толенома

Толеъномаи 18-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Ба рӯятон дари имкониятҳо кушода мешавад. Он чизе, ки кайҳо орзуяш мекардед, акнун муфтакак ба даст омада метавонад. Дар хотир доред, агар вақти мусоидро истифода бурда натавонед, сахт пушаймон хоҳед шуд. Дар кори идора зиракиро аз даст надиҳед, чунки хатои хурдтарин дар ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонад шуморо аз нони даҳонатон бенасиб гардонад. Қадаматонро дониста гузоред, ба ҳар кас бовар накунед.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Имрӯз шонси худро аз даст надода, аз пайи амалӣ намудани орзуҳоятон шавед. Донед, ки айёми беҳтарин барои пайдо намудани ҷуфти хуби ҳаётӣ фаро расидааст. Агар ба хости дилатон гӯш андозед ва бо шахси дилхоҳатон риштаи тақдири худро пайвандед, як умр хушбахт хоҳед гашт. Ҳамалҳои оиладор, дар бораи мушкилиҳои оилавиятон ба касе даҳон накушоед, вагарна бо дасти худ ба решаи ниҳоли бахтатон теша мезанед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Айёми беҳтарин барои барқарор намудани муносибат бо роҳбарият ва одамонест, ки метавонанд тақдири шуморо дигаргун созанд. Шиносоиҳои нав кори шуморо равнақ мебахшанд. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш намоед, ки каме истироҳат кунед, вагарна саломатиатон шуморо нороҳат сохта метавонад. Сар задани баъзе мушкилиҳо аз эҳтимол дур нест, вале бо мадади дӯстонатон ба осонӣ мушкилоти пешомадаро рафъ менамоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Агар кори зиёд ва ташвишҳои рӯзгор шуморо хаста карда бошанд, ба комёбӣ умед набандед. Беҳтараш рухсатии меҳнатӣ гирифта, бо аҳли оилаатон ба ягон ҷойи хушманзара рафта, истироҳат намоед ва асабҳои харобатонро ором созед, вагарна хастагии аз ҳад зиёд боиси бемор шуданатон хоҳад шуд. Охири рӯз ба шабнишиние даъват мешавед, ки ба ҷойи хушҳолӣ ба сари шумо ҷангу ҷидол меорад.

Асад (23 июл23 август)

асад

Имрӯз чунон серкор мешавед, ки барои дӯстону наздикон вақт намеёбед. Серкориятонро ба онҳо фаҳмонед, то боиси ранҷиш ва ҷангу ҷидол нагардад. Нимаи дуюми рӯз кӯшиш кунед, ки гапатон бо ягон кас нагурезад. Маблағи дар киса доштаатонро беҳуда сарф накарда, барои рӯзи мабодо нигоҳ доред. Нақшаи тарҳрезӣ кардаатонро ба касе нагӯед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Имрӯз даводави зиёд карда, гумон мекунед, ки ҳама ҷонканиҳоятон беҳудаанд, аммо қувваи ноаёне шуморо ба пеш тела медиҳад. Бо мадади ҳамин қувва тамоми мушкилиҳоро бартараф хоҳед кард. Дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба рӯятон дару дарвозаҳои нав кушода мешаванд. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, сарчашмаҳои даромадро ба фоидаи худ истифода баред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар масъалаҳои пулию молӣ шитоб накунед. Нағзакак тамоми паҳлуҳои ҳар як муомилаи пулиро таҳлил намуда, дар тарозуи ақл ҳамаашро баркашед, то фиреб нахӯред. Қисми дуюми рӯз шуморо даромади начандон калон интизор аст. Нафарони танҳоро шиносоии тақдирсозе дар роҳ ё нақлиёт интизор аст. Тамоми назокату маҳорататонро барои ба даст овардани дили ёри нав ба кор баред, зеро бо ин шахс шуморо бахти сафед интизор аст. Дар коргоҳ ба ҷангу ҷанҷоли беҳуда роҳ надиҳед, то хандахариши душман нагардед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Имрӯз чунон серкор ва серташвиш мешавад, ки сари калобаатонро гум мекунед, аммо агар худро ба даст гирифта, тамоми корро сари вақт ба анҷом расонед, аз роҳбарият таъриф шунида, сазовори боварӣ ва мукофот мегардед. Шонси вазифаи баландтар гирифтанатон вуҷуд дорад. Дар интихоби ҷуфти ҳаётӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Сад бор андеша карда, баъд хулоса бароред, вагарна ҳаётатонро бо дасти худатон месӯзед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Имрӯз хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, мо ба шумо бозор ба бозор гаштанро маслиҳат намедиҳем. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат каме нофаҳмиҳо пеш меоянд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Ба хабарҳое, ки қисми дуюми рӯз мешунавед, эҳтиёткорона муносибат кунед. Даҳони баста сад тилло гуфтаанд, ҳар гапро дар назди дӯсту душман гуфтан нагиред, девор гӯш дораду муш гӯш. Ба нафарони ташнаи бахт маслиҳат медиҳем, ки мисли хирс ба хоби зимистонӣ нараванд. Барои пайдо намудани ҳамсафари зиндагӣ фурсати муносиб фаро мерасад. Шиносоие, ки имрӯз ба вуҷуд меояд, метавонад калиди дари хушбахтиҳо бошад.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Нафарони мансабдор нимаи дуюми рӯз метавонанд шартномаҳои муфид банданд. Корҳое, ки дар ин давра анҷом медиҳед, барои баландтар рафтани мақоматон мусоидат хоҳанд кард. Серкориро баҳона карда, вазифаҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд. Барои он ки камнамо шудани шуморо ба таври худ фаҳмидаву рашк накунад, ҳама мушкилиҳои кориатонро ба ӯ ошкоро бигӯед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Нафарони оиладор бояд аз занбозию хиёнат худро дур бигиранд, зеро хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад. Қарз додан ва қарз гирифтанро ба зодагони ин бурҷ маслиҳат намедиҳем. Ба ягон мавзеи зебо рафта, дам гиред, то асабҳои харобгаштаатон каме ором шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *