Толеъномаи 20 июн 2018

                Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Iумо ғарқи мушкилоти шахсӣ гашта каме аз наздикон дур мегардед. Ин боиси сардии муносибатҳо байни шумо хоҳад шуд. Истироҳат дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ мебахшад. Ҳарчанд вазъи молиявиатон муътадил аст, вале аз хариди калон худдорӣ кунед ва дар фикри пайдо кардани роҳҳои нави пулкоркунӣ шавед

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Шумо бисёр худхоҳу дағал буда, баҳудаву беҳуда дили наздиконро озор медиҳед. Ин рӯз низ онҳоеро, ки фармоишатонро иҷро кардаанд бо эроду хурдагириҳоятон меранҷонед. Беҳтараш кибрро канор гузоред ва боре ба онҳо изҳори миннатдорӣ намоед. Агар феълу хӯятонро иваз накунед дар зиндагӣ танҳо хоҳед монд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Новобаста аз оне, ки зиёд мехоҳед ба кору зиндагиатон ягон навгонӣ ворид намоед, маҷбуред  фаъолияти ҳамешагиву дилгиркунандатонро идома диҳед.  Кори зиёди фикрӣ шуморо асабӣву бадқаҳр мекунад. Бештар шарбати мева нӯшида, витамину гиёҳчой истеъмол намоед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳамчунин чой ва қаҳваи талх низ худдорӣ намуда,  вазъи саломатиро беҳтар созед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз якчанд лоиҳаҳои наватонро бо муваффақият амалӣ месозед. Вале ҳарчанд бурдатон зиёд мегардад ҳамон андоза танқиду эродҳои зиёде нисбататон гирифта мешавад.  Аз наздикон барои дигар дастгирӣ накарданашон хафа нашавед. Вақти он расидааст, ки пурра мустақил шавед. Баъзе саратонҳоро дар ҷодаи муҳаббат навигариҳои аҷиб интизоранд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз бисёр хушу босамар мегузарад. Баъзеҳо имкони хуби беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозанд. Нимаи дувуми рӯз бошад яке аз азизон бовариатонро мешиканад. Шуморо ҳолати ясъу навмедӣ фаро гирифта ба худ фурӯ меравед. Бо фикр чаро чунин шудро кардан вазъият дигаргун намешавад. Беҳтараш ба эҳсосот дода нашавед ва инро ҳамчун таҷрибае қабул намоед, ки аз такрори он дар оянда худдорӣ мекунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нимаи аввали рӯзро шумо бо ҳал намудани мушкилоти дигарон мегузаронед. Ҳарчанд барои ин нерӯ ва вақти зиёд сарф мекунед, вале манфиаташ низ кам нахоҳад буд. Дар охири рӯз шуморо навгоние бузурге амсоли ишқи нав ё кори нав хушҳол хоҳад кард. Нисбати саломатии хеш бепарвоӣ накунед, то беморие, ки чанд муддат азият медод, дар ин рӯзҳо аз нав хуруҷ накунад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Баҳудаву беҳуда рашк карда дӯстдоштаи худро дилгир накунед ва барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона кӯшиш намоед. Дар меҳмониҳое, ки охири рӯз даъват мешавед ба пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ роҳ надиҳед, вагарна аз бемориҳои меъда халосӣ ёфта наметавонед. Барои ҷудо кардани дӯст аз душман аз маслиҳати ҳамешагии ақрабои куҳансолатон истифода баред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Бисёр вақеъаҳои имрӯа табъи дили шумо нахоҳад буд. Шумо асабиву бадқаҳр мешавед ва ҳатто наздиконатонро бе сабаб меранҷонед. Бештар ба сайругашт баромада, бо дӯстон вохӯрӣ намоед. Хусусан нафарони муҷаррад бояд бештар маъракаву ҷашнҳои хешу табор рафта, дилхушӣ намоянд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, дар ин рӯз ба даст оварда наметавонед.  Аз хӯрдани ғизоҳои зудтайёр ва сарироҳӣ худдорӣ намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вақти худро бештар бо нафароне, ки бароятон азизу ҷолиб ҳастанд, гузаронед. Нимаи дувуми рӯз туҳфаву бозёфтҳои ногаҳонӣ табъатонро хуш месозанд. Баъзе нақшаву ниятҳоятон бе ягон кӯшиш амалӣ гашта, аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат мемонед. Нимаи аввали рӯз барои вохӯрӣ бо дӯстон, ва шомгоҳон барои мулоқоти ошиқона созгор меояд. Аз рафтан ба мағозаву бозор худдорӣ намоед, вагарна пулро барои чизҳои нодаркорӣ сарф карда,  пушаймон мешавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз барои аксари ҷаддиҳо бобарор аст. Имконияти амалӣ намудани ваъдаҳои додаатонро ба даст меоваред. Ҷаддиҳои муҷаррад ошиқ мешаванд. Баъзеҳо дӯстдоштаи худро бо рашки беҳуда меранҷонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ барору комёбӣ ҳамқадами шумо буда, даромади хуб ба даст меоред. Охири рӯз барои  ба меҳмонӣ рафтан ё даъвати меҳмонҳо мувофиқ аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Давоми рӯз мушкилоти касбиву молиявӣ шуморо азият медиҳад. Аз нақшаву ниятҳои доштаатон дӯстдоштаатонро огоҳ насозед. Кина ва ранҷишро аз дил берун кунед то боиси бемориатон нагардад. Ҳангоми ба ҷашну маърака ва меҳмонӣ рафтан ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Барои рафъи бехобӣ дар ҳавои тоза сайругашт намуданро фаромӯш насозед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нимаи аввали ҳафта дар оилаатон ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд. бо наздикон забон ёфта натавонистанатон боиси нофаҳмиву мешавад. Ҳарчанд вазъи молиявиатон хуб нест боз ҳам аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Азизи дилатон ба хотири амалӣ сохтани орзуву ниятҳои шумо тамоми кӯшишу маҳораташро ба харҷ медиҳед. Саломатиатон давоми ҳафта шуморо ташвиш намедиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *