Толеъномаи 19 июн 2018

 Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи пурнишот буда, барои ошиқон бобарор аст.  Мулоқот бо шахсе, ки дер интизораш будед, охири рӯз ситораҳо  пешгӯйӣ мекунанд. Бо атрофиён корҳое, ки шахсӣ ҳастанд, ҳаллу фасл нанамоед, зеро хавфи он мавҷуд аст, кишуморо нодуруст фаҳманд

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Саврҳо дар ин рӯз хеле дар ғазаб мешаванд, чунки корҳои ба нақшагирифтаашон  ба хубӣ анҷом намеёбад. Шуморо лозим аст, ки новобаста аз хуб набудани ҳолататон бо атрофиён хушмуомила бошед. Дар ҳама маврид маслиҳати онҳо ба шумо зарур мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар корҳоятон  саросемагиро роҳ надиҳед, зеро шитобкорӣ оқибати нохуб дорад. Вобаста ба ҳаво либосатонро интихоб кунед, ки эҳтимоли нохуб шудани саломатиатон дар назар аст. Вақтро барои мулоқотҳои ошиқона дареғ надоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Вазифаҳои гирифтаатонро дар хона зуд ба анҷом расонед то эътимоди роҳбарро аз даст надиҳед. Дар ҳавои гарм кӯшиш кунед, ки худро аз нурҳои офтоб панаҳ намоед, зеро он метавонад саломатии шуморо тағйир диҳад. Дӯстонро ба меҳмонӣ даъват намоед ва ҳамчунин худ ба меҳмонӣ равед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аввалирӯз шахси дӯстдоштаатон шуморо ба вохӯрӣ даъват мекунад. Ин даъватро рад накунед. Дар коргоҳ бо ҳамкорон ва атрофиён муносибати хубро ба роҳ монед. Забонатонро аз ғайбату дурӯғ нигоҳ доред, ки беҳуда нагуфтаанд, ки «забон дар даҳон соябони сар аст».

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аксари нафарони зери ин бурҷ буда, хеле ором ва ботамкинанд. Дар муҳаббат онҳоро нафарони зиёд ба зери қаноти худ гирифтан мехоҳанд. Дар коргоҳ ва муносибат бо ҳамкорон эҳтиёткор буданро фаромӯш насозед.  Пешниҳоди охири рӯз мешударо қабул кунед, зеро он ояндаи шуморо ҳал менамояд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Мизонҳоро рӯзи серташвиш дар пеш аст. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, зеро шумо аз ҳад зиёд эҳсосотӣ ҳастед. Мулоқотҳоятонро ба таъхир нагузоред. Зеро он барои беҳтар намудани ояндаи шумо мусоидат мекунад. Он чизеро ки дер боз интизор будед, охири рӯз амалӣ мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар тиҷорат шуморо бурдбориҳо ҳамсафар хоҳад шуд. Муҳаббат ва дӯстдориро дар мадди аввал гузоред, зеро он сарчашмаи ҳама пешравиҳои шумо мебошад. Кӯшиш кунед, ки дар баробари корҳои давлатӣ барои истироҳат низ вақт ҷудо намоед. Ба сайру тамошо баромадан ва бо дӯстрӯякон меҳрубон буданро низ фаромӯш накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Қавсҳоро ба маротиб масъалаҳои печ дар печ сарсон кардааст.  Набояд аз ин дилшикаста шуд, зеро ин санҷиши шумо мебошад.дар ин рӯз дилхушӣ намоед ва ба асабоният роҳ надиҳед.  Охири  рӯз хушхабаре мешунавед, ки ҳамаи проблемаҳоятонро мепӯшонад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯзи хуш нафаронеро вомехӯред, ки дер боз интизорашон  будед. Аввали рӯз саломатиатон аз рӯйи беаҳамиятӣ нисбати худатон нохуб мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки аз ҳамаи чиз даст кашида, хоб кунед. Он нафаре, ки шуморо намехоҳад, беҳтараш фикри ӯро аз саратон дур созед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз шуморо хушхабаре болида мегардонад.  Корҳои хонаро дар рӯзҳои истироҳатӣ ба нақша гиред.  Бо кӯдакон сайру гашт рафтанро низ аз мадди назар дур намонед. Кӯшиш намоед, ки гапи касеро ба касе нарасонед, зеро ҷанҷолҳои меомадаро ба сари шумо бор карданашон аз эҳтимол дур нест.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар атрофи аҳли байт буданро фаромӯш накунед. Дар корхона муносибатро бо ҳамкорон қавӣ намоед. Дар соҳаи тиҷорат ҷиддӣ муносибат намоед, зеро он нафароне, ки шуморо ба ҳамкорӣ даъват карда истодаанд, хело аз санҷиш мегузаронанд. Аз ин рӯ, ҷиддӣ буданро фаромӯш насозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *