Толеъномаи 20-уми июли соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани чизеро накунед. Шумо заҳмати зиёд кашидаед, вақти истироҳататон фаро расидааст. Мушкилоти оилавӣ ё ташвиши рӯзгор боиси хароҷоти иловагиятон мегардад. Нафароне, ки фарзанд доранд, бояд дар тарбияи ҷигарбандон каме ҷиддитар шаванд.
Савр (21 апрел-22 май)
Аз субҳи содиқ нофаҳмиву мухолифатро интизор бошед. Дар бораи наздикони худ хабарҳои ногувор шунида, дар соҳаи касбӣ нобарориҳо дида мешавад. Бо вуҷуди сар задани душвориҳо руҳафтода нагардед. Мушкилиҳои сарзада бо мурури замон рафъ мешаванд ва аз нав руҳатон болида мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Агар ба таъхир афтодани корҳоятонро намехоста бошед, дар ин рӯз мустақилона амал кунед. Барои изҳори муҳаббат ва хостгорӣ рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ кори нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар саломатии мардҳо мушкилӣ сар мезанад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз нисбати шахси наздикатон ба дағалӣ роҳ надиҳед. Қабл аз танқид кардан ба камбудиҳои худ назар намоед. Вазъи молиявиатон қариби бегоҳ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, қариби бегоҳ пешниҳоди хуби ҳамкорӣ мегиранд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз нафаре, ки аз шумо маблағи калон қарздор буд, онро бармегардонад. Эҳтимол барои хона хариди калон мекунед. Агар имкон дошта бошед, имрӯзро дар оғӯши табиат гузаронед. Ҳама гуна коре, ки фаъолнокиро металабад, ба шумо вазнинӣ меорад. Хуб мебуд, ки саховатмандиро пеша намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҳаёти шахсӣ ташвишу изтироб ба дилатон роҳ меёбад. Агар маблағи ҷамъкардаатонро сарфа накунед, дигар соҳиби пул намешавед. Мушкили фарзандон ва наздикон аз шумо диққати зиёдро металабад. Бо шиносҳои худ хушгуфтор бошед. Дар ин рӯз яке аз мушкилоти оилавии худро рафъ месозед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз сафари роҳи дур сахт хаста мегардеду натиҷаашро намебинед. Ба ишқбозиҳои бемаънӣ даст назанед, вагарна наздиконатон бохабар мегарданд. Мизонҳои оиладор бояд ақли солимро пеша намоянд. Хастагии зиёд боиси асабхаробӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ хариди калон карданро тавсия намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз барои бо дӯстон ба сафар баромадан хуб аст. Пешниҳоди ҷойи кори навро аз даст надиҳед. Барои он ки аз муноқишаҳои оилавӣ халосӣ ёбед, кунҷи танҳоиро ихтиёр карданатон беҳтар аст. Натиҷаи ҳодисаҳои чанде пеш рухдода боиси хира гаштани табъ ва нохуб гаштани вазъи саломатӣ мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Баъзе лаҳзаҳоеро, ки ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасонанд, таҳлил карданатон лозим меояд. Сафарҳои корӣ ва вохӯриҳои банақшагирифта хуб ҷараён мегиранд. Агар шумо вақту қувваи худро дуруст тақсим карда тавонед, ягон камбудӣ сар намезанад. Дар ҳаёти шахсӣ ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бештар ба амри дили худ гӯш диҳед, на ба маслиҳати дӯстон. Дар байни дӯстонатон нафароне ҳастанд, ки ба шумо ҳасад мебаранд. Ҷаддиҳои муҷаррад ҷуфти худро пайдо мекунанд. Агар шумо ба муҳаббат аз нигоҳи аввал бовар надошта бошед, имрӯз ба маънии ин гуфтаҳо сарфаҳм меравед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз обрӯву нуфузи худро боло бардоштан муяссаратон мегардад. Зимни суҳбатҳои дилгарм ҳатто рақибон ҷонибдори шумо мегарданд. Далви муҷаррад сахт ошиқ мешавад. Далвҳои оиладор бошанд, ошиқ ё маъшуқа пайдо мекунанд. Хариди калонро ба таъхир гузоред.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз сустиродагии атрофиён истифода набаред, вагарна худатон ба дом меафтед. Рафту дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ сар занад, беҳтараш ба ин бо ҳазл назар намоед. Дар замини назди ҳавлӣ меҳнат кардан ба фоидаи саломатиятон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ