толеънома

Толеъномаи 20-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи пур аз воқеаву шиносоиҳо аст. Имкони нишон додани ҳунару маҳорататон фароҳам меояд. Нерӯи дучанди шумо боиси хушнудиву болидаруҳии атрофиён мегардад. Аз нӯшокиҳои спиртӣ сӯйистифода накунед. Рӯзи хубест барои пиёдагардӣ ва машқҳои ҷисмонӣ.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст. Агар онро қаблан ба нақша гиред, бобарор анҷом меёбад. Вохӯриҳои кориро нимаи аввали рӯз ба анҷом расонида, баъди нисфирӯзӣ бо корҳои хона машғул шавед. Дар ин рӯз даромади пулӣ имкон дошта, барои харидкунӣ бобарор аст. Хусусан хариди калон бобарор анҷом меёбад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Як вохӯрии ногаҳонӣ дар ин рӯз табъатонро хира мегардонад. Барои он ки минбаъд ба чунин ҳолатҳо дучор нагардед, бо нафарони тасодуфӣ дӯстӣ накунед. Бепарвоӣ ва такаббур боиси муноқиша бо наздикон ё қаҳру ғазаби атрофиён мегардад. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дар бораи як дӯсти қадрдонатон гапҳоеро мешунавед, ки боиси дилмондагиятон мегардад. Агар имкон дошта бошед, рухсатӣ гирифта, бо корҳои оилавӣ машғул шавед. Мушкилоти хона ва ҳатто рубӯчин боиси табъи болида мегардад.

Асад (23 июл-23 август)

Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, танҳо дар сурати он ки ҳамкорони боэътимод дошта бошанд, таваккал карда метавонанд. Дар акси ҳол ҳамаи дороии худро аз даст медиҳед. Аз ҷониби яке аз наздикон муноқиша имкон дорад. Оромиро нигоҳ дошта, ба дағалӣ роҳ надиҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки қонуну қоидаҳои ҷориро вайрон насозед. Агар бар зидди нафарони обрӯманд рафтор намоед, вақту қувваи худро аз даст медиҳед. Барои нафароне, ки кайҳо боз орзуи ошиқ шуданро доштанд, бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки ишқи аввалатонро ба ёд меорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба корҳое, ки ба гузаштаатон алоқамандӣ доранд, машғул нашавед. Барои саломатиятон бебарор аст, эҳтимоли бад шудани вазъи саломатӣ ва хурӯҷ намудани бемориҳои музмин ва таъсири манфии нафари бегонае дар назар аст. Аз ин рӯ, аз вохӯриву қабули меҳмон худдорӣ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Суҳбати эътимодомез шуморо бо шарикони корӣ наздиктар месозад. Мутаассифона, дар ҳаёти шахсиятон муноқишаву нофаҳмӣ боиси вайрон гаштани муносибатҳо мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ маблағи калонро интизор набошед. Вазъи саломатӣ бо сабаби хароб гаштани асабҳо ба ташвиш меорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар маъракаву маҳфилҳои дӯстон хизмат карданатон хуб аст. Қавсҳои муҷаррад шахси меҳрубонеро пайдо месозанд, ки ҳаёташонро рангин мегардонад. Ба ҳамсояву дӯстон ва хешовандони дур диққат диҳед, эҳтимол нафаре дар фикри душмании шумо аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба тағйироте дучор мегардед, ки ба хушбахтии худ боваратон намеояд. Барои он ки ба ғалатҳои пешина роҳ надиҳед, ҳолати руҳии худро беҳтар гардонед. Дар оилаатон эҳтимоли тавлиди фарзанд, ба хонаи нав кӯчидан, таъмир ё харидани асбобҳои техникии рӯзгор имкон дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Муносибатҳои оилавии далвҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар сурати боандешаву боэҳтиёт амал кардан корҳоятон барор мегирад. Ба саломатии худ дар ин рӯз сахт диққат диҳед, хусусан ба хӯроке, ки истеъмол мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҳутҳо барои ояндаи худ дар ташвиш шуда, ба барору муваффақиятҳо боварашон намеояд. Аз ҳад зиёд ба кунҷкобӣ роҳ надиҳед. Агар муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта вайрон гардад, бо туҳфаи хотирмоне хотирашро шод гардонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *