Толеъномаи 19 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳангоми чизеро фаҳмондану исбот кардан худро шахси даркорӣ эҳсос мекунед ва коратон натиҷаи хуб медиҳад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва ашёҳои нӯгтез боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Барои ҳамалҳое, ки бахти худро меҷӯянд, давраи хуб фаро мерасад. Вазъи саломатиятон чандон хуб намешавад, худро хаставу бемадор ҳис карда, аз дарди сар азоб мекашед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯз барои харидорӣ намудани телефон ва дигар таҷҳизоти муосир мувофиқ аст. Дар амалӣ сохтани нақшаву ниятҳоятон бояд шарикони хуберо пайдо намоед, ки дастгирии моддӣ расонанд.  Асаби худро эҳтиёт карда, ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бемориҳои ногаҳонӣ ва ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Нафаронеро, ки аз сустиятон истифода бурда, ба болои саратон мебароянд, ба ҷояшон шинонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз шамол кашидану сироят ёфтанатон имконпазир аст. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо бештар дар ҳавои тоза сайр намуда, масунияти баданро мустаҳкам созед. Рафту аз беморӣ гурехта натавонед, ҳатман рухсатӣ гирифта, бемориро дар хона гузаронед.  То кадом андоза амалӣ шудани нақшаҳоятон аз дастгири шариконатон вобастагӣ дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз бояд аз ҷойҳои серодам гурехта ба ҷангу ҷанҷоли дигарон аралаш нашавед. Обрӯи худро рехтану ба худ душман харидан нахоҳед, беҳуда бо ҳамкоронатон баҳсу мунозира накунед.  Беҳтараш ҳаволаи касонеро, ки сояи шуморо аз  девор метарошанд, ба Худо супоред. Охири рӯз хабари хуш мешунавед, дар лоторея бурд мекунед ё чизеро мерос мегиред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

 Тамоми нофаҳмиву иштибоҳи ҳаёти шахсиятон паси сар шуда, дӯстдоштаатон аз шумо муносибати беҳтареро интизор аст. Дар ҳама кор эҳтиёткор бошед. Бемориҳоро ба зудӣ паси сар мекунеду қувваи рафтаатон дарҳол барқарор мегардад.  Хатари ба садамаҳои автомобилӣ гирифтор шуданатон зиёд аст, бинобар ин аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз ташвиши зиёде ба саратон меояд, ҳатто мушкилиҳое пеш меоянд, ки шумо кайҳо дар фикрашон набудед. Камбудиву ғалатҳои пештара боиси пайдо шудани монеаҳо мегардад.  Аз харидорӣ намудани чизҳои қиматбаҳо ва беандеша худдорӣ намоед. Дар ин рӯз пулҳои дар даст доштаатонро ба осонӣ аз даст медиҳед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз меҳнати зиёд карданатон лозим меояд. Ҳар гапу корро ба дил наздик қабул накунед ва кӯшиш намоед, ки гирифтори фишори руҳӣ нагардед. Зимнан, на танҳо эҳсосоти манфӣ, балки ҳиссиёти мусбӣ низ ба саломатиятон таъсир расонида, боиси дарди сар ва бехобиятон мегардад. Дар зарурат доруи таскинбахш истеъмол кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

 Аксари ақрабҳо дар маркази ҳодисаҳои нохуш қарор гирифта, аз ҳолатҳои фишоровар берун баромада метавонанд. Бемор шуданатон имкон надорад, вале ба коре, ки боиси бемор шудани дилу сутунмуҳра мегардад, роҳ надиҳед. Дар сари қаҳр дӯстдошта ё ҳамсари худро ранҷонида сахт пушаймон мешавед, аз ин рӯ ҳангоми ба ғазаб омадан худро ба даст гирифтанро омӯзед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз корҳои муҳим ва мушкилиҳои ҷиддӣ имкон намедиҳанд, ки нафаси осуда кашед. Ба ҳар ҳол аз шириниҳои ҳаёт ва муҳаббат рӯ натобед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон гардишҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед, вагарна фоидае ба даст намеоред. Нисбати наздикон бетафовут набошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аксари мушкилиҳои ба саратон омадаро бо шарофати шахсони даркорӣ рафъ мекунед.  Аз комёбиву дастовардҳои атрофиён сидқан шодӣ кунед. Ба нафаре бахилӣ карда, вазъи саломатиятон нохуб мегардаду хоболуд ва руҳафтода мегардед. Бигзор андешаи он ки рӯзе рӯзгори шумо низ пур аз шодиву фараҳ мегардад, қалбатонро тарк насозад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

БИмрӯз ба ягон моҷаро ҳамроҳ нашавед, вагарна асабатон сахт хароб мегардад. Бо вуҷуди душвор будани вазъият худро ба даст гиред, вагарна рафтори ғайриодиятон боиси гапу калочаи атрофиён мегардад.  Ба сафар баромаданро маслиҳат намедиҳем, зеро хатари дар роҳ ба садама дучор шуданатон имкон дорад. Камқувват шуданатон бо сабаби норасоии витаминҳо аст. Бештар меваву сабзиҷот истеъмол намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз норасоии меҳру муҳаббат азият мекашед. Бо вохӯрии ошиқона худро шод карда наметавонед. Барои оғоз намудани тиҷорат айёми хуб аст. Ҳутњои корчаллон агар ин фурсатро ба манфиати худ истифода бурда тавонанд, соҳиби даромади калон мешаванд.  Вазъи саломатиятон аз чӣ гуна хӯрок хӯрданатон вобастагӣ дорад. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *