз сарф карда азоби бепулӣ мекашед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи хубест барои оғози кори нав, сафару саёҳат ва муносибатҳои ошиқона. Барои барор гирифтани касбу кор қуввати зиёд сарф карданатон лозим намеояд. Аз суҳбат бо шахси дӯстдоштаатон болидаруҳ мегардед. Дар сарф кардани пул боэҳтиёт бошед, хатари аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо касе дарди дил кардану аз мушкилиҳои худ гуфтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна сахт пушаймон мешавед. Эҳтимоли муноқиша кардан бо нафарони ношинос, рух додани сӯхтор ё вохӯрӣ бо душман вуҷуд дорад. Агар дар рафтори  дӯстдоштаатон чизе табъатонро хира месохта бошад, хомӯш наистед, беҳтараш оромона хатогиҳояшро фаҳмонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз қувваи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Ҳарчанд мушкилиҳои сарзада ҳаётан муҳим набошанд ҳам, барои рафъ карданаш қувваву асаб ва вақти зиёд сарф мекунед. Ба кӯмаки нафаре умед набандед, тамоми вазнинӣ ба китфи худатон бор мегардад. Барои рафъ намудани вазъияти пурмоҷаро сабру таҳаммулро пеша намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявиатон  бо сабаби пеш омадани хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани чизи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Мардҳоро вохӯрии ногувор ё хабаре нигарон аст, ки ба ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои манфиро ворид месозад. Дар ҳама кор кӯшиши зиёд карданатон лозим меояд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз ҳад зиёд кӯшишу ғайрат накунед, коре ки ба назаратон душвор менамояд, дар асл сабук аст. Шубҳаву гумонро аз дил дур сохта боҷуръат амал намоед. Баъди нисфирӯзӣ аз баҳсҳои нодаркор ва муноқишаҳо худдорӣ намоед. Ба коре ки боиси нохуб гаштани саломатиятон мегардад, даст назанед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи бобарор аст, корҳои зиёдатон барор меёбанд. Нафароне, ки аз уҳдаи кор намебароянд, аз шиносони дерин кӯмак мепурсанд. Кӯшиш намоед, ки ба доираи нафарони бадкирдор ворид нагардед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира ва вазъи саломатиятон нохуб мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Воқеаҳои имрӯз ба асаб ва ҳолати руҳии шумо таъсири бад расонида, боиси ба ғазаб омадану муноқишаву низоъ мегардад. Сабаб дар он аст, ки чанд рӯзи охир сахт хаста шуда, ташвишу изтиробатон зиёд буд. Барои ба худ омадан бештар истироҳат кунеду аз дидори шахси дӯстдоштаатон болидаруҳ гардед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Хабарҳои ногувор ё бадгумонӣ нисбати шарикони корӣ боиси рух додани ғалат ва нофаҳмӣ дар ҷойи коратон мегардад. Эҳтимоли сарф кардани пул зиёд аст. Дар ҳаёти шахсиятон каме сард шудани муносибатҳо эҳсос карда мешавад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи серташвиш аст. Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба атрофиён ҳақ будани худро собит карда тавонед. Тамоми ғаму андуҳи дар қалбатон ниҳон бударо ба атрофиён нишон надиҳед. Ба касе қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вале худатон низ аз касе қарз нагиред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз пайи корҳои нав нашавед, корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Айни замон ба касе чизеро ваъда надиҳед, уҳдадориҳои зиёдро низ ба дӯш нагиред ва ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо хешовандони калонсолатон ногувориҳо сар мезананд. Аз зиддият худдорӣ намуда, гузашт кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои гуворо ва ногувор аст. Аз ҳама гуна муноқиша ва баҳсу мунозира худорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон мушкилӣ сар мезанад. Шумо бо шахси дӯстдоштаатон забон ёфта наметавонед ва бо ҳар сабаби ночиз муноқишаву низоъ ороста, баъдан сахт пушаймон мешавед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *