Толеъномаи 19-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳамалҳо бояд масъалаи вобаста ба хариди хонаро ба таъхир гузоранд. Маблағи даркориро ҷамъ карданатон душвор мегардад, қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Муносибати самимона нисбати атрофиён мавқеатонро мустаҳкам месозад.
Савр (21 апрел-22 май)
Ба ҳар коре, ки даст занед, ба таври олӣ ба анҷом мерасонед. Аз дастовардҳои худ фахр мекунед. Ба корҳои калон даст зада, дар оянда даромади хуб ба даст меоред. Ҳама корро якҷоя оғоз накунед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ин рӯз дар хотираи шумо ҳамчун рӯзи беҳтарин нақши худро мегузорад. Дар ҷои кор бе ягон душворӣ ба комёбиҳо ноил мегардед. Ҳатто меҳнати душвортарин бароятон ҳаловат мебахшад. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки аз диданаш хеле шод мегардед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз истироҳатро фаромӯш созед. Коратон зиёд гашта, аз ҳамкорони ботаҷриба кумак пурсиданатон лозим меояд. Роҳбарият супориши муҳиме медиҳад, ки онро дар муддати кӯтоҳ анҷом доданатон лозим аст.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз гуфтушунидҳо ва шартномаҳои нави корӣ бобарор анҷом меёбанд. Бо рафъ намудани муноқишаву баҳсҳои вазнин машғул нашавед. Агар мушкили пулӣ дошта бошед, аз пайи рафъ карданаш шавед. Рӯзи бобарорест барои табобати дандон.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ба ҳунару истеъдод ва сатҳи саводнокии худ қоил мешавед. Корҳои бар дӯш доштаатонро эҷодкорона ба анҷом мерасонед. Дар назди сардор хоксорӣ накунед, вақте расидааст, ки дар масъалаи зиёд кардани маошатон сухан гӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бояд аз пайи анҷом додани корҳои нотамоматон шавед. Агар серҷоғӣ кардан гиред, шахси бароятон азизро меранҷонед. Гапу рафтор ва андешаҳоятонро зери назорат гиред. Ақидаҳоятонро дар амал татбиқ намуда, обрӯятон зиёд мегардад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ақрабҳо чандон саховатманд намешаванд. Бо душворӣ пул сарф мекунед, ҳол он ки, пул сарф карданатон лозим меояд. Бо сабабҳои мушкилоти рӯзгор муноқишаи ҷиддӣ имкон дорад. Бо наздикон муносибатҳоятонро вайрон накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи душвортарин аст. Қисми зиёди маблағатонро, ки бо душворӣ пайдо карда будед, аз даст медиҳед. Чунин вазъият бар асари фиребгарии шарикони кориятон рух медиҳад. Дар оянда кӯшиш намоед, ки бо чунин нафарон ҳамкорӣ накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар дар ин рӯз корҳои пешинаро ба анҷом расонед, ба муваффақият наздик мегардед. На танҳо ба касбияти худ, балки ба таҷрибаи бой такя намоед. Маслиҳати ҳамкоронро ба эътибор гиред. Барои ба мақсад расидан дар якҷоягӣ амал намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз хеле зудранҷ мегардед. Ҳамкорони ботаҷрибаатон бо ҳар сабаб неш зада, шуморо асабӣ месозанд. Барои ба муноқиша гирифтор нашуданатон худро аз онҳо дур гиред. Аз хомӯш истодан бурд мекунед. Бояд гуфт, ки қобилиятҳои касбии шумо беназир аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бо наздиконатон муноқиша имкон дорад. Наздикон аз серкории пайвастаи шумо норозӣ ҳастанд. Агар шумо бо тиҷорат машғул бошед, моҳияти кори худро ба онҳо фаҳмонед. Ба ҳар ҳол, барои бо аҳли оила бештар вақт гузаронидан кӯшиш намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ