Толеъномаи 17-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нафароне, ки бо кори тиҷорат ва савдо машғуланд, даромади калони пулӣ ба даст намеоранд, вале кӯшиши зиёд харҷ менамоянд. Ба хонаатон омадани меҳмон имкон дорад. Ҳамсафари ҳаётӣ бо шумо ифтихор мекунад. Ба наздикони худ лаҳзаҳои гуворо тақдим карда метавонед.
Савр (21 апрел—22 май)
Аз субҳи имрӯз табъатон болида мешаваду хушҳолӣ эҳсос мекунед. Рӯзи бобарор аст, дастгириву кумаки дӯстону наздиконро эҳсос мекунед. Барои вохӯриҳои ошиқона ва машғул шудан бо табобати тиби халқӣ мусоид аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани гӯгирд ва оташ аз нохушӣ дарак медиҳад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар давоми рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо менамоед. Сафару шиносоиҳо, вохӯрӣ бо дӯстони дерин хуб аст. Ба хонаатон меҳмон меояд. Дар хоб дидани рақсу бозӣ аз шунидани пайғом дарак медиҳад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар шумо эҷодкор бошед, тамоми нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Ҳамсафари ҳаётиятон бо хабари хуш хурсанд мекунад. Аз имкон дур нест, ки бегоҳ ба хонаатон меҳмон меояд. Дар оила зодрӯзи яке аз наздиконатонро ҷашн гирифта, дилхушӣ мекунед.
Асад (23 июл—23 август)
Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва бо табобат машғул шудан. Занҳои дар ин моҳ тавлидёфта пуштибону дӯстони нав пайдо мекунанду қобилиятҳои худро нишон дода метавонанд. Ба мардҳо тавсия дода мешавад, ки бо дидани бонувони зебо худро ба даст гиранд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Бо сабаби худро бад ҳис карданатон аз ҳад зиёд бо кор хаста нашавед. Ба сафари роҳи дур баромадану мошинро бо суръати баланд ронданро тавсия намедиҳем. Дилатон аз шахси дӯстдоштаатон монда, руҳафтода мегардед. Барои аз ҳолати яъсу ноумедӣ баромадан дастгирии наздиконро рад накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо вуҷуди баъзе нобарориҳо муносибатро бо шахси наздик мустаҳкам карда метавонед. Аз оқилагиву дастгирии шахси дӯстдоштаатон пешравии корҳои шумо вобастагӣ дорад. Воқеаҳои дар ин рӯз рухдода хотиратонро хеле болида месозанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи ором аст, ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Аз наздикон худро дур нагиред. Кӯшиши аз дигарон як сару гардан боло буданро накунед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Корҳои вазнини ҷисмонӣ тавсия дода намешавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Сафару рухсатии меҳнатӣ табъатонро болида месозанд. Ақидаҳои наву ташаббусҳоятонро наздикон хуб қабул мекунанд. Нисбати атрофиён зудбовар шуда, меҳрубонӣ зоҳир карданатон оқибат пушаймонӣ меорад. Ба саломатии гурдаҳо диққат доданатон лозим аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз доираи нафароне, ки боиси асабхаробиятон мегарданд, худро канор гиред. Одати дар назди дӯсту душман дарди дил карданро партоед. Ба ҳар нафаре, ки изҳори муҳаббат мекунад, дарҳол бовар накунед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи бобарор аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Сафару шиносоиҳои нав ё вохӯрӣ бо дӯстон дар назар аст. Маблағи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Аз ин лиҳоз, имкониятҳои худро пешакӣ дида бароед. Ба ошиқатон меҳрубонии бештар зоҳир намоед, вагарна барои дилашро ёфтан вақту маблағи зиёде сарф карданатон лозим меояд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз табъатон болида мегардад, хушчақчақ мешавед ва бо атрофиён ба зудӣ забон ёфта метавонед. Нуқтаи назари худро иброз карданро омӯзед. Бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон забон ёфтан душвор мешавад. Беҳтараш тамоми рӯз ба ягон гапу кораш эрод нагиред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ