Толеъномаи 16-уми ноябри соли 2023
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Агар аз субҳи имрӯз танбалӣ накунед, рӯзи бобарор мешавад. Эҳтимол дӯстони дерин аз шумо кӯмак мепурсанд ё баръакс пешниҳодиҳои наву ҷолиб мекунанд. Дар ин рӯз бо кори идора ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо машғул нашавед. Чунин машғулиятҳо аз шумо нерӯи зиёд талаб намуда, боиси асабхаробиятон мегарданд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз бо корҳои душвор машғул шуданро тавсия намедиҳем. Бо коре машғул шавед, ки аз шумо машақати зиёдро талаб накунад. Дар баробари ин, аз вохӯриҳои корӣ ва пешниҳодҳои хуб рӯ нагардонед. Ба нуқтаи назари атрофиён гӯш андозед, хусусан агар бароятон қадр дошта бошанд, нисбати онҳо фориғболӣ накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Аввали рӯз каме серташвиш аст. Корҳои дар ин рӯз ба нақшагирифта бобарор анҷом меёбанд. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки таваккал мекунед, бурд мекунед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Бо нафари бароятон азиз бо сабабҳои ночиз баҳсу мунозира накунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз субҳ табъатон болидаву нерӯи зиёдро эҳсос мекунед. Қабл аз кореро ба сомон расонидан, бо аъзоёни оила, ҳамкорон ё нафарони ботаҷриба маслиҳат кунед. Нерӯи худро ба фоидаи кор истифода баред. Қабл аз ҳарферо ба забон овардан нағзакак андеша намоед, эҳтимол нафареро сахт меранҷонед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Аввали рӯз табъатон гирифта аст. Беҳтараш аз баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. Дар муноқишаҳои рухдода шумо ғолиб намеоед. Воқеаҳои рӯзҳои наздик табъи дили шумо намегарданд ва шумо барои ислоҳи вазъият коре карда наметавонед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор нест.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзи ором аст. Дар ҳаётатон ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Аз нафарони руҳан носолим дурӣ ҷустанатон беҳтар аст. Бо аҳли оила ва дар канори шахси дӯстдоштаатон худро роҳат эҳсос намуда, касе ба шумо зарар расонида наметавонад. Кореро ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯши худ нагиред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Бо вуҷуди ташвиши зиёд доштанатон, бо касе аз мушкилоти худ зиёд ҳарф назанед. Аз ғайбат кардани нафаре низ худдорӣ намоед. Бо ин амалатон нафареро сахт ранҷонида, бар зидди худ мешӯронед. Барои он ки ба саломатиятон таъсири бад нарасад, аз вазъиятҳое, ки боиси фишори руҳӣ мегарданд, дурӣ ҷӯед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Кӯшиш намоед, ки нисбати наздикони худ ғамхории бештар зоҳир намоед. Айни замон эҳтимоли ранҷонидани нафареро доред, ки бар асари он хафагиҳои дерина рӯ мезананд. Табъи нохуши худро дар коргоҳатон нишон надиҳед. Эҳтимоли аз хӯрок заҳролуд шуданатон зиёд аст. Бегоҳирӯзӣ дар бораи дӯстдоштаатон хабари нав мешунавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Бо вуҷуди хастагӣ имрӯз табъатон болидаву хотиратон шод мегардад. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи мусоид аст. Аз ҷониби нафаре, ки сидқан дӯсташ медоред, қаҳру ғазаб имкон дорад. Муҳим он аст, ки худро дар ҳама кор гунаҳкор наҳисобед, зеро барои хушбахтии ёратон ҳама кори аз дастатон омадаро кардаед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Беҳтар аст, ки дар ин рӯз аз вохӯрӣ бо сардоратон роҳи гурез ҷӯед. Ба гумон аст, ки шумо ба мақсади худ бирасед. Дар коргоҳ ба нафароне, ки ба рӯятон механданд, бовар накунед, баъзеҳо ба пешравиҳои шумо ҳасад мебаранд. Барои ба беморхона рафтану сар кардани табобат рӯзи бобарор аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи хубест барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона. Ба нафароне, ки ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накардаанд, бодиққат буданро тавсия медиҳем. Рафту дӯстдоштаи худро ёфта бошед, бо ӯ вақтатонро хуш мегузаронед. Пулҳои захиракардаатонро барои хариди фаврӣ сарф карданатон лозим меояд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Агар шумо ба наздикӣ аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед, ғамгин нагардед, шумо ҳеҷ гоҳ танҳо намемонед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале ҳамаи пули ба даст овардаро сарф накунед. Сафари таъҷилӣ ва як занги телефонии роҳбарият нақшаҳои шуморо барбод медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ