Толеъномаи 20 май 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Рӯзи бебарор аст. Вазъи молиявиатон бар асари хариди калон карданатон душвор мегардад. Робита бо наздикон тоқатнопазир мегардад. Сабаби тамоми нофаҳмиҳо дар он аст, ки шумо хатогиҳои худро ба гардан нагирифта, гуноҳони дигаронро бахшида наметавонед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Нақшаҳои зиёди ба нақша гирифтаатонро амалӣ месозед. Наздикону шахси дӯстдошта кӯмаку дастгирӣ пешниҳод мекунанд. Бо кӯмаки машрубот ва муноқиша асабатонро ором карда наметавонед. Корҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон беасар намемонад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо нафаре шинос шудан ё робита бо дӯстони дерин сабабгори нофаҳмиву хастагӣ мегардад. Ба кӯмаки ҳамкорони худ ва наздикон умед набандед, вагарна кор бо асабхаробӣ анҷом меёбад. Сафари ғайринақшавӣ ё хабари нохуш имкон дорад. Аз муноқиша бо нафароне, ки дӯсташон медоред, худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Вохӯрӣ бо дӯстон ва наздикон боиси хастагӣ ва нотоб гаштанатон мегардад. Беҳтараш як қисми рӯзро бо аҳли оила гузаронед. Оғӯши гарми шахси дӯстдошта қалбатонро гарм месозаду худро хушбахт эҳсос мекунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ба тарзи хӯрокхӯрии худ диққат диҳед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Вазъи молиявиатон бо сабаби харид кардан душвор мегардад. Бадгумонӣ ва ҳисси кунҷкобии шумо боиси хирагии табъатон мегардад. Муносибататон бо наздикон вайрон мегардад. Агар хатогиҳои худро ислоҳ накунеду камбудии дигаронро бахшида натавонед, аз муноқиша халосӣ намеёбед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз душвориҳое сади роҳатон мегарданд, ки бо сабаби ба корҳои хатарнок даст задани шумо пеш меоянд. Ҳамкорон кӯшиши фиреб кардани шуморо доранд. Бо сабаби хастагии зиёд вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Дӯсти вафодор дар ҳамин лаҳзаҳо кӯмаки худро пешниҳод мекунад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи наздикони худ машғул шавед, вагарна дар ҳаёти шахсиятон каме нофаҳмӣ рух медиҳад. Нимаи аввали рӯз содагии аз ҳад зиёди шумо боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи хубест барои машғул шудан бо шуғли дӯстдошта, хусусан барои нафарони эҷодкор. Мушкилиҳои рӯзгор ҳалли ҳатмии худро талабида имкони нафаси осуда кашиданро намедиҳанд. Зимни робита бо аъзоёни оила душворӣ сар мезанад, вале ба ин чиз чандон диққат надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Сафари ғайринақшавӣ ё хабари нохуш боиси сарфи беҳудаи маблағ гашта, муносибататонро бо атрофиён вайрон месозад. Ба ягон кор даст назанед, вагарна ба чанд ғалати ҷиддӣ роҳ дода, боиси мушкилиҳои зиёд мегардед. Дар ин рӯз ба касе пул надиҳед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз имкони бемор шудану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, аз ин рӯ бодиққат ва боэҳтиёт бошед. Сарфи ногаҳонии маблағ карданатон дар назар аст. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нисбати наздикон ва шахси дӯстдоштаи худ ғамхору меҳрубон бошед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи бахшидани гуноҳон аст. аз доираи нафарони бадкирдор дурӣ ҷуста, аз кибру ғурур худдорӣ намоед. Барои он ки фишори хунатон ба эътидол ояд, бояд аз ҷойҳои серодаму серғавғо дурӣ ҷӯед. Дар ин рӯз ба одамони ношинос бовар накунед. Аз пайи ошиқатон назорат баред, дурӯғашро фош намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз қабл аз кореро ба сомон расонидан нағзакак андеша намоед. Ба ақидаи атрофиён чандон таваҷуҳ накунед ва аз дарди сар халосӣ меёбед. Меҳмононе, ки имрӯз ба хонаатон меоянд, аз дидорашон шод мегардед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ