Толеъномаи 2-юми апрели соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Қисми аввали рӯз нақшаҳоятон яку якбора тағйир ёфта, ташвишатон зиёд мегардад. Фаъолияти эҷодкорон, сафарҳо, таъмир ё кори сохтмон бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ яке аз наздиконатон бемор шуда, барои табобаташ маблағи зиёд сарф мекунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки кайҳо боз дар оташи ишқаш месӯхтед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз мушкили ҷиддие ба саратон намеояд, вале табъатон хира мегардад. Шумо нияти хариди калон карданро доштед, вале маблағатон хеле кам аст. Диққати худро ба кори дигар ҷалб намоед, вале аз сафару вохӯриҳо худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед. Ба хобҳои дидаатон диққат надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои эҷодкорон, сохтмончиён ва истироҳати фаъол рӯзи мусоид аст. Бонувони муҷаррад ҳангоми бо марде шинос шудан бояд эҳтиёткор бошанд, хатари фиреб хӯрдану дилмондагӣ ё бемор шуданатон вуҷуд дорад. Мардҳо нисбати наздикон меҳрубонтар буданашон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ бо маслиҳату дастгирии дӯстон амал намоед. Аз қарз гирифтан худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шарикони нави корӣ пайдо карда, солиёни зиёд ҳамкорӣ мекунед. Агар ба маслиҳати дӯстон гӯш надиҳед, муносибатҳои ошиқонаатон беҳтар мегарданд. Дар масъалаҳои молиявӣ камтарин ғалат боиси муфлисшавиятон мегардад, аз ин рӯ, хеле бодиққат бошед. Бегоҳирӯзӣ ба мағозаву бозор рафта, табъи дили худ харид карданатон имконпазир мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз ба хӯроки худ диққат диҳед. Хатари бемор шудани узвҳои ҳазмкунанда ва меъда зиёд аст. Ба маъракае даъватӣ мегардед, ки сифатҳои беҳтарини худро нишон додан муяссаратон мегардад. Нимаи дуюми рӯз ташвишу саргардониҳои зиёди бо шахси наздикатон алоқамандро пеш меорад. Ба хотири шахси дӯстдоштаатон каме маблағ сарф мекунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои ба даст овардани дили шахси бароятон маҳбуб ҷасуртару боисрор бошед. Меҳру муҳаббати худро нишон дода, туҳфаи хотирмон тақдим намоед. Нафароне, ки дар фасли баҳор аз аллергия азият мекашанд, дар ин рӯзҳо аз заифию оби чашм шикоят мекунанд. Сафарҳо, таъмири хона ё сохтмон бобарор анҷом меёбад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои саломатӣ рӯзи номусоид аст. Хастагиву бемадорӣ эҳсос карда, масунияти баданатон суст мегардад. Аз фиреб хӯрдану ваъдаҳои хушку холӣ, нофаҳмӣ дар оила эҳтиёт шавед. Барои мизонҳое, ки бо санъат ва эҷод машғуланд, рӯзи хуб аст. Нафарони бо тиҷорат машғул бояд шарикони дилпур пайдо намоянд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар аз ҳад зиёд бадқаҳру якрав шавед, бекасу танҳо мемонед. Ба баҳсу муноқиша роҳ надиҳед, хусусан агар ба мазмуни баҳс сарфаҳм намерафта бошед. Ҳангоми сафар вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Шиносоӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё маркази савдо рух медиҳад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҳаёти шахсиятон тағйироти куллӣ имкон доранд. Хуб ё бад будани он аз худи шумо вобастагӣ дорад. Нафаре дар зиндагиятон пайдо мешавад, ки сахт дил мебандед. Дар ин рӯз имкони мустаҳкам сохтани вазъи молиявиатон вуҷуд дорад. Мардҳо ба коре, ки боиси аз даст додани дӯсти наздикашон мегардад, набояд роҳ диҳанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз таваккал кардану ба воҳима афтодан ва барои худ мушкилӣ эҷод карданро маслиҳат намедиҳем. Агар бо кори майда -чӯйда машғул шуданӣ бошед, ба кори дигар худро ҷалб насозед. Муҳаббати деринтизор ҷаддиҳои танҳоро шод мегардонад. Бегоҳирӯзӣ бо сабаби сафар карданатон маблағ сарф мекунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Аввали рӯз ҳодисаҳои ҷиддии ногаҳонӣ ва туҳмату буҳтон имкон дорад. Аз гуфтори дағалу садо баланд кардан худдорӣ намоед. Худро ба даст гирифта, ба муноқишаву низоъ ҳамроҳ нагардед. Далвҳои муҷаррад барои пайдо намудани муҳаббати худ бояд фаъолтар бошанд. Дар маъракаҳои серодам ширкат варзидан бароятон хушҳолӣ намеорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аз кори якрангу бемаънӣ ҷонбезор мегардед. Аз интихоби кардаи худ пушаймон нагардед. Аз ҷониби нафаре, ки дар як коллектив кор мекардед, пешниҳодҳои ҷолиб мегиред. Барои нафароне, ки тиҷорати худро оғоз кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Ҳутҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ