толеънома

Толеъномаи 19-уми январи соли 2024

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуданатон имкон дорад, ки дар сарнавиштатон нақши бисёр муҳимро бозида метавонад. Ба хонаи баъзе бонуҳои муҷаррад хостгор меояд. Ҳамалҳои корчаллон, нимаи дуюми рӯз даромади калон ба даст оварданашон имкон дорад, вале  пулро ба чор тараф пош додан нагиред. Дар коргоҳатон каме нооромӣ мешавад. Гуноҳ аз шумо бошад, мағрурӣ накарда, узр пурсед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Барои беҳтар кардани сатҳи зиндагиятон каме кӯшиш кунед. Манбаи нави даромади пулӣ ёбед, вагарна ҳолатон табоҳ мешавад. Дар коргоҳ роҳбарият ба ҳар коратон эрод мегирад. Дилмонда нашуда, ба коратон бодиққаттар шавед, ҳамааш оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Вазъи саломатиатон каме бад мешавад, ҳама кору боратонро як тараф гузошта аз пайи табобат шавед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Имрӯз бо кӯмаки дӯстон аз уҳдаи ҳалли ҳама мушкилиҳо мебароед. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, нимаи дуюми рӯз агар шартнома банданд, ояндаи неки худро таъмин менамоянд. Бонувони муҷаррадро вохӯрии аҷиб ва сайругашти романтикӣ интизор аст. Аз роҳи дур як хушхабар ба гӯшатон мерасад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Ба нафароне, ки аз бекорӣ хаста шуда, бо тиҷорат машғул шуданиянд, маслиҳат медиҳем, ки аз тиҷорати хурд сар кунанд, вагарна пулашон ба боди фано меравад. Агар орзуи бо маҳбуби дил вохӯрданро дошта бошед, ба наздикӣ ҷуфти худро меёбед. Бонувон шоҳзодаи орзуҳои худро тасодуфан пайдо мекунан. Барои харидани хона ва мошин вақти беҳтарин аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Имрӯз барои ба даст овардани чизи дилхоҳатон талош мекунед. Дар тиҷорат баъзе нокомиҳо мешаванд, вале аз ин набояд озурда гашт. Меҳнат кунед, мушкилиҳои молиявӣ оҳиста-оҳиста ҳал мешаванд. Барои мардоне, ки фикри зангириро дар сар доранд, рӯзи беҳтарин фаро мерасад. Арӯсе, ки меёбед, шуморо ба маънои томаш хушбахт карда метавонад, вале эҳтиёт бошед, ки ба доми фиреби занҳои маккора наафтед. Асадҳои оиладор соҳиби фарзанд мешаванд ё дар ҷодаи ҳаёти оилавиашон ягон хурсандии дигар рӯй медиҳад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Вазъи саломатиятон якбора бад шуда, наздиконатонро ба ташвиш меорад. Ба саломатиатон аҳамият диҳед, табиби ҳар шахс худаш аст. Каме азоби бепулӣ мекашед. Меваи сабр ширин аст мегӯянд, сабр кунед, рӯзҳои наздик манбаи даромад пайдо ва мушкилатон осон мегардад. Хушомадгӯӣ кардан ба сардор шарт нест, вале садоқататон самари хуб дода метавонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Ҳолати молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Даромади начандон калонеро ба даст меоред. Барои сарф кардани пул саросема нашавед, ин маблағ барои харидани ашёи кайҳо орзукардаатон ба шумо лозим мешавад. Бо сардор муноқиша кардан ба манфиати шумо нест. Дар хона низ бояд бисёр боэҳтиёт рафтор намуд. Аз сари рашку ғурур дили маҳбубатонро озурда насозед, ки абадан шуморо тарк хоҳад кард. 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Ҳолати молиявии ақрабҳо имрӯз муътадил боқӣ мемонад. Пайдо шудани сарчашмаи нави даромад ба гумон аст, вале шумо имкон доред, ки ба наздиконатон ёрӣ расонед. Хасисӣ накунед, дасти мадад дароз кардан ба аҳли оила ва дӯстонатон муносибати шуморо бо ин одамони бароятон дар ҳаёт бисёр зарур беҳтар хоҳад кард. Занҳоро дар ҷодаи ишқу муҳаббат дилсардӣ интизор аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Барои бартараф намудани мушкилоти молиявӣ имрӯз эҳтиёткорона тамоми ҳуҷҷатҳои  вобаста ба пулро тафтиш кунед. Барои нав кардани сару либос рӯзи беҳтарин аст. Шаклан каме дигаргун шудан шуморо боз ҳам зеботар гардонида, имкони ёфтани ҷуфти ҳаётиатонро дучанд месозад. Ба мардҳое, ки дар интизории пайғоме аз дӯстдоштаи сангиндил ҳоли табоҳ доранд, маслиҳат медиҳем, ки ноумед нашаванд, арӯсатон шуморо месанҷад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Маблағе, ки ба даст меоред, барои хариди ягон чизи гаронбаҳо кифоят мекунад, вале ба шумо зуд ба бозор давиданро маслиҳат намедиҳем. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол дар оилаатон нофаҳмие сар занад. Шуморо санҷиши ҷиддӣ интизор аст, бартариатонро нишон дода тавонед, чанд зина боло меравед, дар акси ҳол ноком хоҳед гашт. Муваффақият дари хонаи шуморо мекӯбад, агар содиқона меҳнат намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Аввали рӯз хароҷоти калон зарбаи сахте ба кисаатон зада, мушкилоти пулӣ шуморо хаста месозад. Озурда нашавед, нимаи дувуми рӯз даромади калони пулӣ ба даст оварда метавонед. Ҷангу ҷанҷоле, ки дар ҷойи коратон сар зада, дарди сари шумо мешавад, табъатонро андак хира хоҳад кард.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Дар ин рӯз шиносоии тақдирсозе ба вуҷуд меояд, ки дари бахту саодатро ба рӯйи шумо боз карда метавонад. Сари калобаатонро гум карда, барои маслиҳат ба назди ҳар касу нокас нашитобед, бадхоҳон ва душманон аз ҳасад бахти шуморо баста метавонанд. Мардҳои зери бурҷи ҳут ба дунё омадаро имрӯз комёбии бузурге интизор аст, ба шарте, ки танбалӣ накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *