Толеъномаи 17 январи 2020, ҷумъа
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода метавонед, ки рафъ карданаш душвору оқибаташ ногувор мегардад. Аз ин рӯ, дар ҳар коре, ки оғоз мекунед, ҷиддӣ, бодиққат ва зирак бошед. Нафаре аз шарикони корӣ ба саратон мушкилоти зиёдеро меорад. Табъатон гоҳе хушу гоҳи дигар нохуш мегардад, ягона чизе, ки муътадил мемонад, ин гузашт накардани шумо аст. Якравӣ боиси ҷангу муноқиша ва ранҷиши шахси дӯстдоштаатон мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи хубест барои рафъ сохтани мушкилоти касбӣ ва иқтисодӣ. Корҳоятон барор гирифта, ҳатто бо ҳамкорони пешина робитаҳои кориро барқарор карда метавонед. Шиносоии нав ба ҳаётатон дигаргуниҳои зиёдеро ворид месозад. Мутаассифона муносибатҳои ошиқона табъи дили шумо сурат намегирад. Барои хоби бароҳат бегоҳирӯзӣ як пиёла лимӯчой нӯшед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Нисбати худ ва дастовардҳоятон сахтгир бошед, дар сурати ҳавобаландиву мағрурӣ нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо аз осмон ба замин мефароранд ва ин ҳолат боиси шикасти руҳиятон мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз қароре, ки шумо пеш мегиред, ояндаатон вобастагӣ дорад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз хеле бодиққат буданатон лозим аст, бо сабаби фориғболӣ бисёр чизҳоро аз мадди назар дур месозед. Дар ҳар соҳае, ки фаъолият менамоед, хоҳ техникӣ бошаду хоҳ нақлиётӣ шумо бояд эҳтиёткор бошед. Хушбахтона наздикон бароятон мушкилоти иловагӣ пеш намеоранд. Дар муносибатҳои шахсӣ рух додани муноқиша дар назар нест.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Шумо ба хотири ҷорӣ намудани тағйирот дар зиндагиятон ба бисёр корҳо омода ҳастед. Аз нақшаву шиносҳои пештара рӯ тофта, шумо нафареро дар ҳоли ногувор мегузореду боиси ранҷ кашиданаш мегардед. Дар ин рӯз муноқишаҳои шадид имкон доранд. Барои расидан ба мақсад азоби бисёр мекашед. Нафаре аз наздикон барои паст кардани оташи қаҳру ғазаби шумо саҳми худро гузошта метавонад. Маҳз бо шарофати ҳамин нафар шумо аз хатогӣ амон мемонед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи мусоидест барои робита бо нафароне, ки соҳибэҳтиром ва вазифаи баланд ҳастанд. Дар баробари дилёбӣ шумо метавонед мавқеи худро мустаҳкам гардонед. Масъалаҳои молиявӣ ва молу мулкиро ба миён гузошта, шумо бурд мекунед. Тамоми имкониятҳоро истифода бурда, наздикони худро бо ғамхорӣ фаро мегиред, вале худатон нафаҳмида, озодии нафареро маҳдуд месозед. Фарзандон бо инҷиқиву калонсолон бо танқид норозигии худро баён мекунанд.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Шумо имкони пайдо намудани сарпарастони бонуфузро пайдо мекунед. Ҳар қадаре ҷидду ҷаҳд намоед, ҳамон андоза натиҷаи беҳтар ба даст меоред. Бо ками худ қаноат накунед, кӯшиши зиндагии беҳтарро намоед. Хабару ҳодисаҳои вобаста бо наздиконатон шуморо ба ташвиш меоранд. Кӯшиши ба нафаре, ки дар ҳоли душвор дорад, кӯмак расониданро накунед, мушкили зиёдро ба дӯши худ бор накунед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд, то ки аз ҳолатҳои ногувор ва душвориҳо эмин монед. Рӯзи вазнину серташвиш аст, ҳар лаҳза бояд барои сари қароре омадан омода бошед. Хусусан мушкилоти оилавӣ боиси саргардониҳои зиёдатон мегардад. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон дар назар аст. Дар ин рӯз шумо аз нигоҳи аввал ва девонавор ошиқ мешавед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз ба ғалату камбудиҳои зиёде роҳ дода, на танҳо барои худ, балки барои ҳамкорон мушкилӣ эҷод мекунед. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки ҳатман аз пайи кор шуданро аз шумо тақозо мекунанд. Баъзан ба ақиб нигариста, камбудиҳои сарзадаро рафъ кунед. Ба дастгириву танқиди атрофиён омода бошед, зеро имрӯз онҳоро сахт ба ҳаяҷон меоред. Агар оромиро нигоҳ дошта тавонед, вазъият муътадил мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар масъалаҳои корӣ душманони обрӯманд пайдо мекунед. Баъзеҳо дучори мушкилоти ҳуқуқӣ гашта, корашон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ алоқаманд мегардад. Аз ҷониби дигар, диққати худро ба кор ҷалб намуда, корҳои мушкилтаринро рафъ сохта метавонед. Наздикон ба нуқтаи назари шумо сар мефароранд. Ба хӯрдани ширинӣ ва хӯрокҳои равғанин дил бастанатон боиси бад гаштани ҳолати саломатиятон мегардад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз аз пештара бештар ба дастгирӣ ниёз пайдо мекунед ва онро аз ҷониби нафароне мегиред, ки қаблан бо шумо муносибати нек надоштанд. Эҳтимол нафаре туҳфа тақдим мекунад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Каме бад шудани вазъи саломатӣ нақшаҳоятонро барбод ва табъатонро хира мегардонад.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Даромади молиявӣ табаътонро болида месозад. Аксарияти нафарони дар мучали ҳут тавлидёфта имрӯз бо осонӣ пул ба даст меоранд. Дар ҳаёти шахсиятон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Нафароне ки аз дӯстдоштаи худ сири пинҳонӣ доранд, имрӯз маҷбур шуда дарди дил мекунанд. Барои оромии асабҳо бештар дар соҳили дарё нишастанро тавсия медиҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ