Толеъномаи 20 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз барор нагирифтани корҳои тиҷоратиашон ҳамалҳоро асабонӣ месозад. «Поёни шаби сияҳ сафед аст» гуфтаанд, тоқат кунед, ин давраи мушкил ҳам мегузарад ва кисаҳоятон боз пури пул мешаванд. Ҳамалҳои танҳо, нисбати бонувон зебо бепарво набошед, хонумҳои бурҷашон сунбула зиндагии шуморо ҳусну маънии тоза бахшида метавонанд..

Савр ( 21 апрел – 22 май)

 Шумо бори дигар комёбиҳои худро бо пешравиҳои шиносҳоятон муқоиса карда, ба хулосае меоед, ки бояд бо қувваи дучанд ба кор часпида, орзуву нақшаҳоятонро ҷомаи амал пӯшонед. Агар танбалӣ накунед, метавонед дар муддати кӯтоҳ бо мадади дӯстони наватон соҳиби нони равғанӣ бигардед. Саврҳои танҳо, тақдиру насиб ҳамин будааст гуфта мисли хирс дар лонаи танҳоиятон пинҳон нашавед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Фикри шантаж кардани шахсеро, ки  сирру асрорашро фаҳмидаед, аз сар берун намоед, вагарна бо умеди пули муфт ба сари худ балои азимеро меоред. Ба ҷойи ба зиндагии дигарон бинӣ халондан беҳтараш нисбати оилаи худатон бодиққат бошед. Рӯз барои сафарҳои корӣ ба хориҷа хеле мусоид буда, фоидаи калон оварда метавонанд. Қарз гирифтанро  ба шумо маслиҳат намедиҳем.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯз дар муносибатҳои ошиқонаи саратонҳо латма ворид менамояд. Муноқишаҳо аз майда-чӯйда сар шуда, то ҳадде аланга гирифта метавонанд, ки кор то ҷудоӣ мерасад. Дӯстдоштаатонро аз даст додан нахоҳед, баҳудаю беҳуда ба ҳар кораш хӯрдагирӣ карда, ба асабҳояш нарасед. Мабодо гапатон бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон гурезад, дарҳол бо меҳрубонӣ ё туҳфаяке кинаро аз дилаш бароред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Тамоми ҳастии худро ба кор бахшида, шумо ваъдаеро, ки ба шахси наздиктаринатон дода будед, фаромӯш мекунед. Маҳз бо ҳамин сабаб муноқишаи калони оилавӣ сар зада, асабҳоятонро хароб менамояд. Маҷбур мешавед, ки барои то кадом андоза бароятон азиз будани оиларо исбот намудан ҳама кору боратонро нимкола гузошта, ҳамсару фарзандонатонро ба дамгирӣ ё меҳмонӣ баред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Сунбулаҳое, ки бо эҷодиёт сару кор доранд, имрӯз муваффақ мегарданд. Саршор аз илҳом гашта, шумо метавонед асарҳои мондагор эҷод намоед.  Бонувони бурҷашон сунбула мушкилеро, ки вақтҳои охир азияташон медод,  бо кӯмаки марди дар моҳи ҷавзо тавлидёфта ҳал хоҳанд кард.  Дар интихоби дӯстон ҳушёр бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз ба кадом коре, ки даст назанед, барор мегирад. Фурсатро аз даст надода, нақшаҳои калонтаринатонро ҷомаи амал пӯшонед. Вохӯрӣ ва сафарҳои корӣ махсусан нимаи дуюми рӯз бобарор мешаванд. Дар ҷодаи ишқ кори мизонҳо дар он сурат барор мегирад, ки ҷуфти бурҷаш ҷаддиро дарёбанд. Агар тақдир шуморо бо бонуи зебо ё марди хушсурати зери ин бурҷ ба дунё омада ошно кард, донед, ки бахт ба рӯятон хандидааст ва домони ӯро маҳкам доред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз бо чанд нафари муътабар шинос мешаведу бо ширинзабонӣ ба дилашон роҳ ёфта, фоидаи калон ба даст меоред. Шумо метавонед бо кӯмаки дӯстони нави воломақоматон чанд мушкили муҳими ҳаёти худро ҳал кунед. Бо нафаре, ки чанд муддат қаҳрӣ будед, оштӣ мешавед. Даромади пулии калонро нимаи дуюмирӯз интизор шавед. Ифтор хонаатон як меҳмони олиқадр меояд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вақти зиёдатии худро барои такмили касбу кор сарф намоед, он гоҳ шумо бо шахсони аҷиб шинос шуда, ояндаи дурахшони худро таъмин мекунед. Ягона чизе, ки имрӯз қавсҳоро ташвиш дода метавонад, ин саломатист. Кӯшиш кунед, ки хӯрокҳои бирёнӣ ва сахтро камтар истеъмол намоед, зеро хатари авҷ гирифтани бемориҳои рӯдаю меъда вуҷуд дорад. Ҳамсаратон шуморо бо як хушхабар шод хоҳад кард.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ

 Шумо имрӯз имкон доред, ки бо роҳи осон соҳиби даромади калон гардед. Якбора бой шудам гуфта, пули ба даст меомадаро ба чор тараф пош надиҳед. Тақдир ба шумо меҳрубонӣ мекунад, то мушкилиҳои асосии ҳаётатонро ҳал намоед. Олиҳимматӣ карда, тамоми дороиятонро ба пеши пойи маҳбубатон нарезед. Шахсе, ки аз ҷон бештар дӯсташ медоред, метавонад бо як рафтори ноҷояш ба дилатон захми хунчакон бизанад. Барои сафари хориҷӣ намудан рӯз чандон мусоид нест.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ хонаи шуморо тарк мегӯянд ва дар оилаатон мурғи бахт лона мегузорад. Ягона чизе, ки табъатонро хира карда метавонад, мушкилоти пулӣ аст, вале руҳафтода набошед, нимаи дуюми рӯз ин масъала низ ҳал шуда, дигар чизе шуморо ташвиш нахоҳад дод. Бо нафаре вохӯрданатон имкон дорад, ки дар ҳаёти шумо нақши калон мебозад. Гап на дар сари ишқу муҳаббат, балки дар пуштибон ёфтанатон аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳодисаҳои вақтҳои охир чунон зиндагиатонро дӯлоб гардонидаанд, ки шумо сари калобаатонро гум кардаед. Руҳафтода нашавед, ситораҳо барои баромадан аз вазъияти ба саратон омада ба шумо кӯмак мерасонанд, агар ақлу фаросати зотиатонро ба кор бурда тавонед.  Нафароне, ки бахти худро ҳанӯз пайдо накардаанд, бояд ба намояндагони мучали саратон диққат диҳанд. Шумо  бо як нигоҳ ба шахси бароятон тамоман ношинос ошиқ мешавед, вале аҳли оилаатон интихобатонро қабул намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *