Толеъномаи 20-уми феврали соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи номусоиду бисёр мушкил аст. Ба васваса дода нашуда, аз робитаҳо худдорӣ намоед, дар ҳаёти шахсиятон душвориҳо ва бо дӯстону хешовандон мушкилиҳо сар мезананд. Дар ҳамин рӯзҳои серташвиш бо нафаре шинос мешавед, ки дилатонро ба ларза меорад. Барои харид маблағи калон сарф карданро тавсия намедиҳем.
Савр (21 апрел-22 май)
Нимаи аввали рӯз барор ҳамсафаратон мегардад, вале барои сафару саёҳат номусоид аст. Хатари бемор шудану хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад, корҳои ҷисмонӣ хатарнок аст. Дар ҳама кор танҳо ба қувваи худ умед набандед, кумаки атрофиён айни муддао мегардад. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз табъатон зуд-зуд тағйир меёбаду гоҳ хушҳолу гоҳи дигар ғамгин мегардед. Агар ба дӯст доштанатон эътимод надошта бошед, беҳтараш ба мулоқоти ошиқона наравед. Муваффақият насиби нафароне мегардад, ки бо тиҷорат машғуланд. Наздиконатон ба кумаку дастгирии шумо ниёз доранд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шубҳаву гумонро ба дил роҳ надода, бо нафарони бароятон наздик муноқиша накунед. Дар ин рӯз ба вазъиятҳои душвори зиёд рӯ ба рӯ мегардед. Аз муноқиша кардан худдорӣ намоед, вагарна ба ғайр аз асабхаробӣ чизи дигаре намегиред. Пулро беҳуда сарф кардан камоли беақлист, вале ба пул сахт дил бастан низ амали нодуруст аст.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи душвор аст. Дар ҳаёти шахсиятон мушкиливу нофаҳмӣ ё бо хешовандонатон дилмондагӣ рух медиҳад. Бо корҳои хатарнок машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Ҷароҳат бардоштану гум кардани пул эҳтимол дорад. Нафароне, ки қарз дода буданд, дар ин рӯз пулҳояшонро бармегардонанд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст, дар ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанаду бо дӯстону наздикон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба ягон кори муҳим даст назанед, корҳоятон барор намегиранд. Нисбати атрофиён бодиққат бошед, нафаре дар фикри бадии шумо аст. Барои мустаҳкам кардани вазъи молиявиатон заҳмат кашидану манбаи нави даромадро ҷустан лозим меояд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои ҷалб намудани диққати нафарони даркорӣ бояд меҳрубону зирак бошед. Аз илтифоти ҳамин нафарон вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад. Дар ҳаёти шахсиятон тағйироти куллӣ рух медиҳад. Нафарони муҷаррад бахти худро дар ҳамин рӯз пайдо мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои аҷиб рух медиҳанд. Мушкили ягона дар нохуб шудани вазъи саломатиятон аст. Камқувват гаштанатон боиси он мегардад, ки ба бемориҳо гирифтор мегардед. Нисбати дӯстдоштаи худ дағалӣ накунед. Баъди нисфирӯзӣ ба касе қарз надиҳед ва маблағи худро беҳуда сарф накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо сабаби зудбовариву соддагӣ аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрданатон имкон дорад. Хусусан нисбати нафароне, ки ба шумо изҳори муҳаббат мекунанд, бодиққат бошед. Нафароне, ки маъшуқаи пинҳонӣ доранд, сиррашон фош гашта, боиси ҷангу муноқишаи калон ва рашку итоби ҳамсар мегарданд. Асабхаробӣ боиси руҳафтодагӣ ва заифии масунияти баданатон мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи душвор аст, дар ҳаёти шахсӣ ва бо дӯстону наздикон мушкилиҳо сар мезананд. Монеаҳои душманон боиси аз даст додани маблағи пулӣ ва асабхаробии зиёд мегардад. Баъди нисфирӯзӣ аз хеши дур ё дӯсти пулдоратон маблағи хуб мегиред. Ба вазъи саломатиятон бодиққат бошед, вагарна бемориятон тӯл мекашад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи вазнин аст. Эҳтимоли дарди сар, заҳролудшавӣ аз хӯрок ва сар задани сӯхтор имкон дорад. Аз даст додани маблағи калон ва дуздида шудани пулҳоятон аз эҳттимол дур нест. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна кор бо ҷанҷоли калон хотима меёбад. Дар роҳ шиносоии тақдирсоз рух медиҳад ё нафаре изҳори муҳаббат мекунад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Хатари рух додани садамаву ҳодисаҳои хатарнок зиёд аст. Ба нафароне, ки аз шумо вобастагӣ доранд, бовар накунед. Бо атрофиён муноқиша накунед, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар меҳру муҳаббататон тамом шудаву мақсади аз ёри худ ҷудо шуданро дошта бошед, саросема нашавед. Беҳатараш ӯро ҳамчун дӯсти хуб қабул кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ