Толеъномаи 17 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи санҷишу фитнаангезӣ буда, бебарор аст. Хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, бодиққату эҳтиёткор бошед. Барои шунидани хабари ногувор омода бошед. Ба кибру ғурур роҳ надиҳед. Аз сабру таҳаммули шумо муваффақияту пешравиҳо вобастагӣ доранд. Ба саломатӣ диққат дода, худро хаста нагардонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз тағйироти махсусро интизор нашавед. Чӣ гуна гузаштани рӯзро намефаҳмед. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ором ҷараён мегирад. Хабари хуш ё туҳфаро интизор бошед. Ба саломатиятон диққат диҳед. Каме нотоб гашта, бе ягон сабаб зиқ мегардед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аз субҳи содиқ нофаҳмиву низоъро интизор бошед. Сабаб дар кибру ғурур, фориғболӣ ва дағалиятон нисбати атрофиён аст. Зимни робитаҳо бодиққат ва ботамкин бошед, танҳо дар ҳамин сурат бурд мекунед. Барои табобат намудани беморие, ки азиятатон медиҳад, пулро дареғ надоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз субҳи имрӯз каме нотоб мегардед, вале қариби нисфирӯзӣ ҳолатон беҳтар мегардад. Кӯшиши танқид ё ба нафаре чизеро омӯхтанро накунед. Бегоҳирӯзӣ пеш аз хоб сайругашт намуда, андешаҳои бесарунӯги худро ба тартиб оварда метавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз ҳамкориҳо судманд гашта, аз муроҷиат ба роҳбарият бурд мекунед. Бо осонӣ нақшаву ниятҳои худро амалӣ мегардонед. Эҳтимол асадҳои муҷаррад бо шахсе шинос мешаванд, ки дар оянда такдири худро пайваст месозанд. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулиро аз даст медиҳед ё шахси дилпур хиёнат мекунад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз имкониятҳои гуногун фароҳам меояд. Бо шахсони даркорӣ робита намуда, кори даромаднокеро оғоз мекунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ реҷаи кори худро тағйир дода, бештар дар ҳаракат бошед. Зимни робита бо атрофиён ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна коратон пеш намеравад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Зимни гуфтор аз сарҳади эътидол берун нашавед. Бештар ба ҳарфи дигарон гӯш кунеду нуқтаи назари худро кам баён намоед. Аз вазъияти моҷароомез дурӣ ҷуед. Дар фаъолияти касбиятон тағйирот рух медиҳад, агар ҳушёриро пеша намоед, бурд мекунед. Ғалатҳое, ки пештар бонувони ин бурҷ содир намудаанд, боиси сарфи маблағ ва мушкилоти ҷиддӣ мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз агар ғалатҳои пештараи худро дар ҷойи кор рафъ карда тавонед, аз фишори руҳӣ эмин монда, монеаҳои ҷиддиро паси сар мекунед. Тамоми диққати худро ба хона ва муносибатҳои оилавӣ равона созед. Вазъи саломатиятон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба нафаре, ки аз шумо маслиҳат мепурсад, рад накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз мардонро лозим меояд, ки миёни муносибатҳои ошиқона ва уҳдадориҳои оилавӣ якеро интихоб намоянд. Дурандешона амал кунед. Ба қаҳру ғазаб  ва кибру ғурур роҳ доданатон боиси пеш омадани душвориҳо мегардад. Ба касе кӯшиши маслиҳат доданро накунед, хусусан агар нафаре аз шумо инро хоҳиш накарда бошад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар сурати мулоҳизаронии дуруст рӯзро бобарор паси сар мекунед. Аз уҳдаи коре, ки қаблан набаромада будед, бо муваффақият мебароед. Агар хоҳиши беҳтар сохтани зиндагии худро дошта бошед, чунин имкон бароятон фароҳам меояд. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар дар ин рӯз аз муноқиша бо аҳли оила худдорӣ карда, монеаҳои дигарро паси сар карда тавонед, минбаъд муваффақият ҳамсафари шумо мегардад. Нафаре ба кӯмаку дастгирии шумо ниёз пайдо мекунад. Агар имконият дошта бошед, ба ин нафар ҷавоби рад надиҳед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз ба мушкилиҳои хурди оилавӣ ва душвориҳои молиявӣ дучор мегардед. Имкони муҳокима кардани ҷиҳатҳои мусбиву манфии вазъияти худро пайдо мекунед ва нақшаи коратонро тартиб медиҳед. Бештар бо солимгардонии руҳу тан машғул шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *