Толеъномаи 17 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Давомирӯз шуморо навигариҳои зиёде мунтазиранд. Нимаи дувуми рӯз вазъияти иқтисодиатон каме душвор мешавад. Ҳатто барои ҳалли камтарин мушкил шумо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Дар муносибатҳои шахсиатон низ дигаргуниҳо ба миён меояд.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Давоми рӯз нафарони наздикатон хеле серташвиш мешаванду таъсираш ба шумо низ мерасад. Дар рафъи мушкилотатон ба умеди дигарон нашавед, бояд худатон мустақилона амал кунед. Шарт нест, ки аз нияту нақшаҳоятонро дигарон ҳама огоҳ бошанд. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед беҳтар аст.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Эҳтимол бо нафаре шинос мешавед ва бо ӯ пинҳонӣ ишқварзӣ мекунед. Бояд эҳтиёткор бошед, зеро душманон кӯшиши резонидани обрӯ ва ба касбу коратон халал расониданро мекунанд. Набояд ба касе дарди дил кунед, чуноне мегӯянд “Чизеро, ки ду нафар медонанд, хук ҳам медонад” . Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта нофаҳмиву дилсардӣ пайдо мешавад. Ба маслиҳату машварати дӯстон гӯш андозед. Вазъи молиявиатон чандон хуб набуда, то охири рӯз маҷбӯр мешавед қарз гиред. Барои ҳалли мушкилот ба роҳҳои ғайри қонунӣ наравед. Рӯз барои мағозаву бозорравӣ мусоид нест.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Чи гуна ранг гирифтани ҳодисаҳо давоми рӯз аз худатон вобастагӣ дорад. Даромади иловагӣ ба даст овардан хоҳед танбалӣ накунед. Аз хушзабонӣ ва корчалонии хеш истифода баред то комём гардед. Дар муносибат бо ҷинси муқобил ҳушёру бомулоҳиза бошед аз рӯйи ҳавову ҳавас рафтор накунед. Дар фикри фиреб кардан афтода худ фиреб мехӯред.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Кӯшиш накунед, ки ақидаҳои хешро ба сари ҳамсафари ҳаётиятон бор кунед. Дар оилаи солим бояд гуногунандешӣ бошад. Дар коргоҳ нафарони бадхоҳ роҳбарро бар зидди шумо мешӯронанд. Муҳимаш ба эҳсосот дода нашавед ва аз муноқиша дур бошед. Барои оромии асабҳо ба пиёдагардӣ ва варзиши сабук машғул шавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ба саломатии худ бештар диққат диҳед то бемориҳои ирсӣ хурӯҷ накунанд. Аз истеъмоли хурокҳои кӯча ва тарабхонаҳо даст кашед. Бо дастгирии дӯсти наздикатон орзуи деринаатонро амалӣ мекунед. Шояд охири рӯз ба хориҷа сафар намоед. Барои онҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунанд рӯзи бобарор мешавад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Нисбати ба ҳамкорон дағалона ва ботакаббур муомила накунед. Ҷони атрофиён аз заҳри забони шумо ба лаб расидааст ва ҷавоби сазоворе хоҳед гирифт. Ба қадри меҳрубониву заҳматҳои ҳамсаратон расед. Ҳангоми ронандагӣ боэҳтиёт бошед. Хавфи ба садама дучор шуданатон мавҷуд аст.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Шумо табиатан одами ноустуворед, вале им рӯз бояд қатъиян яке аз тарафҳоро муаян кунед. Дигар наметавонед дар байн қарор гиред. Бештар ба корҳои эҷодӣ машғул шавед. Дар танҳоӣ сафар карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Рӯзҳои истироҳатро дар иҳотаи ёру дӯстон ва наздикон гузаронед. Саломатиатон давоми ҳафта шуморо ташвиш намедиҳад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз кори онҳое, ки ба тиҷорат ва ширкатҳои саёҳӣ рабт дорад барор мегирад. Дар ҷодаи ишқу ошиқӣ низ навгониҳои хуше дар назар аст. Эҳтимол баъзе ҷаддиҳо пешниҳоди издивоҷ гиранд. Бегоҳирӯзӣ манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Барои рафъи дарди меъда аз хурокҳои парҳезӣ истеъмол намоед. Ҳамчунин истеъмоли машруботро низ қатъ кунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯз каме душвор мегузарад. Кор он тавре, ки интизор доштед пеш намеравад. Маҳсулоти ба фурӯш гузоштаатон хуб савдо намешавад. Вале агар рӯҳафтода нашаведу аз корчалонии дӯстон истифода баред ин мушкилро низ метавонед паси сар кунед. Шом барои мулоқоти ошиқона ва айшу тараб муввофиқ аст. Саломатиатон хуб аст, вале боз ҳам аз пурхӯрӣ парҳез намоед беҳтар мебуд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рашки беасос ва бадгумоиатон боиси сардии муносибат бо дилдодаатон мегардад. Асабониятатонро сари ҳамкорон холӣ накунед. То вақте, ки дилатон ором нагирад дастатон ба ягон кор намеравад. Агар аз роҳбарият гӯшмол гирифтан нахоҳед бояд аввал муносибатҳои шахсиатонро хуб карда асабҳоятонро ором кунед. Аз хӯрдани ширинӣ ва хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ