Толеъномаи 19-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳама кор бодиққат буданатон лозим аст, ҳангоми робита бо шиносҳои наватон хеле боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли ба худ ҷалб кардани нафарони беинтизомро доред. Қабл аз он ки дар ҳузури нафаре дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо дӯстдоштаи худ баҳс накунед, дар ин рӯз ҳақ ба ҷониби шумо нест.
Савр (21 апрел-22 май)
Корҳои ҷиддӣ ва чорабиниҳои муҳимро ҷасурона ба нақша гиред. Дар ин рӯз ба вохӯрии ошиқона, дилхушӣ ва истироҳат ниёз доред. Айни замон ба шахси дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмони ошиқона ҳадя карда метавонед. Баъди нисфирӯзӣ аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Он нақшаву ниятҳое, ки дар сар доред, на ҳамааш ҷомаи амал мепӯшанд. Бо роҳбарияти худ баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Айни замон шуморо на аз рӯйи либосатон, балки аз рӯйи ақлу тамиз баҳо медиҳанд. Бо вуҷуди ин, сарулибоси худро нав карданатон хуб аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бо касе муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, хусусан бо шахси дӯстдошта муносибатро вайрон накунед. Дар сари ғазаб шумо метавонед корро ба муноқишаи калон расонед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор кардан боиси хоби бароҳат ва оромии асабҳоятон мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Муносибатҳоятон бо атрофиён хуб ҷараён гирифта, касе аз шумо ташаббускорӣ ё гузашт карданро талаб намекунад. Ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ худро хуб эҳсос мекунед. Чизе дар ин рӯз наметавонад асаби ороми шуморо халалдор намояд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Тамоми корҳое, ки дар ин рӯз оғоз кардан мехоҳед, қувваи зиёд ва диққатнокии хосаро талаб мекунанд. Эҳтимол баъзе монеаҳоро убур карданатон лозим меояд. Ахбороти номукаммал ва беташаббусии ҳамкорон садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Айни замон камқувватву заифиро эҳсос мекунед, вале ин ҳолат зудгузар аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои нафароне, ки бо дуруштӣ ва баҳсу мунозира мушкилашонро рафъ кардан мехоҳанд, чандон рӯзи бобарор нест. Нафароне, ки ниёз ба руҳбаландӣ доранд, муваффақ мегарданд. Ба мизонҳои муҷарраде, ки дар ин рӯз ошиқ мешаванд, ба шитобкорӣ роҳ доданро маслиҳат намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз аз ҳад зиёд фаъол шуданро маслиҳат намедиҳем. Машғулиятҳои муфидро бо комёбиҳо тавъам намоед. Агар имкон дошта бошед, рӯзро дар хона нагузаронед. Бо нафароне, ки ногап ҳастед, имкони оштишавиро пайдо кунед. Ғами саломатиро низ хӯрданатон лозим меояд. Рӯзи хубест барои харид ва дилхушиҳо.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Корҳои наверо, ки ба муддати маддид ба нақша гирифтаед, метавонед сар кардан гиред. Дар ин рӯз корҳоятон барор гирифта, маслиҳатҳоятон мепазанд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат низ бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ истироҳати бофароғат табъатонро болида мегардонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз яку якбора аз уҳдаи ду кор баромадан мехоҳед, вале танҳо нафарони корчаллону кордон ба мақсад расида метавонанд. Эҳтимол муносибатҳои кориятон бо нафаре ба муносибатҳои ошиқона мубаддал мегардад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Корҳоеро, ки шуморо дучори мушкилиҳо месозанд, ба таъхир гузоред, зеро аз уҳдаашон баромаданатон ба гумон аст. Айни замон бештар истироҳат карданро маслиҳат медиҳем. Нафарони муҷаррад шахсеро пайдо мекунанд, ки ба зиндагияшон рангу таровати хоса ато месозад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз эҳсоси якравӣ дар вуҷудатон ҷӯш зада, шумо нуқтаи назари худро пайгирӣ намуда, сабабҳои чунин рафторатонро ба касе маънидод кардан намехоҳед. Чунин рафторатон ба ҳамкорон писанд намеояд ва боиси муноқишаву нофаҳмӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ