Толеъномаи 17-уми декабри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хубест барои истироҳати бофароғат, корҳои ҷисмонӣ ва робитаи васеъ. Беҳуда ба ташвиш афтодану овора шуданро маслиҳат намедиҳем. Ботамкиниву дилкушодӣ боиси пешравӣ ва комёбиятон мегардад. Фаромӯш насозед, ки ҷозибаи шумо муъҷиза меофарад.
Савр (21 апрел-22 май)
Бисёр рӯзи вазнин аст, ҳатто дар ҷойи кор вазнинӣ эҳсос карда мешавад. Аз имкон дур нест, ки муносибати сардору ҳамкорон бо шумо бад мегардад. Ба монеаҳои садди роҳатон гашта диққат надиҳед. Рӯзи санҷиш аст. Қабл аз хоб оббозӣ карданатон хуб аст. Аз ҷойҳои серодаму торикӣ дурӣ ҷӯед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Мушкилоти ҷамъшуда нимаи аввали рӯзро фаро мегиранд. Мардҳо бояд хатои дӯстдоштаи худро бахшида тавонанд. Танҳо дар ҳамин сурат қалбатон орому хотиратон ҷамъ мегардад. Ба бонувон бодиққату ҳушёр буданро тавсия медиҳем. Аз ваъдаву қавлу қасам ва суханҳои беҳуда худдорӣ намоед. Хобҳоятон баъди се рӯз амалӣ мешаванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бахшиши гуноҳҳо, тавба ва иқрор шуданҳост. Нисбати наздикон босабр бошед. Муноқишаи байнатон рухдода танҳо баъди суҳбати ошкорову самимӣ рафъ мегардад. Пешниҳодҳои судманд имкон доранд. Қабл аз хариди калон нағзакак андеша намоед. Нисбати уҳдадориҳоятон бодиққат бошед, ба кумаки дӯстон умед набандед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз аз ҷониби шахси бегона ба саломатиятон зарар расиданаш имкон дорад. Ҷангу моҷаро ногаҳонӣ рух дода метавонад. Танҳо дар ҳузури фарзандон дар ин рӯз роҳат карда метавонед. Бароятон истироҳати кӯтоҳ лозим аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҳавои боронӣ нишонаи наздикшавии хатар аст.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Маҳз дар ҳамин рӯз ҳис мекунед, ки аз уҳдаи тамоми корҳои душвор мебароед. Ҳар кореро, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорон оғоз намоед, муваффақ мегардед. Агар душвориҳо пеш оянд, аз шахси бароятон азиз мадад ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо шахсони бароятон наздик ва эҷодкориҳо.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мушкилоти рӯзгор бо табъи хуши ошиқона ва дар интизории тағйирот тавъам меоянд. Муносибат бо дӯстону наздиконатон хуб аст, ба шарте худро ба даст гирифта тавонед, ягон ҳодисаи ҷиддӣ рух намедиҳад. Тамоми корҳоятонро бомуваффақият ба анҷом мерасонед. Бо нафаре вомехӯред, ки чанде пеш дӯсташ медоштед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Хоҳиши тағйир додани зиндагиро мекунед. Саросема нашавед, дар лаҳзаи охир ҳама чиз метавонад тағйир ёбад. Барору бурдбории ба даст омадаро маҳкам доред, вагарна ба зудӣ аз даст мераванд. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ғайриоддӣ аст, онро барои ҷорӣ намудани тартибот бубахшед. Барои ҷойгардонкунии мебел рӯзи хуб аст. Бо корҳои вобаста ба пул машғул нашавед, бо сабаби беҷуръатӣ ва соддагии зиёд фиреб хӯрданатон имкон дорад. Ошиқ шуданатон эҳтимол дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз ҳад зиёд хӯрдагир буданатон ҳатто нафаронеро, ки шуморо хуб мешиносанд, ба ҳайрат меорад. Ботаҳаммул бошеду худро ба даст гиред, вагарна беинтизомӣ ва манмании беандозаатон нохушиҳои зиёдро ба саратон меорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар соҳиби фарзанд бошед, ба онҳо диққати бештар диҳед. Тамоми мушкилиҳои пешомадаро мустақилона рафъ месозед. Саломатиятон хуб бошад, чизе наметавонад хотиратонро дар ин рӯз озурда намояд. Дар муносибат бо нафарони калонсолтару ботаҷриба нофаҳмӣ эҳтимол дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳодисаҳои ин рӯз чунон зиёд мешаванд, ки саратон чарх мезанад. Барои ҳама шахси даркорӣ мешавед, вале вақту имкон намеёбед. Ҳар кори саркардаатон муваффақият меорад. Бо ободонии хонаву дари худ машғул мешавед. Даромади ногаҳонӣ имкон дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ