Толеъномаи 16-уми сентябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Муноқишае рух медиҳад, ки шумо ба он робитае надоред, вале зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед, ки аз роҳу усулҳои шубҳанок истифода набаред. Бо атрофиён зуд-зуд муноқиша мекунед. Бемориҳои рӯда эҳтимол доранд. Агар шумо рӯзи дароз менишаста бошед, кӯшиш кунед, ки об кам нӯшед. Агар изҳори муҳаббат карданӣ бошед, боҷуръаттар амал намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Нисбати наздикони худ фишор оварда, шумо онҳоро ба амалҳое водор месозед, ки айни замон омода нестанд. Эҳтимол бо сабаби норасоии пул муноқиша мекунед. Бемориҳои музмин хурӯҷ намуда, худро бад ҳис мекунед. Аз одатҳои бади худ худдорӣ намоед. Барои ба тартиб овардани фикру андешаҳои худ муваққатан аз дӯстдоштаатон дурӣ ҷустанатон лозим аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Нимаи аввали рӯз бо нафаре муноқиша мекунед, ки бурдбориву пешравиҳоятон аз ӯ вобастагии калон дорад. Таваккал кардану ба толеъ умед бастанатон лозим нест. Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Бештар дар ҳаракат бошед, машқи бадан кунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозаду мушкилиҳо фаромӯш мегарданд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бо рақибони пурзӯру тавоно ва ҳиллагар сарукор гирифтанатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ бурдборӣ насибатон мегардад. Барои шиносоиҳои нав, изҳори муҳаббат ва мулоқоти ошиқона рӯзи олиҷаноб аст. Саломатиятон хеле хуб аст, худро хуб ҳис мекунед. Дар муносибатҳои ошиқона самимиву росткор бошед, вақте расидааст, ки ба қарори қатъӣ биёед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба андешаи касе созиш накарда, дар натиҷа ба ғалат роҳ доданатон имконпазир аст. Масъалаҳои молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Барои беҳтар сохтани саломатӣ як даври табобати витаминҳоро гирифта, шумо қувваи худро дучанд мегардонед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйирот дида намешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Орзуву ниятҳоятон амалӣ нашуда, табъатон хира мегардад, вале дастгирии наздикон шуморо аз ин варта берун месозад. Аз харидҳои ғайринақшавӣ худдорӣ намоед: имрӯз шумо пулро беҳуда сарф мекунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон дар назар аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз мушкилиҳои молиявиро рафъ карда метавонед. Шумо пулро беҳуда сарф намекунед, балки хароҷоти худро ба нақша гирифта метавонед. Мулоқоти ошиқона хуш мегузарад, ба сафарҳо беҳтараш бо шахси дӯстдошта равед. Вазъи саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, нерӯятон зиёду бардам мегардед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дахолати фаъолонаи атрофиён ба зиндагиятон шуморо асабӣ мегардонад. Эҳтимоли бо бонувон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз аз саломатиятон дар ташвиш набошед, вале ба асабоният роҳ надиҳед, зеро ҳамаи бемориҳоятон бо сабаби ноором будани руҳу қалбатон аст. Тамоми хоҳишу дархости дӯстдоштаи худро амалӣ намуда, хушбахтии оилавиро барқарор месозед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо мушкили дигарон андармон шуда, вақти зиёдатонро сарф мекунеду корҳои худатон нотамом мемонанд. Хастагӣ боиси бемориҳо мегардад. Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед. Дар зиндагии оилавии худ дигаргунӣ ворид намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ бо нафароне, ки боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Танҳо ба қувваи худ умед баста метавонед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Хоҳишу дархостҳоятон дар ин рӯз амалинашавандаанд, вале аз роҳ гаштан намехоҳед. Барои бахти худ мубориза баред. Дар дунё кори осон нест. Аз мақсаду ниятҳои нафароне, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, бо амри дил хабардор гашта метавонед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ба касе имкон надиҳед, ки шуморо фиреб намояд. Нафарони зиёде аз зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳанд. Дар истеъмоли хӯрок ва муносибатҳои маҳрамона андозаро нигоҳ доред, вагарна худро бад ҳис мекунед. Бо ҳамкорон созиш карда наметавонед. Роҳбарият ғалату камбудиҳои худро ба сари шумо бор кардан мехоҳад. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи беташвиш аст. Аз хароҷоти беҳуда ва харидани чизҳои нодаркор худдорӣ намоед. Сарфакорӣ баъдан ба фоидаи худатон мегардад. Нимаи дуюми рӯз аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Аз ҳад зиёд нисбати саломатӣ таваҷҷуҳ намуда, воҳима накунед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз дағалӣ худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ