Толеъномаи 17-уми майи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар ҷои коратон муноқишаҳои гуногун сар зада, шуморо низ ба он ворид месозанд. Беҳтараш нафареро ҷонибдорӣ накунед, бетараф буданатон хубтар аст. Дар акси ҳол, бе ягон гуноҳ гунаҳкор мешавед. Ҳамалҳои сарватманд бояд бо ҳамкорони нав якҷоя амал намоянд.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз ҳад зиёд ба кор дода нашавед, вагарна ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Вохӯрӣ бо дӯстон боиси нофаҳмӣ ва хастагиятон мегардад. Танҳо аз вохӯрӣ ё мулоқоти ошиқона табъатон болида мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Нимаи аввали рӯз барои савдогарон ва масъалаҳои пулӣ номусоид меояд. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, аз ҳад зиёд зудбоварӣ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Аз таваккал кардану корҳои вазнини ҷисмоние, ки ба саломатиятон беасар намемонанд, худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд мегардад, аз ин рӯ, метавонед аз пайи амалӣ намудани корҳои муҳим шавед. Барои мулоқоти ошиқона ва рафъи мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд дошта бошанд, рӯзи мусоид аст. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб гаштанатон нишонаи хастагӣ аст.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи бобарор аст. Корҳоеро, ки дар оянда боиси мушкиливу сарфи зиёди маблағ мегарданд, зудтар ба анҷом расонед. Баъди нисфирӯзӣ ба амри дил гӯш дода, амал карданатон беҳтар аст. Қабл аз он ки аз нафаре кумаки касбӣ ё молиявӣ мепурсед, нағзакак андеша намоед, шахсе, ки шумо наздаш гардани каҷ карданиед, чандон боэътимод нест.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар оқилонаву дурандешона амал намоед, кореро, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед, рафъ месозед. Барои шуғлҳои ошиқона вақти мусоид аст. Агар хоҳиши тағйир додани ҳаёти шахсиятонро дошта бошед, чунин имконро пайдо месозед. Дӯстони дерин ба суроғатон меоянд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳар мушкиле, ки имрӯз ба саратон меояд, набояд боиси яъсу ноумедиятон гардад. Дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша намоед. Мизонҳое, ки фарзанд доранд, бояд ба тарбияи онҳо диққати махсус диҳанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ вақту маблағро дареғ надоред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар сафару саёҳатҳо шиносҳои нав пайдо карда, воқеаҳои хотирмон дер боз дар хотиратон нақш мебанданд. Агар худро нотоб ҳис кунед, ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед. Барои он ки ҷароҳат набардоред, эҳтиёткориро пеша намоед. Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтану маблағи калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, содаву зудбовар нашавед, вагарна пулҳоятонро аз даст медиҳед. Барои он ки ба саломатиятон зарар нарасад, аз корҳои хатарнок ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Дар симои шахси дӯстдоштаатон шахси идеалиро наҷӯед, дар акси ҳол, муносибатҳоятон вайрон мегарданд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз кори наверо оғоз кардану уҳдадориҳои иловагиро ба дӯши худ гирифтанро маслиҳат намедиҳем, он чизе ки ба назар осон менамояд, дар асл кори душвор аст. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, дар маъракаҳо ширкат наварзед, вагарна аз баҳсу мунозира халосӣ намеёбед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи хубест барои корҳои вазнини ҷисмонӣ, сайругаштҳои дарозмуддат ва сафару саёҳатҳо. Муносибатҳои ошиқона хеле хуб ҷараён гирифта, хушбахтии комилро эҳсос мекунед. Ба ҳодисаҳое, ки тағйироти куллиро талаб мекунанд, диққат надиҳед. Нисбати дарди шикам бепарвоӣ зоҳир накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҳама гапу ҳама корро ба дил наздик қабул накунед. Албатта ба ҳодисаҳои рухдода беаҳамиятӣ кардан душвор мегардад, вале барои худ шуғлеро пайдо кунед, ки асабатонро ором созад. Барои расидан ба мақсад дӯстони хубро интихоб намоед ва кӯшиш кунед, ки сафи душманонатон зиёд нагарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *