Толеъномаи 2-юми сентябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар давоми рӯз уҳдадориву вазифаҳои муҳимро пурра ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол, вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Баъзе уҳдадориву вазифаҳои муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз баъзе нақшаҳо даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон имкон дорад. Ба бемориҳои музмин диққати бештар диҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Барои рушди корҳои молиявии шумо рӯзи мусоид аст. Бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳилла ба кор намераванд. Дар оилаатон навигариҳо, маъракаву вохӯриҳо зиёд мешаванд. Барои оростани маърака ё тӯй рӯзи созгор аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои он ки ба гирдоби ғаму ғӯсса ғӯттавар нагардед, аз ҳад зиёд соддаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Мардони дар мучали саратон тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Аксарияти зодагони асад даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯйистифода қарор гирифтан шуморо асабӣ мегардонад. Дар давоми рӯз занги телефониеро интизор мешавед ва аз хабаре, ки дер боз интизораш будед, қаноатманд мегардед. Бонувони мучали сунбула бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз шунидани хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон рух медиҳад, ғамгин мегардед. Агар садди роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Дар давоми рӯз уҳдадориҳоро дар назди нафаре бе таваққуф ва ҳиллаву найранг ба анҷом бояд расонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Душвориҳои рӯз ба ҳолати руҳии шумо бетаъсир намемонанд, асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафаре, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро пайдо намоед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз ҳузури нафарони хушчақчақ нерӯ мегиред. Ба муноқишаҳо роҳ надиҳед, беҳтараш роҳҳои дигари ибрози ақидаро интихоб намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти нася гирифтанро дошта бошед, барои ин кор рӯзи мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Мардони мучали ҷаддӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Барои пайдо намудани ҷои нави корӣ рӯзи мусоид аст. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдаашон баромада метавонеду барояшон вақту имконият доред. Мардони мучали ҳут вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳои рӯз дилгиру руҳафтода мешаванд. Аз робита бо нафароне, ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ