Толеъномаи 19 феврали 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дар бораи нақшаву ниятҳо ва нақшаҳои дарозмуддат фикр накунеду уҳдадориҳоеро, ки ба назар дилфиреб менамоянд, ба душ нагиред. Хатари ба дом афтидану аз он раҳо наёфтанатон зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хӯрок хӯрда, сари вақт хоб кунед, вагарна нотоб шуданатон эҳтимол дорад. Шумо худро ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар муҳити дӯстону ҷойҳои серодам хуб ҳис мекунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи бобарорест барои нафароне ки таваккал накарда, бо маслиҳату роҳнамоии наздиконашон амал мекунанд. Табъатон хира гашта, қаҳру ғазаб боиси ранҷиши атрофиён ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигариҳои гуворо имокнпазир аст. Ба саломатӣ диққат дода, бештар дар ҳаракат бошед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Барои шумо рӯзи ғайриодӣ фаро мерасад: ҳатто бо нафаре, ки бори аввал шинос мешавед, забон ёфтанатон осон мешавад. Наздикон дар бисёр корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, ҷароҳати хурд бардоштанатон имконпазир аст. Ба сару либос ва симои худ диққати хоса диҳед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ пайдо мешавад. Сари вақт ба қароре омада тавонистанатон боиси пешравӣ мегардад. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва доираи нафарони ба дилатон писанд гузаронед. Дар хона боэҳтиёт бошед, бо сабаби фориғболии шумо бисёр чизҳо имрӯз мешикананду вайрон мешаванд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз ҳамагӣ чанд сония кифоя аст, ки шумо сари калобаи худро гумм карда, ба моҷаро гирифтор шавед. Барои ба худ омаданатон вақти зиёд лозим мегардад. Муносибататон бо наздикон бо сабаби хафагиву нобоварӣ вайрон мегардад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Бештар истироҳат намоед ва дӯстдоштаи худро эрка карданро фаромӯш насозед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нафаре, ки дар зиндагии шумо нақши муҳимро мебозид, имрӯз аз худ дарак медиҳад. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, имкони ба доми ҳиллаву найранг афтиданатон зиёд аст. Ба маслиҳати дӯстони содиқ гӯш андозед, он гоҳ аз хатогӣ эмин мемонед. Дар муносибатҳои ошиқона ба ҳамдигарфаҳмӣ омаданатон душвор мегардад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, муваффақ мегарданд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз мушкилоти касбу кор бо муносибатҳои шахсиятон муқобил омада, бояд бо тамоми роҳу восита аз муноқиша гурезед. Фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, бо нафарони даркорӣ робита намоед. Бо сабаби гузашт накарданатон рух додани моҷарову муноқиша дар назар аст. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса диҳед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Шумо дар ин рӯз аз пештара бештар нозук ва бо одамон бо чашми шубҳа назар мекунед. Ба назаратон чунин мерасад, ки душманону рақибон дар фикри бадии шумо ҳастанд. Ин амали шумо боиси ранҷиши наздикон ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Нафароне ки гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард ҳастанд, беморияшон аз нав хурӯҷ мекунад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрўз кореро бояд ба анљом расонед, ки аз натиљааш бисёр чизњо вобастагї доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаљриба бањс накунед. Агар ба камбудињои пешомада диќќат надињед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рўз барои эљод, сохтмон, бастани аќди никоњ ва истироњат дар оѓўши табиат бобарор аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор карданатон зиёд мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ