Толеъномаи 18-уми сентябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ дар назар аст. Эҳтимол маошатон паст мегардад ё маблағ сарф мекунед. Баъзеҳо аз бевиҷдонии шарикони корӣ азият мекашанд. Бадхоҳон барои паст задани обрӯву нуфузи шумо ба ҳама кор қодиранд. Дӯстону наздикон то кадом андоза душвор будани мушкилиҳои шумо ва сабаби онро фаҳмида наметавонанд.
Савр (21 апрел-22 май)
Барои нафароне, ки барои расидан ба муваффақият меҳнат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор фаро мерасад. Дар ин рӯз ба комёбиҳои зиёд ноил мегардед. Имкони пайдо намудани ҳамфикрон ва сарпарастон вуҷуд дорад. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса диҳед, сари вақт аз пайи табобат шавед. Ба шахси дӯстдоштаатон имкони зиқшавӣ надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ҳунару маҳорати пинҳонии худро муаррифӣ карда метавонед. Қобилиятҳои кориятон зиёд шуда, дар корҳоятон пешравӣ дида мешавад. Нерӯи зиёди худро сарф карда, аз камқувватӣ асабонӣ мегардед. Наздикони худро наранҷонед, эроду танқиди шумо ба дили наздикон ва хусусан нафаре, ки дӯсташ медоред, хеле сахт мерасад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бобарор аст. Дар оилаатон ягон нофаҳмӣ ва муноқишаи ҷиддӣ дида намешавад. Нафарони ошиқ аз дидори дӯстдоштаи худ болидаруҳ мегарданд. Ба бозору мағоза рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад. Нисбати бемории зуком фориғболӣ накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба муваффақиятҳои зиёд ноил мегардед. Барои рафъ намудани нофаҳмиҳои дар оила ва миёни дӯстдоштаатон сарзада рӯзи мусоид аст. Меҳрубонии шумо муҳаббати атрофиёнро нисбати шумо дучанд мегардонад. Ягона чизе, ки имрӯз бояд эҳтиёт шавед, ин вазъи саломатӣ аст. Ба хӯроки худ диққат дода, истироҳатро фаромӯш насозед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Мушкилиҳое, ки зимни робита бо ҳамкорон ва роҳбарият сар мезананд, рӯзи шуморо душвор месозанд. Барои он ки кор ба муноқишаву низоъ напечад, шумо бояд зимни робита бо ҳамкорон ва наздикон худро ба даст гиред. Дӯстдоштаатон аз ҳама гуна пешниҳоди шумо шод мегардад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз аз уҳдаи коре, ки баромада наметавонед, ба дӯш нагиред. Умуман ба рафтору гуфтори худ диққат диҳед. Баъзан шумо бо кинояву сахтгуфториятон атрофиёнро меранҷонед. Ин дафъа дуруштгуфторӣ бар зарари худатон анҷом меёбад. Ба маслиҳати наздикон гӯш андозед, маслиҳати эшон шуморо аз хатоҳои зиёд эмин медорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳама кор бо амри дили худ амал намоед, танҳо дар ҳамин сурат шумо аз монеаҳое, ки бадхоҳонатон дар роҳи шумо гузоштан мехоҳанд, амон меёбед. Имкони ба тартиб овардани корҳои молиявӣ дар назар аст, нафаре қарзашро бармегардонад. Бо нафарони худхоҳу беандеша сарукор нагиред, вагарна кор бо ҷангу муноқиша анҷом меёбад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба ҳар коре, ки даст занед, муваффақ мегардед. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ ё баргардонидани қарзи куҳнаатон дар назар аст. Рӯзи хубест барои маъракаву ҷашну маҳфилҳои серодам. Нафаре, ки дӯсташ медоред, ба кумаки шумо ниёз дорад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале аз доираи нафароне, ки гирифтори зуком ҳастанд, худро канор гиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ба дилатон фараҳу шодӣ мебахшанд. Ба ҳар коре, ки даст занед, натиҷаи меҳнати худро мебинед, маблағи хуб ба даст меоред. Дар хонаатон тинҷиву осудагӣ ҳукмфармо мегардад, ҳатто шахси дӯстдоштаатон хоҳиши бо шумо баҳс карданро намекунад. Ба маслиҳату пешниҳоди дӯстдоштаатон гӯш андозед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз вазъи саломатиятон хеле хуб ва табъатон болида мегардад. Бе ягон кӯшиш ба комёбиҳои зиёд ноил гаштанатон имконпазир аст. Мушкилоти молиявиро рафъ сохта, барои худ ва наздиконатон харид мекунед. Вақте расидааст, ки ба наздикони худ дарди дил намоед. Маслиҳати судманд ва кумаки беғараз шуморо аз ҳолатҳои ногувор берун месозад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз натиҷаи заҳмати рӯзҳои пеш кашидаатонро мебинед. Ба нафароне, ки аз дарди миён азият мекашанд, бо худтабобаткунӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем, вагарна на танҳо ба худ зарар мерасонед, балки табобатро тӯл мекашонед. Рашки ҷонсӯзи шумо нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, беҳуда аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ