Толеъномаи 18 октябр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Баъзе нофаҳмиҳо ба миён омаданаш мумкин аст, ки ҳалли онро танҳо бо  наздиконатон анҷом диҳед. Дар баробари ин мебояд, ки вақти бештари худро бо ҷомеа ва дӯстон  гузаронед. Кӯшиш кунед, ки ба овозаҳои беасос дода нашавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Имрӯз барои саврҳо  хеле хотирмон пешбинӣ шудааст, зеро нафарони таҳти ин бурҷ бударо тӯю хурсандӣ дар пеш аст. Вохӯрии шахси дӯстдор ва омода шудан ба  ҳаёти минбаъда аз кӯшиши онҳо вобастагии зиёд дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар имрӯз майлу рағбат нисбати оиладорӣ дар ҷавзоҳо зиёд мегардад.  Агар  шахси ягонаи худро дошта бошанд, вақти худро бо ҳамдигар гузаронидан хеле хуб аст. Нафарони зери ин бурҷбуда метавонанд муносибатҳои навро оғоз кунанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Кӯшиш кунед, ки хабаркашҳоро аз худ дур кунед ва хаёлатонро ба мавзуъҳое, ки муҳим аст, равона кунед. Аз мобайни хешу ақрабо нафаре ба шумо кумаку дастгирӣ мекунад. Харидани таҷҳизоти лозимӣ ва техникаҳои маишӣ айни муддаост.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Чанд масъалаҳое вуҷуд дорад, ки  шуморо дунболагир аст. Он ҳам нофаҳмоиҳо барои барпо намудани  тӯй  миёни волидони шумо мебошад. Барои дӯстдорони варзиш  рӯзи пешравию муваффақиятҳост.  Дар коргоҳ муносибати хубу чеҳраи кушода шуморо ба зинаи боло мебарорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Беҳтараш имрӯз нақшаҳои асосиатонро ба таъхир гузоред. Бештари вақтатонро  дар ҳалқаи кӯдакон гузаронидан неруи зиёдро аз худ мекунед, ки барои анҷоми нақшаҳои дар пеш истода хеле муфид аст.  Тавсия барои нафарони зери ин бурҷ буда дар имрӯз ин аст, ки бояд андеша ва пешниҳоди аз тарафи аҳли оила мешударо ба назар гиранд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Гузаронидани бисёр вақти хешро дар ҳалқаи пайвандон тавсия медиҳанд. Муносибатҳое, ки  канда шуда буданд, барқарор намудани он дар ин ҳафта хеле муфид аст. Фурсати муносиб барои  вохӯрӣ бо дилдодаатон фаро расидааст. Дар баробари хушиҳо канда шудани риштаи дӯстӣ бо яке аз дӯстонатонро ситораҳо пешгӯӣ кардаанд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Барои  вохӯрӣ ва корҳои берун аз корхона вақти камтар доранд. Шояд ҳамин рафтори онҳо дӯстдоронашонро аз онҳо дур месозанд. Барои ақрабҳои корчаллон рӯзи на он қадар хуб аст. Беҳтараш аз рӯйи нақшаҳои пешина амал намоед ва маблағи дар дастдоштаатонро хуб нигоҳ доред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аввали рӯз корро аз норасогиҳои хоҷагиатон оғоз намоед. Аз мобайни хешу ақрабо нафаре ба шумо кумаку дастгирӣ мекунад. Кӯшиш кунед, ки хабаркашҳоро аз худ дур кунед ва хаёлатонро ба мавзуъҳое, ки муҳим аст, равона кунед. Инчунин ба таъмирҳое, ки имрӯз барои хонаатон зарур аст,  анҷом расонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар корҳои шахсиатон муносибатро ҷиддӣ намоед, зеро беаҳамиятии шумо  боварии шуморо ба роҳбаратон кам мекунад ва сабаби сар задании сардиҳо байни шумо ва ӯ мегардонад. Ба саломатиатон бепарво набошед, зеро сардиҳои аввали моҳ таъсири манфӣ расониданаш мумкин аст

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ба ҳаёти шахсӣ ва корҳо, ки ба ояндаи шумо вобастагии зич дорад дилсардона муносибат накунед. Зеро ҳар як ҳаракати шумо фикрҳои зиёдро ба сари атрофиёнатон меорад, шояд ин амали шумо сабаби нокомиҳои минбаъда гардад. Ҳамеша хушбин бошед ва эҳтиромро ҳангоми вохӯриҳо фаромӯш накунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳутҳоро рӯзи хеле хуб ва вохӯриҳои зиёд дар назар аст. Пайдо шудани дӯстони навро пешгӯӣ мекунанд. Ҳамин вохӯриҳо метавонад дар корҳои минбаъдаи шумо заминаи хубу мустаҳкамро барои нақшаҳои пешинатон роҳандозӣ намояд. Ба маслиҳати пайвандону дӯстонатон гӯш кунед, вале кӯшиш кунед, ки дар ин марҳила хулосаи худатонро ба кор баред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *