Толеъномаи 19 апрел 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз вақти бештари худро барои ободонии хонаву дар сарф намоед. Эҳтимол аз нақша зиёддат пур харҷ кунед. Рӯз барои харидории тӯҳфа ба наздикон мувофиқ нест. Сардии ҳаво ба саломатиатон таъсири бад мегузорад,каме роҳҳои нафасатон шамол кашад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз кордонӣ ва хушчақчақии шумо барои роҳ ёфтан ба дили одамони зарурӣ мусоидат мекунад. Дар муносибатҳоятон бо Ҳамсаратон душвориҳо имкон доранд. Агар аз кори наватон наздикон хушҳол набошанд бо онҳо баҳс накунед , беҳтараш ба хубӣ манфиатҳои онро ба онҳо фаҳмонед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз аз лиҳози иҷтисодӣ сахт танқисӣ мекашед. Вазъият чунин сурат мегирад, ки бояд барои наҷоти азизатон маблағи зиёде сарф кунед, аммо надоред. Баои ҳалли ин мушкилот ба бародаратон муроҷиат намоед. Муҳимаш рӯҳафтода нашавед ва барои ба мақсад расидан мубориза баред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз барои сафару саёҳат ва оғози таҳсили давомнок мусоид аст. Дар хулосабарории масъалаҳои ҳаётӣ на ба фикри дигарон, балки ба дили хеш гӯш андозед. Нимаи дувуми рӯз бо яке аз дӯстони наздикатон гапатон мегурезад. Ҳамчунин гирифтан ва додани қарзро имрӯз тавсия намедиҳем.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Мутаассифона, имрӯз на ҳама корҳоятон хуб анҷом меёбанд. Бо баъзе нафарон аз роҳбарият мухолифат карданатон эҳтимол дорад. Ғуруру такаббурро канор гузоред то коратон аз даст надиҳед. Ором бошед ва аз эродгириву танқид имрӯз даст кашед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯз барои оштӣ кардан бо дӯст ва ёри ранҷида мувофиқ аст. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ суроғаи ақрабои дуратонро меёбед. Аз амалҳои ғайриқонунӣ дурӣ ҷӯед, фаромӯш насозед, ки «офтобро бо доман пӯшонида намешавад» ва дер ё зуд ҳама кирдори махфӣ аён мегардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Шарму ҳаёро канор гузоред ва аз ҳуқуқҳои хеш фаъолона ҳимоя кунед. То кай мегузоред, ки одамон аз хубии шумо сӯистифода кунанд. Дилдодаатон ба шумо шом тӯҳфаи ногаҳоние мекунад. Саломатиатон давоми рӯз хуб аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ҳамсаратон хилофи ақидаву ниятҳои шумо амал мекунад, аммо аз ин рафтори ӯ хафа нашавед. Вай бо нияти бад ин корро намекунад. Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошин боэҳтиёт бошед. Барои рафъи бехобӣ аз гиёҳҳои шифобахш ҷой карда истъмол намоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар коргоҳ ҳама чиз мисли дигар рӯзҳо пеш меравад. Бегоҳ ба хонаатон меҳмонҳои нохонда меоянд. Эҳтимол бо нияти хосгорӣ ва ё ягон дархости дигаре ба наздатон омада бошанд. Ба онҳо ҷавоби рад надиҳед. Эҳтимол соҳиби мерос ва ё маблағи пулӣ гардед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар муносибатҳои ошиқонаатон душвориҳо сар мезананд. Мутаассифона ҳодисае, ки имрӯз ба вуқӯъ меояд боис мегардад, то дарк кунед, ки азизи дилатон тамоан он гуна инсоне нест, ки худро вонамуд мекард. Рӯафтода нашавед чи қадаре, ки зудтар аз ӯ ҷудо шавед ҳамун андоза хуб аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ба муноқишаҳои оилавии наздиконатон ҳамроҳ нашавед, зеро ба зудӣ онҳо бо ҳам оштӣ мешаваду шумо дар байн гунаҳкор мемонед. Барои сафар ва рафтан ба мулоқотшҳои ошиқона рӯз мусоид нест. Дар ин рӯзҳо бемор шудани узвҳои пешобдон, шуш ва роҳҳои нафас имкон дорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Барои хӯрӯҷ накардани бемориҳои ирсӣ бояд ба истеъмоли хӯрокҳои парҳезӣ оғоз намоед. Нисбат ба саломатии хеш саҳлангорӣ накунед. Дар ҳалли мушкилотҳои иқтисодӣ аз маслиҳати калонсолони оила истифода баред. Бо ҳамсари хеш меҳрубон бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ