Толеъномаи 19 май 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Қабл аз кореро кардану ҳарферо ба забон овардан нағзакак андеша намоед. Мушкилиҳои зиёде, ки ба сари шумо меоянд, бо сабаби худро идора карда натавонистанатон рух медиҳанд. Хусусан муносибатҳои ошиқонаатон низ бо сабаби гуфтори беандеша нохуб мегардад. Агар як хобро ду бор бинед, он амалӣ мешавад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзи душвор аст, ташвишу уҳдадориҳоятон зиёд мегардад. Бо одамони ношинос муноқиша кардану рух додани сӯхтор ё вохӯрӣ бо душманатон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонон ё хешовандон имкон дорад. Барои рафъ намудани муноқиша бо нафарони калонсол ё ҳамсари худ сабр ва одоби муоширатро риоя намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ҳама кор ботаҳаммул, бодиққат ва оқил бошед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштану хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Ба доми фиреб афтидану гирифтори фишор ва ғорат гаштанатон имконпазир аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо шахсе вомехӯред, ки дар дилу дидаатон ҷо мегирад. Шумо кайҳо боз дар ҷустуҷӯйи шахси аҷибу хушчақчақ будед ва дар аввал ба чунин бурдборӣ бовариятон намеояд. Хушбахтии худро овоза накунед. Хонаву дари худро аз ифлосиҳо тоза кунед, вагарна бетартибиву бесаранҷомӣ асабатонро хароб месозад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Мардҳо набояд ба кори ҷиддӣ даст зада ҳаёти шахсии худро тағйир диҳанд. Ҳама гуна тағйирот оқибати ногувор меорад. Бонувон гирифтори асабхаробӣ мешаванд. Як ҳарфи ноҷо ё эҳсосоти зиёд боиси вайрон шудани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мегардад ва ҳатто кор ба ҷудоӣ мерасад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавӣ душвориҳо рух медиҳанд. Тақдир бори дигар шуморо имтиҳон мекунад. Ба доираи нафарони бевиҷдон афтиданатон имкон дорад. Хароҷоти ногаҳонӣ  набояд табъатонро хира созад. Дар ҳама ҳолат наздикон ва шахси дӯстдоштаи худро бо меҳру муҳаббат фаро гиред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи тавбаву надомат, бахшиши гуноҳҳо аст. Кинаву адоватро аз дил дурр намуда, болидаруҳ мегардед. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ истифода баред. Дар ин рӯз маблағи пулӣ ба даст оварданатон душвор аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи санҷишу ташвишу изтироб аст. Танҳо оромиро пеша намуда, бурд мекунед. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки боиси асабоният ва қаҳру ғазаби шумо мегардад. Ҳатто камтарин ҷанҷол бо нафароне, ки дӯсташон медоред, боиси муноқишаи калон ва ҳатто ҷудоӣ мегардад. Сарфакорӣ шуморо аз мушкилиҳои молиявӣ эмин медорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои оғози кори нав рӯзи бобарор нест ва дар муносибатҳои шахсиву оилавӣ мушкилиҳо имкон доранд. Кӯшиш намоед, ки муносибатҳоятон бо роҳбарияти коргоҳ вайрон нашавад.  Имконияти беҳтар сохтани вазъи саломатиятон пеш меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Тақдир бори дигар бароятон санҷишу имтиҳон пеш меорад. Масъалаҳои молиявиатон ба таври бояду шояд  амалӣ намегарданд. Бемории тасодуфӣ нақшаҳои пештараатонро халалдор месозанд. Ба нафарони бевиҷдон бовар карда, ҳам маблағи пулиро аз даст медиҳеду ҳам асабатон хароб мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи хубест барои корҳои дар якҷоягӣ ба анҷом додаатон. Бегоҳирӯзӣ тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Барои он ки бо дӯстдоштаатон муносибатҳоятон вайрон нагардад, дурандеш бошеду дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи хубест барои харид кардану таъмири хона. Орзуву ниятҳоятонро амалӣ месозед. Худро аз ҳад зиёд хаста насозед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасад. Мушкилиҳои дар ин рӯз ба саратон омадаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *