Толеъномаи 19 июн 2018
Кӯшиш намоед, ки ҳар яксоататонро беҳуда нагузаронед. Истироҳат дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ мебахшад. Вазъи молиявиатон муътадил аст, вале аз хариди калон худдорӣ намуда, роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед. Дар ҷодаи муҳаббат навгониҳои зиёд имкон доранд, шуморо рӯзи хушу пурнишот интизор аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Бештар аз ҳолу аҳволи наздикони худ огаҳ гашта, аз мушкилоту камбудиҳои рӯзгор дурӣ наҷӯед. Дар ҳаёти саврҳои муҷарраде, ки ошиқ шудаанд, тағйиротҳои аҷибу гуворо рух медиҳанд. Саврҳои оиладор низ бо табъи хушу болида мушкилиҳои рӯзгорро бартараф месозанд. Мушкилоти молиявӣ рафъ мегарданд, дар ин ҷода танҳо ба амри дил гӯш андозед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба саломатии худ диққат дода, аз ҳар гуна парҳез ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Бештар шарбати мева нӯшида, витамину гиёҳчой истеъмол намоед. Аз баъзе одатҳои бади худ халосӣ ёфта, вазъи саломатиро беҳтар месозед. Барои ба сафар баромадан омода бошед, хешу пайвандон шуморо пазмон шудаанд. Дӯстдоштаи худро танҳо бо суханони пурмеҳр хушҳол карда метавонед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нақшаву хоҳишҳои худро мунтазам амал намуда, кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Баъзе саратонҳоро дар ҷодаи муҳаббат навигариҳои аҷиб интизоранд. Мулоқоти ошиқонаро интизор шавед. Ба саломатии наздикони худ бодиққат бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз бисёр хушу босамар мегузарад. Баъзеҳо имкони хуби беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозанд, танбалиро аз худ дур намуда аз пайи кор шавед. Барои рафъ намудани мушкилиҳои оилавӣ ва беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона ба маслиҳати дӯстон ё хешовандони калонсолатон гӯш диҳед. Ҳангоми баргузор намудани маъракаву ҷашнҳои дӯстона ба нуқтаи назари атрофиён гӯш диҳед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро амалӣ мегардонед. Муҳим он аст, ки ба нуқтаи назари дигарон дода нашавед. Сунбулаҳои муҷаррадро вохӯриҳои тақдирсоз интизор аст. Сунбулаҳои оиладор бо наздикон муросо намуда, муҳити хонаводагӣ хеле хуш мегардад. Беморие, ки чанд муддат азият медод, дар ин рӯз аз нав хуруҷ мекунад. Ҳатман ба назди духтур равед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Нимаи аввали рӯзро ба корҳои ороми оилавӣ бахшида, ба коре, ки боиси асабонияту дилтангӣ мегардад, даст назанед. Дар масъалаҳои молиявӣ ғолибият насиби нафаре мегардад, ки фаъол асту аз душвориҳо намеҳаросад. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона кӯшиш намоед, ки ба ҳар кори шахси дӯстдоштаатон бинӣ нахалонед. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ роҳ надиҳед, вагарна аз бемориҳои меъда халосӣ ёфта наметавонед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз дар хона нишастану кунҷи танҳоӣ ҷустанро тавсия намедиҳем. Бештар ба сайругашт баромада, бо дӯстон вохӯрӣ намоед. Хусусан нафарони муҷаррад бояд бештар маъракаву ҷашнҳои хешу табор рафта, дилхушӣ намоянд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, дар ин рӯз ба даст оварда наметавонед. Баъзе ақрабҳои оиладор ба муноқиша гирифтор мешаванд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Вақти худро беҳуда нагузаронед, робитаро бо нафароне, ки бароятон азизу ҷолиб ҳастанд, беҳтар гардонед. Туҳфаву бозёфтҳои ногаҳонӣ табъатонро хуш месозанд. Баъзе нақшаву ниятҳоятон бе ягон кӯшиш амалӣ гашта, аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат мемонед. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, вагарна пулро барои чизҳои нодаркорӣ сарф карда, пушаймон мешавед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯз барои аксари ҷаддиҳо бобарор меояд. Дар ҳама кор ба қувваву имкониятҳои худ нигоҳ карда амал намоед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед. Ҷаддиҳои муҷаррад ошиқ мешаванд. Баъзеҳо дӯстдоштаи худро бо рашки беҳуда меранҷонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ бо маслиҳати нафарони ботаҷриба амал намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз бо мушкилоти касбиву молиявӣ худро азият надиҳед. Нақшаву ниятҳоеро, ки дар дил доред, ба дӯстдоштаатон фош насозед, ӯро бо навгониҳои ногаҳонӣ ба ваҷд оварданатон осон аст. Хафагиву ранҷишро аз дил дур созед, вагарна бемор мешавед. Ба эҳсосот дода нашавед, як сухани ноҷо боиси бад гаштани муносибат бо наздикон мегардад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Нофаҳмиву муноқиша бо сабаби бо наздикон забон ёфта натавонистанатон сар мезананд. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунед. Аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон ба хотири амалӣ сохтани орзуву ниятҳои шумо тамоми кӯшишу маҳораташро ба харҷ медиҳед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ