толеънома

Толеъномаи 19-уми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рўзи хубест барои рафъи мушкилиҳои ҷамъшуда. Ҳодисаҳои ин рўз табъи дили шумо намешаванд, вале оташинӣ ва бетоқатиятон боиси он мегардад, ки дар рафъи мушкилиҳо душворӣ мекашед. Ҳангоми робита бо атрофиён эҳтиёт бошед. Ҷангу нофаҳмӣ, эродҳои тарафайн, хурдагирӣ боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад. Шахсе, ки дӯсташ медоред, хабари хуш мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ саратон ба дард меояд.

Савр (21 апрел-22 май)

Диққати бештари худро ба тартибу интизом равона созед, он гоҳ коратон барор мегирад. Дар сарф намудани маблағ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Мушкилиҳое, ки дар ин рўз сар мезананд, аз мушкилиҳои ҷиддие дарак медиҳанд, ки шумо бояд рафъ намоед. Ҳангоми шиносоии ошиқона дар дилатон муҳаббате аланга мезанад, ки аз он зарар мебинед. Ба саломатии гурдаҳо бодиққат бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рўзи номусоидест барои робита бо наздикон. Эҳтимоли дағалӣ, бедиққатӣ ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, ба даст оварда наметавонед. Ҷанҷоли хурд то муноқишаи калон мерасад. Ба эҳсосот дода нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Аз дидори дўстдоштаатон шоду табъатон болида мегардад. Барои оғоз намудани табобати бемориҳо рўзи хуб аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз яку якбора амал ва саросема хулосабарорӣ кардан худдорӣ намоед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна диққати душманонро ҷалб месозед. Имкони ба анҷом расонидани баъзе корҳоятонро пайдо карда, натиҷаи хуби заҳматҳоятонро мебинед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Истироҳатро фаромўш насозед, вагарна бемор мешавед.

Асад (23 июл-23 август)

Ба ҳар коре, ки дар ин рўз даст мезанед, натиҷаи хуб медиҳад. Атрофиён ба ҳунару маҳорататон баҳои мусбат медиҳанд. Муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меорад. Хатари хурўҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рўз бо пули калон ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Хеле рўзи душвор аст, ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор омода бошед. Эҳтимоли гум кардани пул, муноқиша бо наздикон, ҷароҳат хўрдан ва вайрон шудани асбобҳои техникӣ дар назар аст. Ба роҳ баромаданро маслиҳат намедиҳем. Аз баҳсҳои пулӣ дурӣ ҷўед. Нерўи худро барои ба даст овардани дили дўстдоштаатон сарф кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рўзи хубест барои робита бо наздикон, нафароне, ки аз қобилиятҳои шумо ба ваҷд меоянд. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирўзиро бо шахси дўстдоштаатон гузаронед. Барои рафъи нофаҳмиҳо ғурури худро як тараф гузошта, сабру таҳаммудро пеша намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рўз нерўятон кам, вазъи молиявӣ паст мегардад. Эҳтимоли бепул монданатон вуҷуд дорад, аз ин хотир, барои лаҳзаҳои ногаҳонӣ маблағ захира намоед. Бо нафарони калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад. Нақшаи аз вазъияти душвор баромаданро кашед. Бегоҳирўзӣ асабатон хароб мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рўз баҳсу мунозираҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегиранд. Аз робита бо атрофиён худдорӣ намоед ё ботаҳаммул бошед. Табъи нозук ва зудранҷӣ садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Ба кумаки дўстон умед баста метавонед, вале дӯстдоштаатон дар ин рӯз аз шумо ранҷида, чанд муддат қаҳрӣ мегардад. Асабхаробӣ ба саломатиятон беасар намемонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рўз имкониятҳои хуберо дар касбу кор ва дар ҷодаи муҳаббат ба даст меоред. Одати дурудароз сари қароре омадан боиси он мегардад, ки имкониятҳои мусоидро аз даст медиҳед. Барои мулоқоти ошиқона рўзи мусоид нест. Нафаре, ки дар ин рўз аз шумо кумаки пулӣ мепурсад, ба қадри некиятон намерасад. Саломатӣ ганҷи бебаҳо аст, онро эҳтиёт намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Хотирпарешонӣ ва диққати худро ба як кор ҷалб накарданатон дар касбу кор мушкилиҳоро пайдо месозад. Бо тамоми ҳастӣ аз сифатҳои бад ва таъсири бегонагон дурӣ ҷӯед. Рўзи хубест барои робита бо роҳбарият ва харидорӣ намудани чизҳои қимматбаҳо. Дӯстдоштаатон ба кумаки шумо ниёз дорад. Бегоҳирўзӣ хастагӣ боиси хоболуд  шуданатон мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рўзи хубест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Шумо бояд ҳатман истироҳат кунед. Қобилияти пешгўӣ кардани ҳодисаҳо ва дарк намудани дарди ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дўстдоштаатонро пайдо месозед. Хобҳоятон рўзҳои наздик амалӣ мешаванд. Пули калон наёбед ҳам, азоби бепулӣ намекашед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *