Толеъномаи 20-уми апрели соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хубест барои рафъи мушкилиҳои ҷамъшуда. Ҳодисаҳои ин рӯз табъи дили шумо намешаванд, вале оташинӣ ва бетоқатиятон боиси он мегардад, ки дар рафъи мушкилиҳо душворӣ мекашед. Ҳангоми робита бо атрофиён эҳтиёткор бошед. Ҷангу нофаҳмӣ, эродҳои тарафайн, хӯрдагирӣ боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Диққати бештари худро ба тартибу интизом равона созед, он гоҳ коратон барор мегирад. Дар сарф намудани маблағ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, аз мушкилиҳои ҷиддие дарак медиҳанд, ки шумо бояд рафъ намоед. Ҳангоми шиносоии ошиқона дар дилатон муҳаббате аланга мезанад, ки аз он зарар мебинед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи номусоидест барои робита бо наздикон. Эҳтимоли дағалӣ, бедиққатӣ ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Ҷанҷоли хурд то муноқишаи калон мерасад. Ба эҳсосот дода нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Аз дидори дӯстдоштаатон шод мешаведу табъатон болида мегардад. Барои оғоз намудани табобати бемориҳо рӯзи хуб аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз яку якбора амал кардан ва саросема хулосабарорӣ худдорӣ намоед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна диққати душманонро ҷалб месозед. Имкони ба анҷом расонидани баъзе корҳоятонро пайдо карда, натиҷаи хуби заҳматҳоятонро мебинед. Истироҳатро фаромӯш насозед, вагарна бемор мешавед.
Асад (23 июл-23 август)
Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, натиҷаи хуб медиҳад. Атрофиён ба ҳунару маҳорататон баҳои мусбат медиҳанд. Муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меоранд. Хатари хуруҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз бо пули калон ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Хеле рӯзи душвор аст, ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор омода бошед. Эҳтимоли гум кардани пул, муноқиша бо наздикон, ҷароҳат хӯрдан ва вайрон шудани асбобҳои техникӣ дар назар аст. Ба роҳ баромаданро маслиҳат намедиҳем. Аз баҳсҳои пулӣ дурӣ ҷӯед. Нерӯи худро барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон сарф кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи хубест барои робита бо наздикон, нафароне, ки аз қобилиятҳои шумо ба ваҷд меоянд. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзиро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Барои рафъи нофаҳмиҳо ғурури худро як тараф гузошта, сабру таҳаммулро пеша намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз нерӯятон кам, вазъи молиявӣ паст мегардад. Эҳтимоли бепул монданатон вуҷуд дорад, аз ин хотир, барои лаҳзаҳои ногаҳонӣ маблағ захира намоед. Бо нафарони калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад. Нақшаи аз вазъияти душвор баромаданро кашед. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз баҳсу мунозираҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегиранд. Аз робита бо атрофиён худдорӣ намоед ё ботаҳаммул бошед. Табъи нозук ва зудранҷӣ садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Ба кумаки дӯстон умед баста метавонед. Асабхаробӣ ба саломатиятон беасар намемонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз имкониятҳои хуберо дар касбу кор ва дар ҷодаи муҳаббат ба даст меоред. Одати дурудароз сари қароре омадан боиси он мегардад, ки имкониятҳои мусоидро аз даст медиҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Нафаре, ки дар ин рӯз аз шумо кумаки пулӣ мепурсад, ба қадри некиятон намерасад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Хотирпарешонӣ ва диққати худро ба як кор ҷалб накарданатон дар касбу кор мушкилиҳоро пайдо месозад. Бо тамоми ҳастӣ аз сифатҳои бад ва таъсири бегонагон дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо роҳбарият ва харидорӣ намудани чизҳои қимматбаҳо. Бегоҳирӯзӣ хастагӣ боиси хоболуд шуданатон мегардад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Шумо бояд ҳатман истироҳат кунед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳо ва дарк намудани дарди ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатонро пайдо месозед. Хобҳоятон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ