Толеъномаи 18-уми майи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рўзи бебарор аст. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маблағи пулиятонро аз даст медиҳед. Хабаре, ки дар ин рўз мешунавед, шуморо маҷбур месозад, то аз дўстонатон кумак пурсед. Эҳтимоли бемор шуданатон хеле зиёд аст. Ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона самимӣ бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рўзи душвор аст. Тақдир ба шумо санҷишу имтиҳонҳоеро пеш меорад, ки чӣ гуна онро рафъ кардан аз худатон вобастагӣ дорад. Нисбати шахси дўстдоштаатон ба дағаливу муноқиша роҳ надиҳед. Саломатии саврҳое, ки зуд-зуд асабӣ мешаванд, баъди нисфирўзӣ нохуб мегардад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рўзи душвор аст. Ташвишу уҳдадориҳоятон бештар мегардад. Хабарҳои нохуш ё гапи дурўғ боиси ба ғалат роҳ додану нофаҳмиҳо дар касбу кор мегардад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Ба сарфи беҳудаи маблағ роҳ надиҳед. Агар шумо муҷаррад бошед, маҳз дар ҳамин рўз сахт ошиқ мешавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рўзи хеле бобарор аст. Табъатон болидаву ҳатто муноқишаҳои ночиз наметавонанд боиси нороҳатиятон гарданд. Заҳмати зиёд кашида, меҳнататон қадрдонӣ мегардад. Баъди нисфирўзӣ каме нотоб гаштанатон имкон дорад. Нисбати дўстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мешаванд.
Асад (23 июл-23 август)
Рўзи хубест барои робита бо дўстон ва қабули меҳмонон. Бонувон метавонанд ҳунари кадбонугии худро нишон диҳанд. Мардҳо бояд вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронанд. Нисбати фарзандони худ ботаваҷҷуҳ бошед. Ба хабаргирии нафароне равед, ки бароятон хеле азизанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рўзи пур аз воқеаҳост. Агар имкони истироҳат карданро дошта бошед, ҳатман истифода баред. Нисбати ҳамсуҳбати худ фишор наоред. Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабоният ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин аз қарз гирифтани пул худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рўзи хубест барои корҳои ҷисмонӣ, сафару саёҳатҳои дарозмуддат. Барои он ки рашки дўстдоштаатонро наоред, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ ҷўед. Бо наздикон ва дўстдоштаи худ муноқиша накунед. Саломатиятон аз тарзи хўрокхўриятон вобастагӣ дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рўз ба танбалӣ роҳ надиҳед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаву низоъ нисбати дўстдоштаатон меҳрубон бошед. Барои аз даст надодани маблағи пулӣ имкониятҳои молиявии худро нағзакак ба нақша гиред. Қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану аз таъсири офтоб бемор шуданатон имкон дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рўзҳои наздик шахси дўстдоштаатон ба шумо ташвиши зиёде меорад. Кирдори ўро ба дил наздик қабул накунед. Бо шиносҳоятон хушгуфтор бошед ва нисбати дўстон сабру таҳаммулро пеша намоед. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани асбобҳои мусиқӣ аз хабари хуш дарак медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рўзи бебарор аст. Ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳодисаҳои рўз ё душмании рақибон маҷбуратон месозанд, ки пайваста нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар ҷои коратон сар мезананд, бо душворӣ рафъ мегарданд. Руҳафтода нашаведу бо роҳбарият муноқиша накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Нимаи аввали рӯз барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба роҳбарият мусоид аст. Барои рафъи нофаҳмие, ки бо ҳамкорону наздиконатон рух медиҳад, вақту қувва ва маблағи худро сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба туҳмату буҳтон ва бадхоҳии нафаре гирифтор мешавед. Нафаронеро, ки ба шумо дӯст нестанд, ба худ наздик шудан нагузоред. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои хурӯҷ накардани бемориҳои музмин пешакӣ чора андешед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз бадгумонӣ худдорӣ кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ