толеънома

Толеъномаи 18-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи пур аз ташвиш аст. Барои он ки баъдан дар назди атрофиён худро сафед карданатон лозим наояд, ба рафтору гуфтори ноҷо роҳ надиҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ аз муноқиша халосӣ ёфта, обрӯятонро ҳифз мекунед. Айни замон истироҳат кардан ба фоидаи шумост.

Савр (21 апрел-22 май)

Саврҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Бо гирифтани маоши кам вазъи молиявиатон душвор мегардад. Барои баромадан аз ҳолати ногувор аз пайи пайдо намудани сарчашмаи нави даромад шавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон тағйироти манфӣ дида намешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Мушкилоти хурди рӯзгор ба касбу коратон таъсири худро мерасонад. Аз қасаму гуфтугузори нодаркор худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Зуд-зуд ивазшавии нақшаву табъи шумо монеи ҳамдигарфаҳмиятон бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳамсару фарзандон ташвиши зиёд меоранд. Хислати зотии шумо чунин аст, ки тамоми ҳаёти худро ба шахси дӯстдоштаатон бахшида, барои хурсандии ӯ ҷонатонро фидо мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Нофаҳмиҳои сарзадаро бо роҳи ба мусолиҳа омадан рафъ намоед. Вохӯрӣ бо дӯстону шиносҳо ва сафарҳои гуногун муфид анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои муҳаббат ва вохӯриҳои ошиқона. Эҳтимоли ошиқ шудан ё барқарор сохтани муносибатҳои кандашудаи ошиқона вуҷуд дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хеле эҳтиёт бошед, то ки ҷароҳату лат нахӯред. Ҳамзамон аз нӯшидани машрубот, дорувориҳо ва муносибати маҳрамона худдорӣ намоед. Вазъият дар ҷойи кор душвор мегардад, аз ин рӯ, гузашт кунеду мулоҳизакор бошед. Бо вуҷуди ноҳақ будани яке аз ҳамкорон худро ба даст гиред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем. Хатари ба садамаи автомобилӣ афтодан ё баланд сохтани суръати мошин дар назар аст. Барои сафару саёҳат рӯзи дигарро интихоб намоед. Аз шиносоиҳои нав худдорӣ намоед. Дучори дудилагиву шубҳа гаштанатон имконпазир аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои оштишавӣ ва нақшаи рӯзи дигарро кашиданатон. Наздиконро барои иҷрои коре маҷбур насозед. Беҳтараш гузашт кунед. Саломатии худро назорат намоед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад, дарду ғами худро фаромӯш мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар касбу коратон пешниҳодҳои ҷолиб пеш меоянд. Сабукфикрӣ ё баръакс кордонӣ боиси нофаҳмӣ бо атрофиён мегардад. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, бо хӯрдагириҳои худ ҷони ӯро ба лабаш наоред. Баъди нисфирӯзӣ истироҳат намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба баҳсу мунозира ва муноқиша бо ҳамкорон, наздикон ва атрофиён роҳ надиҳед. Агар худро ба даст гирифта тавонед, корҳоятон хуб анҷом меёбанд. Дар акси ҳол муноқиша тӯл мекашад. Мулоқоти ошиқона бобарор анҷом меёбад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна дучори мушкилоти пулӣ мегардед. Мардони оиладор бо сабаби камбудиҳои молиявӣ ва рӯзгор дучори муноқиша мегарданд. Агар шумо сафи фарзандонро зиёд кардан хоҳед, сарчашмаҳои нави даромади пулиро ҷӯё шавед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Бо шахси дӯстдоштаи худ ё аъзои калонсоли хонавода каме муноқиша карданатон имкон дорад. Ин нофаҳмӣ бо сабаби он сар мезанад, ки шумо якдигарро шунидан намехоҳед. Барои оштӣ шуданатон шумо бояд қадами нахустин гузоред. Дар гуфтани сухани хуб, туҳфа ва меҳрубонӣ зихнагӣ накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *