Толеъномаи 17-уми марти соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз субҳ бо табъи хира бедор шуда, барои кори хубу шоиста кардан ҳавсала надоред. Сабабгори вайрон шудани муносибатҳоятон бо шахси бароятон наздик худи шумо ҳастед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон гузашт карданро омӯзед, бо якравию дағалӣ ҳам дил меранҷонеду ҳам бахтатонро аз даст медиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз пулҳоятонро сарфа кунед, ба чизе, ки дар хариданаш маблағатон намерасад, умед набандед. Баҳсу мунозира ва ҳатто бо нафаре маслиҳат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ қабл аз хоб сайругашт кардан ба саломатиятон фоида дорад. Нафареро, ки сахт дӯст медоред, бо суханони пурмеҳр шод гардонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба нафаре ошиқ мешавед, ки кайҳо боз ба шумо маъқул буд. Хаёлҳои хомро аз сар дур карда, аз ӯ низ меҳру муҳаббатро талаб накунед. Бо мурури вақт ҳама чиз аён мегардад ва барои он ки шитоб накардед, шод мегардед. Баъди нисфирӯзӣ шамол хӯрдану баланд шудани ҳарорати баданатон имкон дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз зери таъсири нафарони бегона қарор гирифтану фиреб хӯрданатон имкон дорад. Фишори шахси дӯстдоштаатон боиси руҳафтодагиятон мегардад. Худро ба даст гирифта, наздаш дарди дил накунед. Маблағи пулие, ки айни замон дар даст доред, ба зудӣ тамом мешавад. Ба саломатии худ беаҳамиятӣ накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз натиҷаи меҳнату заҳматҳоятонро дида, маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Муносибатҳои ошиқонаатон ба филмҳои зебо монанд мегарданд. Вохӯриҳои ошиқона, изҳори муҳаббат, ранҷиш ва оштишавӣ бо шахси дӯстдошта хотирмон мегузаранд. Бегоҳирӯзӣ ба маъракае даъватӣ мешавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз хатари зери таъсири бегонагон афтоданатон имкон дорад, аз робита бо нафароне, ки хуб намешиносед ва шахсони бароятон номаъқул дурӣ ҷӯед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ доданатон имкон дорад. Дар ин рӯз харидани воситаҳои косметикиро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ оббозӣ кардану машқи бадан ба саломатиятон фоида мерасонад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз тамоми фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур карда, ҳамзамон аз робита бо нафароне, ки нисбати шумо самимӣ нестанду фиребгару қаллобанд, дурӣ ҷӯед. Рӯбучини пурраи хона ва қабули меҳмонро низ тавсия намедиҳем. Кӯшиш намоед, ки ба атрофиён гапи дурӯғ нагуфта, ба ҳар гуна ғайбату буҳтон гӯш надиҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надода, хусусан нисбати нафарони аз худатон калонсол эрод нагиред. Табъатон нохушу вазъи саломатиятон бад гашта, ба ҳар кор хурдагирӣ карда, дағалӣ мекунед. Кӯшиш намоед дар танҳоӣ вақт гузаронида, асаби худро эҳтиёт кунед, вагарна бемор шуданатон имкон дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар имрӯз аз сидқи дил меҳнат кунед, ба кумаку дастгирии коргарону сардоратон умед баста метавонед. Аз он ки дар қалбатон оташи меҳру муҳаббат хомӯш гаштааст, шуморо ба изтироб меорад. Ба масъалаҳои молиявӣ диққати хоса диҳед. Агар маблағи худро барои ба даст овардани кори сердаромад сарф кунед, бурд мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Танҳо суҳбатҳои ошкоро муносибатҳоятонро қавӣ ва чуқуртар месозанд. Ҳар қадаре сирру асрори худро аз атрофиён пинҳон кунед, ҳамон андоза аз шумо пинҳонкориро кам мекунанд. Дар ин рӯз нисбати шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ хеле бодиққат бошед. Нишонаҳои шамолкаширо беэътибор намонед, дарҳол витамин истеъмол кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз қувваи худро ба ҳар кори ночиз сарф накунед. Ғамхориву нигоҳубини нафарони бароятон наздик бояд дар мадди авал бошад. Дӯсти наздикатон қарзи калонро бармегардонад ва вазъи молиявиатон беҳтар мегардад. Бегоҳирӯзӣ ба сафар баромаданро ба нақша нагиред, хусусан бо мошини худ ба роҳи дур сафар накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Нафароне, ки бо тиҷорати шахсӣ машғуланд, бурд мекунанд. Бо шахси дӯстдоштаатон бе ягон сабаби ҷиддӣ муноқиша мекунед. Вазъи молиявиатон бо сабабҳои бароятон номаълум бад мегардад. Ба саломатиятон беэътиноӣ накунед, вагарна бемориятон тӯл мекашад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ