Толеъномаи 17 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз маҷбӯр мешавед, ки нақшаҳоятонро дигар кунед ва ин ҳолат шуморо хастарӯҳ мегардонад. Илова бар ин хабарҳое мешунавед, ки боиси асабониятатон мегардад. Хабарҳои мазкур ғайриихтиёр фикру зикри шуморо ба худ банд мекунад ва шумо дар андешаи он меафтед, ки барои тағйир додани вазъият чи бояд кард. Пеш аз хулосабарорӣ то кадом андоза ҳақиқат доштани  ин хабарро санҷед беҳтар мебуд.  Таоми рӯз асабӣ гашта бо атрофиён забон ёфтанатон мушкил мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Тамоми рӯз шумо танбалӣ карда, дар пайи иҷрои ягон кор намешавед. Ҳарчанд ба хубӣ дарк мекнед, ки ин рафторатон оқибатҳои хуб намеорад. Беҳтараш танбалиро канор гузоред ва худро ба кор кардан маҷбӯр созед. Чуноне мегӯянд; Одам хушро бояд кор фармояд на хуш одамро” .  Наздиконатон айни замон ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд, бинобар ин фориғболӣ накунед ва ҷилави аспи тақдирро ба дасти хеш гиред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Давоми рӯз мувозиби саломатии хеш бошед.  Зеро хатари бад шудани вазъи он калон аст.  Саломатиатон бе восита ба табъи шумо вобаста аст. Бинобар ин аз муошират бо одамоне, ки мувофиқи табъатон нестан, ё онҳое, ки ҳамеша аз зиндагӣ меноланд канораҷӯӣ кунед. Беҳтараш ба тамошои филм ё барномаи консертӣ равед то таъатонро болидаву саломатиатон хуб гардад. Ба эроду хурдагириҳои атрофиён аҳамият надиҳед, фикри дагарон набояд боиси бедорхобиву асабонияти шумо гардад. Барои худатон зиндагӣ кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Шумо ҳамеша кӯшиш мекунед, ки новобаста аз мушкил буданаш ба боварии атрофиён сазовор бошед. Ба умеде, ки ин амалатонро қадр мекунанд ва нисбат ба шумо эҳтиромашон  зиёд мегардад. Аммо ҳайҳот  нозу хоҳиши онҳо ҳар бор аз пешина зиёдтар мешаваду миннатдорие намебинед.  Чунин ҳолат боиси асабоният ва рӯҳафтодагииатон гашта, метавонад сабаби фишори равонӣ гирифтанатон гардад. Беҳтараш  рухсатии меҳнатӣ гиред ва бо азизонатон бештар вақт гузаронед

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳарчанд давоми рӯз пешниҳодҳои хубе мегиред, лекин имконияти қабул кардани онро намеёбед. Ва ё шоядам барои қабули он омода нестед.  Дар маҷмӯъ рӯз хуш мегузарад. Тани шумо пур аз нерӯву дилтон пур аз фараҳ аст ва бо ин зиндадиливу қувваи худ ба наздиконатон хушиву хурсандӣ мебахшед.  Дар муошират бо ҳамсар ё  дӯстдоштаатон боэҳтиёт бошед, зеро чизе, ки маъмулӣ меҳисобед метавонад аз нигоҳи вай ғайри қобили қабул бошад

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сабур бошедед,  ба наздикӣ ҳама корҳоятон хуб мешаванд. Вале имрӯз  чи дар корхона ва чи дар хона ба мушкилоти гуногун рӯ барӯ мешавед. Рӯз барои оғози кори нав, машғулиятҳои варзишӣ ва кори вазнинӣ ҷисмонӣ мувофиқ нест. Инчунин аз шиносоии нав дар ин рӯз худдорӣ намоед беҳтар аст.  Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки рӯзро бо тамошои филмӣ хуб ё хондани китобҳои бадеӣ сипарӣ намоед.  Муошират ва саёҳат бо кӯдакон ва ҳайвонҳои хонагӣ метавонад табъатонро болида созад.  Барои раҳоӣ ёфтан аз якрагии дилгиркунанда ба ҳаёти маҳрамонаатон навгоние ворид созед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳушёр бошед, бадхоҳон ва душманон дар каминанд ва мунтазири оддитарин хотагӣӣ шумо ҳастанд. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо сабаб надиҳед. Либоси нав ба бар кунед, баъзан худатонро низ ба қавле эрка кунед. Шарт нест, ки ҳамеша ҷиддиву дар фикри кор бошед. Худхоҳ нашавед дар бораи хушии ҳамсафари ҳаётиатон низ фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки ин ҳафта на танҳо барои шумо, балки барои наздиконатон хуш гузарад

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Нимаи аввали рӯз маъюсу ғамгин мешавед.  Чизҳое, ки рӯзе пеш ба шумо хушӣ меоварданд айни замон ба назаратон хато ва номақбул менамояд. Вале дар чунин ҳолат ба эҳсосот дода нашавед ва хулосабарорӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз вазъият ранги дигар мегирад. Агар дар интихоби роҳи дуруст мушкилӣ мекашед аз ҳамсари ҳаётиатон кумак пурсед. Вай бо маслиҳати хеш шуморо аз ин варта раҳоӣ мебахшад. Шом истирҳат  волидайн ва хоҳару бародарони хешро ба меҳмонӣ даъват кунед

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Давоми рӯз  шумо маҷбур мешавед, ки мушкилоти зиёдеро паси сар кунед.  Ва ин корро бояд дар танҳоӣ анҷом диҳед аз машварату маслиҳати касе кор набаред. Илова бар ин нимаи дувуми рӯз ба сафари кории ногаҳонӣ фиристода мешавед ва маҷбӯр мешавед, ки маблағи зиёдеро сарф намоед. Аммо шумо бояд оромиро аз даст надиҳед. Барои истироҳат ва барқарории нерӯятон вақт ҷудо кунед, чунки охири рӯз шумо ба он ниёз пайдо мекунед. Ба ҳар кори ҳамсафари ҳаётиатон шарик шуда, уро аз худ дилсард накунед.  Бо ин рафтор шахсияти вайро зери по мекунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Воқеъаҳо давоми рӯз тибиқи хоҳиши шумо сурат намегиранд. Кореро,ки ба вай умеди зиёд баста будед бо сабабҳои гуногун ба ақиб гузошта мешавад. Вале шумо таслим намешавед ва қаҳрамонона бо мушкилот мубораза мебаред ва ин рафторатон барои дӯстони наздик намунаи ибрат мегардад.  Нимаи дувуми рӯз барои шиносоии нав мусоид аст. Шиносоии мазкур метавонад ба муносибати нави ошиқона ва фаромӯшношаванда асос гузорад. Хело вақт дар фикри оғози кори нав будед, барои ин фурсати муносиб фаро расидааст. Дӯстдоштаатон шуморо дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекунад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

рӯз дар маҷмӯъ хуб мегузарад. Махсусан нимаи аввали он бобарор меояд. Эҳтимол дар зинаи кор боло равед. Нимаи дувуми рӯз дар машварат ва баҳсу мунозираҳои корӣ фаъолона ширкат варзед. Шояд маҳз идеяи шумо аз ҳама беҳтарин эътироф гардад.  Сӯҳбати самимӣ бо наздикон боиси ҳалли муноқишаҳои куҳан ва хуб гаштани муносибатҳо  мегардад.  Ба эҳсосот дода нашавед, хунсардиро дар ҳама ҳолат нигоҳ доред то дили касеро озор надиҳед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Шахсонеро, ки зери ин бурҷ тавлид шудаанд вокеахои хубу хотирмон инчунин хушиҳо гӯшношунид интизоранд. Нимаи дувуми рӯз бисёре аз орзуҳояшон амалӣ мешаванд. Дар коргоҳ ҳусудон махсус шуморо ба бҳсу ҷанҷол мехонанд, аммо беҳтараш аз ҳама гуна вазъияте, ки боиси асабониятатон мегардад др бошед. Саломатиатонро эҳтиёт кунед, зеро хатто хархашаи кучак метавонад боиси баланд гаштани фишор ва рухафтодагиатон гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *